
Имрӯз ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ ва гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро дар ҷомеи ҷаҳонӣ боиси мушкилоти зиёд гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро қаблан мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имруз бошад фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, бахусус «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, дар расонаҳои хабарӣ бештар шакли ДОИШ ва ДИИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, ки дар қаламрави Афғонистон ошкору пинҳонӣ фаъолят дорад ва вазъи минтақаро мураккаб месозад. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои охир ҷангҷӯёни ДИИШ шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо ҷаҳлу хурофот ва роҳу усулҳои нав мақсадҳои муғризонашонро дар қаламрави Афғонистон амалӣ менамоянд. Масалан 19 январи соли ҷорӣ дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази шаҳри Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар шаҳри Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд.
Хулоса, бо дарназардошти авзои кунунии Афғонистон ва умуман шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо ҳифзи суботу амнияти давлатро набояд фақат ба дӯши мақомоти қудратию бехатарӣ ва воситаҳои ахбори омма вогузор намоем, балки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири давлати ягона, хурду бузург мувофиқи қудрату тавоноӣ бо забон, бо даст бо андеша, бо фарҳангу ҳунар ва фарҳанги баланд бояд пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирем.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд
