ВАТАНГАДОИ ҲИЛЛАГАРИ ИФРОТӢ

Мо борҳо зимни андешаи хеш нисбати баромадҳои ифротии яке аз роҳгумзадаи иғвогари ватангадо Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш андешаҳои хешро иброз дошта, онро шадидан маҳкум намуда будем. Ин навбат низ сараввал баромади навбатии ватангадои ҳиллагари ифротии иғвогарро маҳкум менамоем.
Бояд қайд кард, ки то ҳол М.Садриддин ва шогирдону думраваш ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, аз оғози соли ҷорӣ, аз ҷумла дар давоми моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли равон, тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”(Ислоҳ.ТV), дар барномаҳои “Номаҳо аз ноҳияхо ба Ислоҳ.нет”, “Зери заррабин” , бахусус дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир“ бо ҷалби думравонаш Муҳаммад Тағоев, Абдулло

                                                              

ва як қатор афрод бо номҳои сохта,аз қабили “Ватан 665”, “7+70” ,”Муҳоҷир” ”Ватсабт баромади ифротӣ менамоянд.
Зимни ҳар баромадаш М.Садриддин гоҳе худро “уламои дин” ва гоҳе “сиёсатмадору сиёсатшинос”, “ҳақиқатҷуву адолатпарвар” шуморида, камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, мардуми кишварро ба қиём даъват менамояд. Тудаи ватангадои ҳиллагари ифротии иғвогар бо нафрати беасос ва ғаразпешаашон ба ҷомеа ва мамлакати мо дар бораи масъалаҳои давлатдорӣ, нисбати фаъолияти роҳбарияти олии кишвар сухан ронда, тухми кинаву адоват мекоранд.
Ҳар фарди солимақл аз баромадҳои М.Садриддин ва думравонаш бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин ватандадоёни ҳиллагари ифротӣ ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур аз кина дораду тафаккураш олуда ва бар хилофи адолат гап мезанад. Ягона роҳ барои фаъолияти ин тудаи иғвогар дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фақат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Андешаҳои носолими М.Садриддин ва думравонаш аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин тоифа наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд ва ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф занад.
Хулоса, мақсади ватангадои ҳиллагари фирорӣ, ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ё ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад.
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем! Ба наврасону ҷавонони даврони соҳибистиқлол фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои ватангадои ҳиллагари ифротӣ дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад. Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия
ва қарзи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *