СОЗМОНУ ГУРУҲҲОИ ИФРОТГАРО – ТАҲДИДИ ҶИДДӢ БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМИ САЙЁРА

Мушоҳидаву таҳлилҳои соли охир собит менамоянд, ки созмону гурӯҳҳои ифротгаро аз доира ва нуфузи фаъолияти як давлат ва минтақа берун гардида, дар шаклҳои маъмулии терроризму экстремизм (ифротгароӣ) таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра гардидааст. Дар ин бораи ин масоил мо борҳо андешаҳои хешро иброз намуда будем. Ин навбат оид ба масъалаи ифротгароии муосир, ки ҳамчун терроризм шакли худро тағйир дода, усулҳои худро ошкортар менамоянд, андешаҳоямонро иброз медорем. Ифротгароӣ дар пояи пайравӣ ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба чизеву касе сар зада, ҳолату вазъияти махсуси зоҳиршавиро дорад. Фаъолияти ифротгароӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот (осоишта) ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон,аз ҷумла ба дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад. Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор аст, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амалиёти террористӣ мебошад.
Ифротгароии муосир аз рӯи мазмуни худ гуногун аст ва он аз шаклҳои зиёди зерин иборат аст: сиёсӣ, иқтисодӣ, миллӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра мебошад. Дар як вақт ифротгароӣ метавонад хусусияти омехта дошта бошад. Шаклҳои ифротгароиро дар алоҳидагӣ шарҳ медиҳем.Аз ҷумла:
Ифротгароии сиёсӣ: фаъолияти шахсоне мебошад, ки барои вайрон кардани иқтисодиёт, Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои маориф ва тандурустӣ заминаҳо офарида, воситаҳои ахбори умумро барои ҳаросонидани мардум, вайрон кардани асосҳои ахлоқии ҷомеа, ташвиқи зўроварӣ истифода мебаранд;
Ифротгароии миллӣ: манфиатҳо, ҳуқуқхои дигар миллатҳоро инкор карда, волоияти як миллатро аз болои миллати дигар эълом медорад, ки бо сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) алоқаманд буда, ба барҳам додани давлатҳои сермиллат, барқарор кардани ҳукмронии миллати таҳҷоӣ равона карда шудааст;
Ифротгароии иқтисодӣ: ба барҳам додани бисёрнамудӣ ё барқарор кардани ягон намуди моликият, усулҳои ягонаи хоҷагидорӣ, рад кардани принсипҳои танзими давлатии соҳаҳои иқтисодӣ, ихтисор шудани хароҷотҳои иҷтимоӣ, ҳуҷум ба дастовардҳои иҷтимоии коргарон, барҳам додани рақобат дар фаъолияти соҳибкорӣ равон карда шудааст;
Ифротгароии динӣ: дар нафрат ба намояндагони дини дигар ё мубориза қатъӣ дар дохили як дин зоҳир мешавад.Қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад;
Ифротгароии наврасон ва ҷавонон: назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд;
Ифротгароии экологӣ: назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидатунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд;
Ифротгароии зиддиҷаҳонишавӣ: назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд;
Ифрогароии маънавӣ: ба маҳдудкунӣ равона карда шуда, таҷриба, комёбиҳои маданияти дигарро рад мекунад ва ба сифати идеологияи расмӣ стандартҳои муайяни иҷтимоӣ, динӣ ва этникиро пешниҳод мекунад.
Умуман, ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад. Дар навбати худ ифротгароӣ аз рӯи низоми худ ба гурӯҳҳои дигар тақсим мешавад. Аз ҷумла:
-ифротгароии дохилӣ вобаста ба субъектҳои он ифротгароии давлатӣ, вақте, ки зўроварӣ дар муносибат бо оппозитсия (мухолифин) гурўҳҳо, категорияҳо ё табақаҳои калони аҳолӣ аз тарафи давлат ба воситаи сохторҳои қудратӣ бо баҳонаи ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ё умумимиллӣ амалӣ карда мешавад;
-ифротгароии ғайриҳукуматӣ, ки он аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ ва ҳизбҳо барои ҳимояи манфиатҳои сохторҳои ҳукумат содир карда мешавад;
-ифртгароии оппозитсионӣ (мухолиф ), ки дар он зўроварии зиддиҳуқуқӣ ба муқобили сохторҳои давлатӣ ва намояндагони онҳо равона карда шудааст;
-ифртгароии байниҳизбӣ, ки дар раванди муборизаи сиёсӣ зоҳир мегардад, ҷудо карда мешаванд.
Ҳамчунин чанд намуди дигари экстремизм маълуманд, ки субъектҳои онҳо ҷонибдори ҷараёнҳои гуногуни экстремистӣ аз ыумла миллатчигӣ, фашистӣ ва сепаратистӣ мебошанд. Хуллас, равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлоли миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ доштанамон зарур аст. Дар маҷрои ҷаҳонишавӣ мо бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *