
Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол зимни изҳороту мақолаҳои хеш борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки алҳол дар яке аз кишварҳои Аврупо бо дастгирии раҳбарияти наҳзату хоҷагони хориҷиаш дар барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла муҷрии барномаи “Минбари муҳоҷир”-ро ба ӯҳда дошта, барои баррасии мактубҳо барномаеро бо номи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ”-ро таъсис дода, бо ҷалби шогирдону думравонаш зимни баромадҳои ифротӣ беасосу бедалел бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон, ба миллати куҳанбунёду тозаҷавонамон санги маломат мезанад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки солҳои сипаригардида ва аз оғози соли 2026, аз ҷумла 11 январи соли ҷорӣ тавассути канали YouTube – “Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет) дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”боз бо ҷалби пайравони фаъоли ифротӣ : Муҳаммад Тағоев, Абдулло, Муслим ва як қатор афрод бо номҳои сохтаю бофта, аз қабили “7+70”, “Як Кулобӣ”, “Регарӣ”, “Бачаи Куйбишӣ”

ва “Ватсап” бо фитнаангезиву дасисабозии навбатиашон айнан чун баромадҳои қаблиаш худро “уламои дину сиёстшинос” шуморида, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуданд. Зимни баромад, аз ҷумла оид ба тағийроти кадрии кишвар, қазияи Греландия, рейтинги имрузаи Президенти ИМА Доналд Трамп ва вазъияти минтақҳои ҷаҳонро бо таври худ маънидод намуданд, ки он ба ягон қолаб рост намеояд. Зимни баромадашон ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, «аз пашша фил месозанд»-у бе асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳо бофта мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд. Аз баромадҳои ифротии бадҳохони ифротӣ ба хулосае омада, бояд қайд ки пушти ин ҳама амалҳо ки меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткори иғвогар чи ҳадаферо дунболагирӣ менамоянд. Бинобар ин, ҷавонони боору номуси кишвар биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем ва барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати хеш ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи кишвари ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.
Дар фароварди изҳороти хеш мо – ҷавонони даврони соҳибистиқлол суханҳои иғвоангезони М.Садриддин ва пайравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем. Вақт довар аст, ки ҷомеаи имруза кайҳо руи ҳақиқии ин қабил афродро шинохтааст ва ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест! Боварӣ дорем, ки ҳар як фарди худогоҳи тоҷику тоҷикистонӣ сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек, дӯстиро аз душманӣ фарқ мекунад. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.
