
Мусаллам аст, ки дар давоми солҳои спиригардида бархе гуруҳу созмонҳои иғвогар, аз қабили наҳзатиҳо ва думравонаш, ки ин тӯдаи афроди ифротиро навнаҳзат ном гузоштаанд, то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, аз оғози соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд намуда, ба оламиёни бехабар нисбати соҳибихтиёру соҳибистиқлолии кишвари азизамон эродҳои беасосу бардурӯғро паҳн намуда, бо ин васила кӯшиш доранд, ки дар ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии ҷавонон дигаргунӣ ворид намуда, шаҳрвандони кишвар ва муҳоҷиронро бар зидди сиёсати давлатдории навин барангезанд.
Имрўз Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш, амиқтараш навнаҳзатиҳо бо пуштибонии хоҷагонаш ва тарафдоронаш дар хориҷи кишвар паноҳ ёфтанд ва номи ҳизбашро бо “Паймони миллӣ…“номгузорӣ карда, бо ҳар роҳу восита мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд. Мо исми давлати тоҷикон-ро ҳамроҳ накарданро зарур мешуморем. Тоҷикистон барои мо муқаддасу азиз аст, набояд наҳзату навнаҳсатиҳои иғвогар онро истифода кунанд ва ҳақ надоранд, ки аз номи кишвари соҳибистиқлоламон баромад намоянд. Умуман, оид ба ин масоил ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест!
Агар нисбат ба паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони милли,”дар асл ҳамон ТЭТ ҲНИ мебошад,ки аз оғози фаъолияташ гуфтанӣ шавем, бешубҳа ин гуруҳаки роҳгумзада ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд ва имрӯз низ пеш аз ҳама барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Имрӯз бехиради гумроҳшудагон аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, зимни бегонапарастӣ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Дар иртиобат ба ин, мо яке аз думрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – иғвогари ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддинро мисол меорем, ки мунтазам дар канали You Tube – ”Ислоҳ.тv”(Ислоҳ.нет.) дар барномаи “Минбари муҳоҷир”бо ҷалби шогирдону пайравонаш, амиқтараш навнаҳзатиҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунанд. Чунончи, 4 январи соли 2026 М.Садриддин тавассути барномаи зикршуда бо ҷалби думравони фаъолаш, аз ҷумла Абдулло, Муҳаммад Тағоев, Абдураҳмон ва як қатор номҳои сохта, аз қабили “Домоди чоплус”, “Ватан 665” ва ”7+70”зимни баромад суханро чун обу ҳаво тағйир дода, оид ба масоили ҳамсоядорӣ,

қазияи Президенти Внесуела Николас Мадуро, ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва нисбат кишварҳои Куба, Амрико бо шакли таҳқиру беэҳтиромӣ андешаронӣ намуданд. Илова бар ин, инчунин М.Кабирӣ дар давоми моҳи январи соли равон оид ба қазияи зикршуда

низ баромад намуда, андешаи носолимашро баён сохт. Ба андешаи мо нисбати ҳар давлату миллат, ҳар як шахс бояд дар қолаби инсофу мантиқ ва риояи шариату қонунгузории ҷорӣ сурат бигиранд, на дар доираи танги манфиатҳои шахсӣ ва гуруҳӣ.
Хуллас, воқеаву руйдоди нав дар хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки наҳзату навнаҳзатиҳо ба таври комил дастпарвару дастнишондодаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми кишвар аст. Баромадҳои иғвогаронаи ин тоифа афрод дар шабакаҳои иљтимоӣ ва аз боздошти собиқ аъзоёни наҳзат нишон медиҳад, ки ин тоифа афроди гумроҳшуда дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низомӣ, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориљӣ корҳоро амалӣ менамоянд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслакону пайравонашон ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехиради гумроҳ шудаанд. Таъкидан ба Кабирию Муҳаммадиқбол ва шогирдону думравонаш, умуман ба гуруҳаки гумроҳшудагон гуфтанием, ки шумо барои пешравии давлат ба мисли мӯрчае хизмат накардаед ва ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоред.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки бояд имрўз ҳар фарди мардумони кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баромадҳои М.Кабирӣ, М.Садриддин ва думравони иғвогарро маҳкум намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем.
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз
