
Мо, ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, қаблан зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба пайрави фаъоли наҳзат — Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар яке аз кишварҳои Аврупо пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва диниро бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон” (“Ислоҳ.нет”) ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” таъсис дода, тавассути канали YouTube — “Ислоҳ TV” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротӣ менамояд, андешаҳои хешро иброз дошта будем.
Вобаста ба баромади навбатии ин гумроҳшудаи ифротӣ, ки 26 апрели соли равон дар барномаи зикршуда таҳти унвони “Фирори миллат: чаро тоҷикон Ватанро тарк мекунанд” боз бо ҷалби думраваш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев ва як қатор афрод, аз ҷумла шахсе бо номи Фирдавс, ки гӯё алҳол дар Исроил иқомат дорад, инчунин бо истифода аз лақабҳои сохта, аз қабили “7+70” ва “Ватан 665”, бо чашми ғараз баромад намуда, аз рушду пешрафти Тоҷикистон назди аҳли башар шикоят карданд.
Илова бар ин, вобаста ба масоили сиёсати муҳоҷират ва фаъолияти роҳбарияти олии кишвар андешаҳои носолими худро баён намуда, мисли баромадҳои қаблиашон боз ғайбату тӯҳматро пеша карданд.
Зимни баромадаш М. Садриддин қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва бахусус одоби мунозираро риоя накарда, худро дар баҳс ғолиб нишон дод, ки ин гуна усулҳо имрӯз куҳна шудаанд. Иловатан, дар ҷараёни баромадаш барои пардохти музди меҳнати кормандони “Ислоҳ.нет” талбандагӣ карда, изҳор намуд, ки гӯё музди меҳнати моҳи апрели думравонаш пардохт нашудааст.
Ҳар фарди солимақл бе мушкилӣ дарк мекунад, ки бадхоҳони ифротӣ бе ягон асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳоро бофта, худро “мусичаи бегуноҳ” нишон дода, мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд.
Бинобар ин, ҷавонони боору номуси кишвар, биёед яктану якҷон бошем ва давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ муборизаи беамон барем.
Таърих гувоҳ аст, ки имрӯз дар Ватани азизамон — Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамоянд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст медоранд ва ҳифз мекунанд, ки бо меҳнати ҳалол луқмае пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.
