
Мушоҳидаву таҳлилҳои, ки солҳои охир собит менамоянд, ки ҳаракату гурўҳҳое арзи вуҷуд доранд, ки бо ҳар роҳу восита пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳкиру туҳмати роҳбарияти олии кишвар, шахсияти мансабдор, баробари ин дастовардҳои истиқлолият нодида гирифта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иғво меангезанд. Зимни баромаду сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Мисоли равшани ин гуфтаҳо яке Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз думрави фаъоли наҳзат бо ҷалби шогирдону пайравонаш дар канали YouTube Ислоҳ.тv., амиқтараш пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва динӣ номи “Ислоҳ нет.”дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва дигаре ” Беҳрўзи Тағойзода, аъзои фаъоли ҳаракати мамнуъ дар кишвар “Гурўҳи 24” , дар барномаи “Садои мардум”

дар давоми соли 2025 шабакаи иҷтимоиро ба манфиати худ истифода бурда, бо навбат нисбати ҷумҳурии азизамон айбҷўӣ намуда, мурдуми кишварро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват менамоянд. Ин тоифа афрод виҷдони пок надоранду пур аз аз ғаразу кина,намехоҳанд, ки дар кишвари мо оромӣ ва осудагӣ бошад. Ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки М.Садриддин ва Б.Тағоев омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Силсилатаҳлили ноқис, ва бепояи суханрониҳои М.Садриддин ва Б.Тағоев бар зидди сиёсати пешгирифтаи кишварамон аст. Кору амалашон танҳо исён овардану тафриқа андохтан аст,ки ин амал нобахшиданист!
Мо аз баромадҳои иғвогарони фирорӣ хулосабарорӣ намуда, такроран изҳор доштанием, ки М.Садириддин ва Б.Тағоев ва думравони косалесонаш дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Ҳар як фарди солимақл бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст, ки М.Садриддин ва Б.Тағоев тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронду мардумро ба майдонҳо даъват мекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҳар як инсони ватандор, муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин афроди ифротгаро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук, ютюб ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузорад. Ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро фақат ҷиҳатҳои мусбиашро истифода баранд, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, барои истифодаи китобхонаҳои электронӣ, ҳамчун шабакаи иттилоотӣ ва ғайраҳо истифода баранд.
Дар фарҷоми андешаи худ қайд менамоем, ки имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти созмону ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин афроди тангназарони иғвогар – М.Садриддин ва Б.Тағоев муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.
Дар фароварди андешаи навбатиамон, ба ҳар шаҳрванди кишвар ва шаҳрвандони дар хориҷи мамлакат кору зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳаки тангнзари иғвогар, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд.
Р.АНВАРӢ ,
устоди ДИС ДДТТ
