
Зимни андешаи хеш дар атрофи масоили умдатарини манотиқи кишварҳои олам, бахусус, яке аз падидаи хатарзои ҷомеаи башарӣ – терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ибрози ақида намуда, қайд менамоем, ки имрӯз мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ дар асри навин ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба миён гузошт. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои гуногуни дунё сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд.
Дар шароити имрӯза тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амният боқӣ монда, аксари кишварҳои мусулмоннишин, хусусан кишварҳои Осиёи Маркази-ро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти ноҳанҷори сиёсиву иҷтимоӣ, таркишҳою кушторҳо дар Афғонистон ба вуқуъ пайвастанд, маҳсуб меёбанд. Вобаста аз вазъи кунуни ҳамсоя кишвар, бахусус ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ё бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ДИИШ солҳои охир шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои худро пайгирӣ намуда, дар қаламрави Афғонистон амалҳои амалҳои террористӣ содир намуданаш ба назар мерасад.Чунончи 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд.
Бе бозгашти сулҳу осоишта дар Афғонистон дар бораи бунёди амнияти комил дар Осиеи Марказӣ ҳарф задан хело мушкил аст. Дар ин раванд, маҳз кишварҳои ин минтақа метавонанд дар таҳкими субот ва рушди устувори Афғонистон нақши муҳим бозанд. Хуллас, имрӯз ҳар гуна созмони ифротгаро метавонад ба рушди равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ гузорад ва боиси боз ҳам таҳвият ёфтани андешаҳои ифротӣ гардад. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза зарур медонем, ки роҳҳои самараноки ҳалли ин мушкилот ва механизмҳои таъмини ҳамоҳангӣ дар муқовимат бо рушди ифротгароӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба Осиёи Марказӣ қайд карданд зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа мавқеи муҳими ҷуғрофиро ишғол намуда, дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, ки аз қаламравӣ Афғонистон бармеояд, нақши муҳимро мебозад. Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дошта, на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа ва қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳуротҳо ҳимоя ва таъмин менамояд. Аз ин ҷост, ки масоили таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Вобаста ба ин, Тоҷикистон ташаббуси таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон барои пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо пешниҳод намудааст. Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд ва дар ин замина, тамоми кушишу талошҳои худро баҳри рушду тараққиёт, таҳкими субот ва тинҷиву оромӣ дар минтақа равона месозад. Кишвари мо, ҷонибдори тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” мебошад. Тоҷикистон, дар доираи ин раванд ва ҳамроҳ бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ саҳми худро мегузорад.Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Хулоса, ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба хотири сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид гашта, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ дар мубориза алайҳи ин падидаи хатарзои ҷомеаи башарӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
М.МАМАДҶ ОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд
