
Таърих гувоҳ аст,ки дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI ҷомеаи ҷаҳони ба хатари ҷиддӣ, мисли терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Солҳои охир дар баробари зиёд шудани омилҳои тероризм ва ифротгароӣ вокунишиҳо низ рӯз то рӯз зиёд шудаанд, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши ифротгароӣ, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Терроризм ва ифротгароӣ аз мафҳумҳое ҳастанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.
Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба мафҳуми киберҷиноят ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Дар тамоми саросари ҷаҳон амали киберҷиноятро ҳамчун амали ғайриқонунӣ ё ҷиноятеро мешуморанд, ки дар асоси технологияи рақамӣ ҳамчун таҷҳизот ва ё ҳадаф истифода мешавад. Ба тарви муфассал метавонем мафҳуми киберҷиноятро ҳамчун дарстрасии беиҷозат ба компютери фардӣ, дастгоҳои мобилӣ, ҳисоботҳои шахсӣ, дигаргунсозии маълумотҳои шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба суратҳисобҳои бонкӣ ва ё, ин ки фазои абрии фардӣ маънидод кунем. Илова бар ин, дар аксари маъхазҳо тафсир дода шудааст, ки ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳо ё ҳамлаҳо ва ё амалҳои ҷиноие мебошанд, ки қаллобӣ, дастрасии бидуни иҷозат ба маълумоти хусусӣ ё фаъолияти ба ин монандро дар бар мегиранд. Ва имрӯз кибер бо ҳама чизҳо алоқаманданд, хусусан, ба технологияҳои компютерӣ, алалхусус, Интернет вобастаанд ва ё марбутанд. Дар алоқа ба истифодаи афзояндаи ин технологияҳо ҳамкории одамон ба ҷодаи киберӣ ба таври доимӣ бипайваст, ки ҷиноят, ҳамла, таҳқир ва ҳатто, муносибатҳоро ташкил дод ва ба вуҷуд меоварад.Ҷиноятҳои киберӣ яке аз зуҳурот ё ин ки падидаҳои нави замони кунунӣ ё муосир маҳсуб ёфта, таҳдиди он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама, ба амнияти миллии ҳар як давлат хоҳу нахоҳ мерасад. Бояд зикр кард, ки гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ аз Интернет, алалхусус шабакаҳои иҷтимоиро ба таври васеъ истифода карда, садҳо сомонаҳои расмиро таъсис додаанд, ки бо ҳазорон маводу маълумоти хусусияти ифротию террористӣ дошта, дар пайи гумроҳ сохтани афроди аз асли воқеъият ноогоҳ ва ҷалби аъзои нав фаъолият менамоянд. Онҳо ақидаҳои ифротию низоъангезӣ ва душманонаю зиддиинсонии худро бо мақсади барангехтани даҳшату тарсу ваҳм миёни мардум паҳн мекунанд. Ба намоиш гузоштани аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ки дар он куштори ваҳшиёнаи одамон, зинда ба зинда сӯзогдани одамон дида мешавад, мисоли рӯшанест, ки таъсири ниҳоят манфии рӯҳию равонӣ ба мардуми осоишта мерасонад. Инчунин, тавассути Интернет барангехтани бадбинии динӣ, миллӣ ва нажодӣ дар миёни аҳолии ин ё он кишвар ҳадафи асосии кибертеррористон ба шумор меравад. Маҳз тарғибу ташвиқот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки аъзоёни навро аз ҳисоби тоифае аз ҷавонони гумроҳу ҷоҳилу нодон ва аз хавфи ин ҷиноятҳо иттилоъ надошта, ба гурӯҳҳои террористии худ ҷалб намоянд. Коршиносон зимни таҳлилҳои дақиқи худ иброз медоранд, ки тоифае ва ё гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвари мо низ, ба ҳаргуна ҳаракату гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ пайвастанд.Тибқи таҳлилу тадқиқоти ҷиддӣ аксари беши онҳо маҳз тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми найрангу фиреби ин гурӯҳҳои ифротӣ афтодаанд. Умуман, амали киберҷиноят на танҳо барои халалдор намудани амнияти миллат, балки ба буҳрони молиявӣ овардани иқтисодиёти миллатро аз қабили дастраси ба маълумотҳои тиҷоратӣ, фаъолияти мағозаҳои электронӣ, Web-сомонаҳои вазорату корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ва интендификаторҳои почтаҳои электронӣ оварда мерасонад. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд.
Кишвари соҳибистиқлоламон, бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори хеш дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Инчунин ба маврид ва саривақтӣ буд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11. 2003сол “Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”қабул гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2004сол “Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шуд ва тибқи он амнияти иттилоотии мо ба таври ҳамешагӣ ҳифзу назорат карда мешавад. Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.
Дар фароварди андешаи хеш, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ бар зидди терроризм ва ифротгароӣ мубориза хоҳанд бурд. Ба маврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш менамоянд. Воқеан, ҷавонони тоҷик, ки қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат мебошанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.Хулоса, мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва дар оянда низ ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем.
Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизамон зиндагӣ дорем. Мо ҷавонони кишвар, насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеаро зарур аст сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳо эҳтиёт намоем.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд
