Мулоқот бо ҳамкорони фаъоли Донишкада дар соҳаи маорифи вилояти Суғд таҳти унвони “СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ – ПОЯИ АСОСИИ РУШД ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА”

Дар ДИС ДДТТ мулоқоти судманд бо ҳамкорони фаъоли Донишкада дар соҳаи маорифи вилояти Суғд таҳти унвони “Соҳаи илму маориф – пояи асосии рушд ва пешрафти ҷомеа” баргузор гардид.


Ҳадафи асосии баргузории мулоқот шинос намудани маорифчиёни вилоят ба дастоварду комёбиҳои донишкада ва қадрдонии беҳтарин муассисаҳо ва шуъбаҳои маориф мебошад, ки теъдоди зиёди довталабонашон маҳз ДИС ДДТТ-ро интихоб намуда, имрӯз дар ин боргоҳи илму маърифат таҳсил намуда истодаанд. Мулоқотро директори ТВ “Азия” Аъзамхон Акбаров ифтитоҳ намуда, меҳмонони чорабинӣ ва намояндагони корхонаву ташкилотҳои ҳамкори Донишкадаро муаррифӣ намуд.

Дар мулоқот намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои ҳамкори Донишкада иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳи директори Донишкада, н.и.и., дотсент Ҷалилзода А. А. баромад намуда, меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки сарчашмаи боэътимод ва яке аз меъёрҳои густариши худшиносии миллӣ рушду такомули соҳаи илму маориф аст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат соҳаи илму маориф дар ҳолати рушди рўзафзун қарор дорад.
Пешвои миллат соҳаи маорифро чун омили такондиҳандаи пешрафти иҷтимоӣ тавсиф намуда, иброз доштаанд: «фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Сарвари давлат дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои мактабу маориф сухан ронда, таъкид мекунанд, ки «таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсўзу ғамхори Ватан, халқу ҷамъият, насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дўш гирифта тавонад, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси сохтори маорифи мост».

Баъдан директори донишкада ба таври фишурда оид ба дастоварду комёбиҳои Донишкада тариқи слайд маълумот пешниҳод намуд. Мавриди изкр аст, ки муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар буда, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад. Донишкада фаъолияти худро дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд ба роҳ монда, бо такя ба таҷрибаи бойи ҳайати омӯзгорони варзида, аллакай ба қатори даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Донишкада аз рӯи 28 ихтисос мутахассисонро дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, барномасозӣ, молияву бонк, муҳосиботу аудит, ҳуқуқу гумрук, менеҷменту идораи давлатӣ, тарҷумониву омӯзгорӣ (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хитоӣ) дар сатҳи баланд омода менамояд. Ҳамчунин, дар зинаи магистратура аз рӯи 9 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона мутахассисони варзидаро тайёр менамояд.

Дар Донишкада сифати баланди таҳсил ба шарофати омӯзгорони баландихтисоси ватаниву хориҷӣ, малакаҳои амалӣ ва имкониятҳои байналмилалӣ кафолат дода мешавад. Ҳамасола омӯзгорон ва донишҷӯён барои такмили ихтисос ва табодули академӣ ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар карда мешаванд, ки дар ин самт Донишкада дар миқиёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи беҳтарин шомил шудааст.

Донишкада барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо ташкилоту идораҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар беш аз 300 шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки имкониятҳои беназир барои омӯзиши касбӣ, таҷрибаи амалӣ ва дарёфти ҷойҳои кории доимӣ мусоидат мекунад.

Дар раванди таҳсил донишҷӯёни имконияти васеи дастрасӣ ба барномаҳои байналмилалии мубодилавии зиёда аз 90 донишгоҳҳои номдори Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Малайзия, Индонезия, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро доранд.

Донишкада аъзои Алянси Донишгоҳҳои Роҳи Абрешим мебошад, ки зиёда аз 120 Донишгоҳҳо аз 30 давлатҳои ҷаҳонро дар бар мегирад. Аъзогӣ ба Алянс ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мубодилаи академии донишҷӯён, ба даст овардани стипендияҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда, ба рушди иқтисодии кишварҳои шомили камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим мусоидат мекунад.

Ҳамасола унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкада ба гирифтани идрорпулии Раиси вилояти Суғд, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Раисони шаҳру ноҳияҳо ва директори Донишкада сазовор мегарданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷўёни ДИС ДДТТ – Азизахон Расулова ва Фотимахон Сайфиева дар озмуни “Донишҷўи сол-2025” аз рўи фанҳои дақиқ пирўз гардида, дар номинатсияи “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” магистранти Донишкада Фахриддин Бердиев сазовори дипломи дараҷаи сеюм гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» омӯзгори кафедраи математика ва технологияи инноватсионии Донишкада Юсуфҷон Домуллоҷонов ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гардид.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» асистенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Файзиев Муродҷон дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” сазовори мақоми II ва дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур донишҷӯи соли аввали ихтисоси “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (иқтисоди берунӣ)” Каримов Абубакр дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навъоварӣ” ҷойи III – ро сазовор гардида, бо маблағҳои пули қадрдонӣ карда шуд.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки аз байни 100 ҳазор нафар довталаби дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2025 ширкаткарда, Дилшодҷон Раҳимов – донишҷўйи курси 1, ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии донишкада дар бахши даҳгонаи беҳтарин довталабон ғолиб омада, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пурзур намудани алоқамандии илм бо истеҳсолот ва ташкили таҳсилоти дуалӣ Донишкада дар як қатор корхонаҳо ва идораҳои бонуфузи ҷумҳурӣ филилаи худро таъсис додааст, ки инҳо Филиали кафедраҳои Донишкада дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҶСК “Тавҳидбонк” ҶДММ “Чўҷаи Байзо” “Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон”, ҶДММ “Фаровон- 1”, ҶДММ “Хубҷам инвест”, ҶДММ “Амид” мебошанд.


Баъдан дар ҳузури иштирокчиён намояндаи Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов, намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ромиш Неъматзода, директори Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов Иброҳим Сангинович суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти назарраси донишкада ва ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ибрози андеша намуданд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ сипосномҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҳисоби шарикони рушди Донишкада: ҶСК “Тавҳидбонк”, ҶСП “Ҳумобонк”, ҶДММ “Чўҷаи Байзо”, ҶДММ “Моҳии Суғд” ҶДММ “Осиё Инвест”, , ҶДММ “Амид” ва ғайраҳо ба мудирони шуъбаҳои мориф ва беҳтарин муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти Суғд тақдим гардид.
Барномаи рангини адабию фарҳангӣ хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *