ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади иғвоангезонаи М.Садриддин дар канали YouTube –“Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.), аз 14 январи соли 2026

Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони миллӣ..” мебошад, изҳори андеша намуда, онро шадидан маҳкум намуда будем. Ин навбат низ оид ба фаъолияти иғвоангезонаи М.Садриддин ва шогирдону думравонаш, ки 14 январи соли равон тавассути канали YouTube – “Ислоҳ.тv”, дар барномаи «Минбари муҳоҷир» баромади ифротӣ намуд ибрози андеша менамоем. М.Садриддин зимни баромади навбатӣ бо ҷалби думравони фаъолаш,

аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Абдулло ва як қатор афрод бо номҳои сохта, аз қабили «Ёвонибача», «7+70» боз дастоварди кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, оид ба фаъолияти роҳбарияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияҳои Нурободу Тоҷикобод, Файзобод ва Ваҳдат бо таври худ ғайривоқеъӣ маънидод намуда, тухми ноиттифоқӣ коштанд. Дар ҷараёни баромадаш М.Садриддин ҷиҳати мунтазам ташкил намудани баромади ифротӣ дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, аз шаҳрвандони кишвар, муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла дар Аврупо ва ИМА қарор доранд, даъват ба амал овард, ки ба суратҳисоби сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” маблағ ирсол намоянд. Бо ибораи дигар М.Садриддин боз талбандагиро пеша намуд. Баробари ин, тудаи бадхоҳи дар боло зикршуда ба оилаи бархе кормандони воломақоми кишвар суханҳои қабеҳ гуфтанд. Хуллас, бо ин васила пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Умуман, ин қабил гуруҳаки ифротӣ, ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташ намеояд!
Дар фароварди изҳороти хеш бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпараст, худогоҳиву худшиносӣ дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем. Бо ҳисси баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ намуда, баромади навбатии М.Садриддин ва пайравонашро бори дигар шадидан маҳкум намуда, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат минбаъд низ муборизаи беамон хоҳем бурд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *