Мо, ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар давоми солҳои сипаригардида то имрӯз тавассути канали YouTube -”Ислоҳ.тv”, дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ровигиро ба уҳда дошта, бо лофзаниҳои худ баромади ифротӣ менамояд, шадидан маҳкум намуда, андешаҳои хешро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба лофзании ифротии фитнаҷӯии афроди зикршудаи бегонапараст, ки 25 январи соли равон дар барномаи ифроти “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуд, андешаҳоямонро баён месозем. Зимни баромадаш М.Садриддин боз худро ”уламои дин”шуморида, бо ҷалби думрави фаъолаш Абдулло ва як қатор пайравонаш бо номҳои сохта, ки андешаи нуфузи миллатро намекунанд, дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, боз ғояҳои ифротӣ паҳн намуданд. Дар ҷараёни баромад М. Садриддин ва пайраваш Абдулло, асосан дар атрофи масоили мусалмону

ғайримусулмонӣ, зулму шиканҷа, зиндониёни сиёсӣ, гуё гуноҳ надоранд, бо андешаи носолими худ онро маънидод намуданд. Агар ин бадхоҳони ифротӣ, аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Аз ақидаи дини мубини Исломӣ ёдовар шуда, таъкидан бадхоҳони ифротии бегонапарастро хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор хоинони бегонапараст хеле дур ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд! Агар огаҳӣ медоштанд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷӯӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекарданд. Тааҷҷубовар ин аст, ки М.Садридди зиштии ғайбатро шояд медонад, вале боз ҳам ё касеро ғайбат мекунад ё ба ғайбати дигарон гӯш медиҳад. Ин ба хотири он аст, ки онҳо ба зиштӣ ва нопокии ин кор аз самими дил бовар надоранд.
Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар дар фароварди изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки баромадҳои М.Садриддин ва думравонаш, умуман баромадҳои бадахлоқонаи бадхоҳони ифротии бегонапараст, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш менамоянд, аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитратӣ ва хиёнатомезии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳама вақт баромадҳои бадхоҳони бегонапарасти ифротиро маҳкум намуда, нагузорем, ки ин тӯдаи роҳгумзадаи беимон, бо лофзаниҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!
