Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир муайян менамояд. Дар Паём навбатӣ масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо таҳлили амиқ ва рақамҳои мушаххас асоснок карда шудаанд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми имсолаи хеш дар атрофии масоили иқтисодӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки тайи даҳ соли охир иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати миёнаи 7,6 фоиз дар як сол рушд намудааст. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра 3,4 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расидааст. ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки 2,7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки сиёсати иқтисодии давлат ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Ҳамзамон, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонӣ (2015) то 165 миллиард сомонӣ (2025) афзоиш ёфт, яъне беш аз 6 баробар зиёд гардид. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки рушди иқтисодӣ хусусияти фарогир дошта, ба беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат расонидааст.
Дар Паёми Пешвои миллат саноатикунонии босуръат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян гардидааст. Танҳо дар ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта шуда, беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди соҳа 22 фоизро ташкил додааст.
Соҳаи маъдан дар ин давра рушди назаррасро нишон додааст, ки ҳаҷми истеҳсолот аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расидааст, яъне 3,4 баробар афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти коркарди ашёи хоми ватанӣ ва рушди саноати коркардро ҳамчун омили ивазкунандаи воридот ва афзоишдиҳандаи содирот тасдиқ менамоянд.
Яке аз самтҳои калидии Паём, рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Ҷорӣ намудани низомҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва молия самаранокии баланди худро нишон дод. Мисол, пас аз ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика, сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ба 100 фоиз расидааст, ки талафоти неруи барқ танҳо дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2025 то 13 фоиз коҳиш додашуда, нисбат ба соли гузашта 7 банди фоизӣ кам гардидааст. Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки рақамикунонӣ воситаи муассири коҳиши омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар соҳаҳои фаъолият мебошад.
Бо вуҷуди таъсири тағйирёбии иқлим, рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли 2025 ба 8,5 фоиз расидааст. Сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60 фоиз дар соли 2015 ба 85 фоиз дар соли 2025 баланд гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз самаранокии сиёсати давлатии дастгирии кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии шаҳодат медиҳанд.
Дар ин баробар тули даҳ соли охир ба соҳаи энергетика зиёда аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,2 миллиард кВт/соат (2015) ба 24,2 миллиард кВт/соат (2025) расонида шудааст, яъне 40 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки идома додани сохтмони НБО «Роғун» ва рушди энергетикаи офтобӣ заминаи истиқлоли энергетикӣ ва рушди минбаъдаи саноатро фароҳам меорад. Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки бо марҳила ба марҳила ба кор даровардани агрегатҳои НБО «Роғун», Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилии худро бо неруи барқ пурра таъмин мекунад, балки имконияти содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя низ фароҳам меояд. Ин раванд барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодии давлат ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар минтақа аҳамияти калон дорад. Хулоса, татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда имкон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди сифатӣ гузашта, ба иқтисоди рақобатпазир ва содиротгаро табдил ёбад.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи мукаммали таҳлилӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоиди таҳқиқотӣ фароҳам меоварад. Умуман, Паёмҳои Президенти Тоҷикистон мазмунан моҳияти илмӣ дошта, маҳз барои муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки дар самтҳои муайян корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, сарчашмаҳои боэътимод маҳсуб меёбанд. Бардошти мо аз ин Паём чунин аст, ки танҳо бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёна метавон дар таҳкими иқтисодиёти кишвар, тинҷиву оромии ҷомеа, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ аҳамияти муҳим дошта, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ саҳми арзишманд гузошт.
АЛИЕВ А.Р., мудири кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил
ва аудити ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд
