meta- 1
>
Технопарк

МАЪЛУМОТ

оид ба вазъи Парки технологӣ  ва марказҳои инноватсионӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010 №629 «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2012 №822 «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 №227 «Дар бораи барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1. Дар ДИС ДДТТ пас аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (аз 21июли с. 2010, №629) ва фаъолияти инноватсионӣ, инчунин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси Парки технологӣ чорабиниҳои зиёд андешида шудаанд.
2. Ин масъала дар ҷаласаҳои раёсати донишкада ва Шўрои олимон (суратҷаласаҳои №4, №6 соли 2011; суратҷаласаҳои №№5, 7, 9 соли 2012; суратҷаласаи №8 соли 2013) якчанд маротиба мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар Донишкада аксари талаботи бандҳои мутааллиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010 №629 «Дар бораи Парки технологӣ» амалан иҷро карда шудааст.
3. Тибқи дастуру супориш ва фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси паркҳои технологӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, ба факултаҳо дастрас карда шудааст.
4. Аз тарафи роҳбарияти донишкада масъалаи мазкур мунтазам баррасӣ карда, вобаста ба самти фаъолияти факултаҳо чунин вазифагузориҳо карда шудаанд:
а) ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои машваратӣ дар кафедраҳои донишкада (маркази машваратии «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ» маркази машваратӣ оид ба масъалаҳои андоз, гумрук ва бизнеси байналхалқӣ);
б) ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти кўтоҳмуддати омўзишӣ (ташкили омўзиши курсҳои 1С бухгалтерия барои шахсони ғайриихтисосӣ, курсҳои кўтоҳмуддат дар байни устодону донишҷўён доир ба омўзиши забони давлатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ташкили курсҳои махсус оиди тартиб додани бизнес-нақша ва дар амал ҷорӣ намудани он бо назардошти талаботҳои байналхалқӣ ва ғайра);
в) ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ (ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ оид ба тарҷума аз забонҳои русӣ ва англисӣ, хизматрасонии ГИД ЭКСКУРСОВОД; кор бо грантҳо ва барномаҳои хориҷӣ оид ба гузаронидани санҷиши аудит ва ғайра);
г) ташкил намудани нуқтаҳои савдо оиди хариду фурўши адабиётҳои таълимӣ, маҳсулоти зеҳнӣ ва ғайра.
5. Дар донишкада заминаи моддию техникӣ ва технологияи фаъолияти инноватсионӣ таъсис дода шудааст. Аз он ҷумла Фонди инноватсионии ДИС ДДТТ ташкил карда шудааст (замима гардидааст). Парки технологии «Иқтисод ва савдо» таъсис дода шудааст, ки аз шўъбаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои таълимӣ иборат мебошад:

Оинномаи Парки технологии «Иқтисод ва савдо»-и Донишкада қабул карда, аз тарафи директори Донишкада д.и.и. Аминов И. А. соли 2012 тасдиқ карда шудааст.
Фаъолияти Парки технологиро аз рўи сохтори дар боло нишондодашуда чунин шарҳ додан мумкин аст:
а) Маркази таълимии соҳибкорон – барои бозомўзии соҳибкорон дар самтҳои омўзиши Кодекси гумрук, Кодекси андоз, муҳосибот, молия ва ғайра.
б) Маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ – ба омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, форсӣ, барои тамоми хоҳишмандон бо мақсади омўзонидани забонҳои хориҷӣ аз зинаи аввал то дараҷаи баландтарин.
в) Курсҳои омўзиши «Молия ва бизнес» аз 2 курси таълимӣ (асосҳои соҳибкорӣ ва молияи соҳибкорӣ) дар ҳаҷми 42 соат иборат мебошад, ки асосан барои баланд бардоштани малака ва дониши соҳибкорони камтаҷриба равона карда шудааст.
г) Сехи дўхтани либосҳои замонавӣ – барои тайёр намудани либосҳои замонавӣ ва миллӣ барои ҳамаи хоҳишмандон, инчунин, курсҳои кўтоҳмуддати тарроҳӣ.
д) Маркази такмили ихтисоси кормандони кооператсияи матлубот – барои бозомўзии кормандони соҳаи кооператсияи матлубот дар самтҳои идоракунӣ, иқтисодиёт, маҳсулоттайёркунӣ, хўроки умумӣ, муҳосибот, такмили ихтисоси пешхизматҳо.
е) Нашри барномаҳову силлабусҳо, китобҳои таълимӣ, монографияҳо – барои ба чоп тайёр намудани китобҳои дарсӣ, монографияҳо, комплексҳои таълимӣ-методии устодони Донишкада ва берун аз он (донишкадаҳои ҳудуди вилоят) ва инчунин ба фаъолияти таълимӣ барои омўзонидани технологияи инноватсионии муосир машғул аст.
ё) Маркази таълими технологияҳои компютерӣ аз чунин самтҳо иборат мебошад:
- курсҳои кўтоҳмуддат оид ба таълими барномаи WINDOWS;
- курсҳои кўтоҳмуддат оид ба таълими пурраи MS Word, MS Exel;
- системаҳои идоракунии электронӣ.
ж) Курсҳои кўтоҳмуддат оид ба тайёр намудани тарҷумонҳо ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳои илмӣ ва ҳуқуқӣ.
Бояд қайд намуд, ки Парки технологии «Иқтисод ва савдо»-и ДИС ДДТТ аз рўи самтҳои номбурда имрўз фаъолият намуда истодааст ва он иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти рақами АУ№0000867 аз 01.09.2010 доро мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳоло ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти иловагии Парки технологӣ аз рўи лоиҳаҳои аз тарафи факултаҳо пешниҳод гардидаанд, омода шуда истодаанд.
6. Барои амалӣ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи Парки технологӣ», фаъолияти инноватсионӣ дар асоси низомномаҳои намунавие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ дар ДИС ДДТТ санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин таҳия карда, амалӣ гардонида истодаанд. Аз он ҷумла, Оинномаи Парки технологии ДИС ДДТТ, низомномаҳои «Маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ» ва «Маркази таълимии соҳибкорон» таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.
7. Яке аз роҳҳои самараноки идоракунии ҷараёни таълим ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Ба роҳ мондани идоракунии электронӣ ва назорати сифати таълим дар Донишкада бо роҳи коркарди комплекси барномаҳои автоматикунонии идоракунии маъмурӣ ва назорати сифати таҳсилот бо номи ALFA – XPress амалӣ карда шуд.
Ҷараёни автоматикунонӣ тамоми сохторҳои Донишкада, аз ҷумла маъмурият, шўъбаи кадрҳо, муҳосибот, қисми таълим, факултаҳо, кафедраҳо ва дигар шўъбаҳоро дарбар мегирад. Дар ҳолати имрўза баҳисобгирии раванди таълими ҳар як донишҷў, гурўҳ, факулта, баст ва кулли донишҷўён (журнали электронӣ, ведомостҳои электронӣ ва ғайра)  пурра ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудаанд. Соли таҳсили 2013-14 90%-и имтиҳонҳои ниҳоӣ тавассути шабакаи ягонаи автоматикунонии идоракунии маъмурӣ ва назорати сифати таҳсилот гузаронида шуд.
8. Баҳри такомули ҷараёни таълим ва бозомўзии кадрҳо дар соҳаи инноватсия ва соҳибкории илмӣ-технологӣ дар ДИС ДДТТ ҳар соли хониш чорабиниҳои амалӣ гузаронида мешаванд. Алалхусус, семинарҳо оид ба истифодабарии шабакаи ягонаи идоракунии маъмурӣ ва сифати таҳсилот “ALFA Expess”, тахтаҳои элекронӣ, семинарҳои назариявӣ оид ба навигариҳои илм дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, андоз, гумрук; ташкили курсҳои махсус барои аспирантон, унвонҷўён ва омўзгорони ҷавон оид ба иҷро ва пешниҳоди рисолаҳои илмӣ дар самти рушди инноватсионӣ ба роҳ монда шудааст.
9. Дар самти таъмини инфрасохторҳои инноватсонӣ дар ДИС ДДТТ чорабиниҳои зарурӣ бо тарзи доимӣ амалӣ гардонда мешаванд. Ба монанди таҷҳизонидани лабораторияҳои инноватсионӣ ва мавқеи ҷойгиршавии технопаркҳо бо лавозимоти зарурӣ, таҷҳизотҳо, амволҳо ва компутерҳои ҳозиразамон, таъмири ҷузъии ҳарсола, пайвастшавӣ ба шабакаҳои Интернет, омода  намудани шароити мусоид барои кормандони марказҳои инноватсионӣ ва технопаркҳо барои кор ва фаъолият.
10. Барои ташкили марказҳои  инноватсионӣ дар ДИС ДДТТ фонди махсуси инноватсионӣ ташкил карда шудааст (нусхаи нақшаи молиягузорӣ замима гардидааст).
Тавассути гузаронидани озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ дарёфт ва ҷалби донишҷӯёни болаёқат барои иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ дар марказҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷумла соли хониши 2013-14 шаш (6) нафар донишҷӯён сазовори дипломҳо ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни «Донишҷӯ ва прогрессии илмӣ-техникӣ» гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни Донишкада ҷойҳои сазоворро ишғол намудаанд, аз он ҷумла 2 нафар ба ҷойи якум, 1 нафар ба ҷойи дуюм, 1 нафар ба ҷойи сеюм сазовор гаштанд.
Ғайр аз ин, донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар олимпиадаи фаннӣ, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, низ ба  ҷойҳои сазовор  ноил  гаштанд,  яъне 1 нафар донишҷӯ ҷойи якум, 1 нафар ҷойи дуюм ва 2 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуда, аз  ҷониби Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
11. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардони фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентию литсензионӣ дар ДИС ДДТТ шароитҳои мусоид фароҳам оварда, чорабиниҳои мушаххас андешида шудаанд:
- ташкили лабораторияҳои махсуси Озмоишгоҳи ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ, барномасозӣ барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд баҳри рушди ихтироъкорӣ;
- мукофотонидани шахсоне, ки ихтироъ ё маҳсулоти зеҳнии онҳо аз ҷониби мақомотҳои дахлдор қайд карда шудааст, дар ҳаҷми як моҳонаи музди меҳнат ба  роҳ монда шуд.
12.Хатти шабакаи Интернет бо пайвастшавиҳо бо ноқили нурӣ (оптикӣ) дар чаҳор бинои таълимӣ таъмин мебошад. Сомонаи ДИС ДДТТ бо се забон кушода шудааст. Пайвастшавӣ ба воситаи ду хатти махсуси шабакаи Эвроазия-линг: а) суръати пайвастшавӣ 512Кбит / сония; б) 1Мбит/ сония (хатти вордшавӣ ва хориҷшавии ахборот).
Ибтидои моҳи ноябри соли 2013 боз як хатти махсус бо ноқили нурӣ (оптикӣ) аз провайдер Tсell бо суръати пайвастшавии 1024Kбит / сония гузаронида шудааст.
Ҷадвали истифодабарии шабакаи интернет тартиб дода шудааст. Донишҷўён дар вақти берун аз машғулиятҳои аудиторӣ имкон доранд, ки дар синфхонаи Интернет, китобхонаи электронӣ, кабинети лингафонӣ кор кунанд.
13. Баҳри вусъат бахшидан ба фаъолияти инноватсионии кафедраҳои ДИС ДДТТ дар таҳия ва пешниҳод намудани номгӯи рисолаҳои дипломӣ ва магистрӣ мавзӯъҳои махсус оид ба ҳалли муаммоҳои инноватсионӣ ҳамроҳ карда шудаанд. Масалан, барои магистрони ихтисоси бизнеси байналмилалӣ ҳамагӣ 60 номгӯй диссертатсияи магистрӣ пешниҳод шудааст, аз онҳо 23 номгӯй масъалаҳои инноватсиониро дарбар мегирад. Аз он ҷумла барои ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо 70 аз номгӯи диссертатсияи магистрӣ 28 номгӯ ба масъалаҳои инноватсионӣ бахшида шудааст.
Чунин ҳолати кор дар иҷрои рисолаҳои дипломӣ низ ба эътибор гирифта шудааст. Бо тарзи умумӣ аз рӯи ҳамаи ихтисосҳое, ки дар Донишкада таҳсил ба роҳ монда шудааст, барои хатмкунандагон соли хониши ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи кафедраҳои Донишкада ҳамагӣ 450 номгӯй рисолаҳои дипломӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд, аз онҳо 225 номгӯй ба масъалаҳои гуногуни ҷараёни инноватсионӣ бахшида шудааст.
14. Барои аҳли ҷомеаи устодон, профессорон, омўзгорони ҷавон ва донишҷўёни ДИС ДДТТ шароити мусоид баҳри бурдани корҳои илмию эҷодӣ омода карда шудааст. Масалан, кадрҳои Донишкада бо тавассути барномаҳои Фулбрайт, ТЕМПУС ва ЭРАСМУС МУНДУС барои омўзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон дар соҳаи инноватсионӣ, ошно гардидани навигариҳои илмӣ ва рушди касбӣ дар чунин кишварҳо ИМА, Канада, Австрия, Германия, Испания, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Россия ва ғайра савияи илмии худро такмил додаанд. Ба тарзи мушаххас қайд намоем, аз байни устодон 19 нафар, аз байни донишҷўён 25 нафар дар кишварҳои номбурда такмили илмӣ намуда, баргаштанд ва дар рушди фаъолияти инноватсионии Донишкада саҳми худро гузошта истодаанд.
15. Ҳоло дар ДИС ДДТТ замимаҳои моддӣ-техникӣ барои иҷро намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ фармоиш барпо гардида истодааст. Аз он ҷумла бо зиёда аз 200 корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ оиди  гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ ва пешаздипломӣ имзо гардида, аксари корҳои дипломӣ барои таҳлили муаммоҳои соҳаи кооператсияи матлубот бахшида шудаанд.
16. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи маориф, ки дар ДИС ДДТТ иҷро карда мешаванд, аз чунин равияҳо иборат мебошанд: истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим. Аз он ҷумла дар раванди таълим 500 компютер, 60 нотбук, 49 проектор, 3 сервер, 17 тахтаи электронӣ истифода бурда мешаванд.
17. Аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ тасмим гирифтааст, ки дар нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраҳои алоҳида тадқиқотҳо оид ба рушди инноватсионӣ равона карда шаванд. Масалан, дар кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ тадқиқоти илмии устод Ҷабборов А. А., кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрук тадқиқоти илмии дотсент Қобилов Н. ба коркарди технология ва маҳсулоти нав бахшида шудаанд.
18. Дар ДИС ДДТТ фаъолияти парки технологӣ асосан барои таъмини хизматрасонӣ дар соҳаҳои дӯхтани либосҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, асосҳои соҳибкорӣ, андозбандӣ ва ғайра равона карда шудааст.

Анонсы
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Видео
Сомонаҳои маъмул
Объявления



-