
Имрӯзҳо дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзуи асосӣ бештар аз воқеияту рӯйдодҳои кишвари ҳамсоя- Афғонистон сухан меравад. Дар атрофи ин масоил андешаронӣ намуда, бояд қайд кард, ки ин ҳолати кишвари зикршуда ҳақиқатеро нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ сохтааст. Вобаста аз вазъи кунуни ҳамсоя кишвар,бахусус ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ё бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва ДИИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. То ҳол дар қаламрави Афғонистон амалҳои тахрибкориашон ба назар мерасад.Масалан 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти террористӣ солҳои охир шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои хешро пайгирӣ намуда истодаанд. Дар робита ба ин, имруз дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дурнамои вазъи Афғонистон, коршиносони соҳаҳои гуногун пажуҳишҳои зиёде, анҷом додаанд.Бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) алҳол 12 миллион нафар дар Афғонистон, аз ҷумла 6,5 миллион кӯдак, барои қонеъ кардани ниёзҳои асосӣ ва башардӯстона ба таври фаврӣ ба 950 миллион доллари ИМА ниёз доранд. Мувофиқи ҳисобҳо, то соли равон тақрибан 22 миллион нафар дар Афғонистон, аз ҷумла 11,6 миллион кӯдак, ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд. Зимни таъкиди ниҳоди СММ дар натиҷаи зулми мунтазами занон ва духтарон дар Афғонистон маҳрумият аз дастрасӣ ба таҳсил, манъи кор ва маҳдудиятҳои ҳаррӯза қобилияти онҳоро барои дифоъ аз худ заиф кардааст ва оқибатҳои он ба наслҳои оянда таъсир хоҳанд гузошт. Равандҳои шаклгирифтаи вақтҳои охир дар Афғонистон, умуман минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хоси қудратҳои фароминтақавӣ қарор гирифтааст. Ҷангҷӯёни ДИИШ талош дорад, то ҳузури худро дар минтақаи Афғонистон ва Покистон тақвият кунад ва ҳадафаш ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Хулоса, имруз чунин ба назар мерасад, ки дар самти мубориза бо терроризм меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ қабулгардида, барои бархе давлатҳо нокифоя мебошад. Мисоли равшан ин, ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон мебошад, ки то имруз самаранок ба роҳ мондани фаъолияти зиддитеррористӣ таъмин карда натавонистанаш ба назар мерасад. Ин гуна кишварҳо маҷбур мегарданд, ки барои таъмини суботи сиёсии кишварҳои худ боз чораҳои иловагӣ андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин давлатҳо шомил мешавад. Зеро, Тоҷикистон аз лиҳози таъсири терроризм дар минтақаи осебпазири олам ҷойгир мебошад. Аммо рафтори давлатҳо баъзан вақт аз ҷониби кишварҳои Ғарбӣ маззамат ва танқид мешавад. Дар ин маврид воқеият ин аст, ки таъсири терроризм дар кишварҳои олам гуногунсатҳ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар давлатҳои алоҳида низ чораҳои пешгирикунанда ва фаъолияти зиддитеррористӣ бояд аз ҳамдигар тафовут дошта бошад. Бо назардошти чунин ҳолат масъалаи меъёрҳои пешбурди фаъолияти зиддитеррористӣ то ҳанӯз масъалаи баҳснок боқӣ мондааст. Умуман, таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирӣ намудани оқибатҳои он нишон медиҳад, ки аслан ин гуна фаъолият дар ду сатҳ: миллӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Масъалаи таъмини суботи сиёсӣ яке аз ҳолати сиёсии кишвар ба шумор меравад, ки дар он низоми сиёсии идоракунӣ босамар фаъолият мекунад. Терроризм ва амалҳои террористӣ яке аз воситаҳои таъсиррасонӣ ба номуътадилгардии суботи сиёсӣ мебошанд. Суботи сиёсӣ ҳамчун ҳолати сифатии рушди ҷомеа, ҳамчун як низоми муайяни иҷтимоӣ, ки дар он системаи робитаҳо ва муносибатҳо ҳукмфармост, умумият ва муттасилии ҳадафҳо, арзишҳо ва воситаҳои татбиқи онҳоро инъикос мекунад, муаррифӣ карда мешавад. Дар баробари ин, субот қобилияти субъектҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ барои муқовимат ба амалҳои дохилӣ ва беруние, ки системаро вайрон мекунанд, фаҳмида мешавад. Дар ин фаҳмиш, устуворӣ ҳамчун муҳимтарин механизми таъмини ҳаёт барои рушди системаи иҷтимоӣ қабул карда мешавад.
Дар интиҳои андешаи хеш, бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида бояд қайд кард, ки оид ба қазияи Афғонистон кишвари мо наметавонад бетараф бошад, зеро, мо ҳамсояву ҳамзабонем. Бояд манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвари ҳамсоя, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, умуман тамоми паҳлуҳои зиндагии мардуми Афғонистон фароҳам оварда шавад. Қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуби ҷомеа, алалхусус ҳама гуна амалҳои террористию экстремистӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Ф.МАМАДҶОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ
