Робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ

  Робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ

Мақсади асосӣ аз робитаҳои байналмилалии донишкада ин рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва алоқаи зичи дуҷонибаи ДИС ДДТТ бо донишгоҳҳои мамолики дунё мебошад. Вазифаи асосии сохтор иборат аз таъминоти техникӣ ва иттилоотию методии муассисаҳои байналхалқии дунё, инчунин истифодаи таҷрибаҳои байналхалқӣ барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён ва тайёр кардани мутахассисони муосир мебошад. 
Донишкада бо созмонҳои байналмилалии фонди «Евразия», «ЮСАИД», корпоратсияҳои «ПРАГМА», «КАРАНА», барномаҳои Эрасмус Мундус, ТЕМПУС - и Иттиҳоди АВРУПО  ва «Фулбрайт»-и ИМА фаъолона ҳамкорӣ дорад.
Дар соли 2015 як гуруҳ омўзгорон ва донишҷўёни ДИС ДДТТ барои давом додани таҳсил, такмили ихтисос ва коромўзӣ ба мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик сафарбар карда шуданд:
Майнусов Дониш мудири маркази забонҳои хориҷӣ аз рўи барномаи Эрасмус Мундус аз санаи 15.12.2014 то15.02.2015 ба донишгоҳи Йоҳанес Каплери шаҳри Линзи Австрия барои такмили ихтисос сафарбар карда шуд.
Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, н.и.п. Фузайлов Равшан барои иштирок дар маҳфили координаторҳо, ки мувофиқи барномаи ТЕМПУС, лоиҳаи FLEPP (Foreign Languages Education for Professional Purposes-таълими забонҳои хориҷӣ барои мутахассисон), ки дар Донишгоҳи Фрайбург, Ҷумҳурии Олмон баргузор гардида буд, аз санаи 5.01.2015 то 11.01.2015 сафарбар карда шуд.
Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.п. Фузайлов Р. ва муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Зарипова М. барои иштирок дар семинар, ки мувофики барномаи ТЕМПУС, лоиҳаи FLEPP (Foreign Languages Education for Professional Purposes-таълими забонҳои хориҷӣ барои мутахассисон), дар Донишгоҳи Глазго, Британия Кабир баргузор гардид, аз санаи 24.01.2015 то 01.02.2015 сафарбар карда шуданд.
Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.п. Фузайлов Р. ва муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Исоқов А. барои иштирок дар семинар, ки мувофиқи барномаи ТЕМПУС, лоиҳаи FLEPP (Foreign Languages Education for Professional Purposes-таълими забонҳои хориҷӣ барои мутахассисон), ки дар Донишгоҳи Таллин, Эстония баргузор гардид, аз санаи 06.04.2015 то 10.04.2015 иштирок намуданд. 
Мудири шўъбаи ташкили раванди таълим, н.и.т. Салимов И. ва муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Мақсудова С. барои иштирок дар семинари барномаи ТЕМПУС - лоиҳаи FLEPP (Foreign Languages Education for Professional Purposes - таълими забонҳои хориҷӣ барои мутахассисон), ки дар Донишгоҳи давлатии Иссиқ-кўл (Қирғизистон) аз санаи 6.07.2015 то 12.07.2015 баргузор гардид, сафарбар карда шуданд.
Муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Раҳимов  Э.Э  барои вохўрии кории навбатӣ, ки мувофиқи барномаи ТЕМПУС, лоиҳаи FLEPP (Foreign Languages Education for Professional Purposes - таълими забонҳои хориҷӣ барои мутахассисон), ки дар Донишгоҳи “G.D’ Annunzio” UDA, Итолиё аз санаи 02.10.2015 то 09.10.2015 баргузор гардид, сафарбар карда шуд.
Камолов Фаррух – муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ, ҷонишини декан оид ба илм ғолиби барномаи Erasmus Mundus CEA (EMA-2) гардида, барои таҳсил ба мўҳлати 10 моҳ дар донишгоҳи Гумболди шаҳри Берлин (Олмон)  дониши худро сайқал хоҳад дод.
Мухторов Саидқосим ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ғолиби барномаи Erasmus Mundus Silkroute гардида, барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳи Кантабриаи шаҳри Сантандери Испания ба муддати 10 моҳ аз 1 сентябри соли 2015 сафарбар карда шуд.
Юлдошев Диловар - донишҷўи курси сеюми гурўҳи англисӣ ғолиби стипендияи давлатии Чин гардида, дар муддати 1 сол дар донишгоҳи Шанхай дониши худро сайқал хоҳад дод.
Пулотов Далер - донишҷўи курси сеюми гурўҳи англисӣ  ғолиби барномаи Erasmus Mundus Euroasia Target II гардида, дар муддати 1 сол дар донишгоҳи Фераро, шаҳри Ферарои Итолиё дониши худро сайқал  дода истодааст.
Тибыи барномаи Fulbright профессори Донишгоҳи Роберт Морриси ИМА, мудири кафедраи менеҷмент Марсел Минутоло се маротиба (аз 12.03.2015 то 23.03.2015, аз 19.05.2015 то 29.05.2015 ва аз 08.10.2015 то 30.11.2015) ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ташриф овард. Ў ба донишҷўёни гурўҳҳои англисӣ дар мавзўъҳои «Бизнеси байналмиллалӣ», «Муаммоҳои ҷаҳонишавӣ», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Соҳибкорӣ, инноватсия ва интиқоли технология» лексия хонда, дар мавзўъҳои «Рушди хизматрасониҳои инноватисиянӣ» ва «Банақшагирии стратегӣ» ба омўзгорон ва магистрони донишкада семинар гузаронд.
Донишкада дар оянда боз нақшаҳои ҳамкориро бо донишгоҳҳои бонуфузи тиҷоратии дунё ба роҳ монда, барои такмили донишандӯзи ва инкишофи ҳаматарафаи маҳорати донишҷӯён шароитҳои муосири омӯзиширо дар асоси технологияҳои инноватсионӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи  таълимӣ роҳандозӣ мекунад. Дар донишкада шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ амал мекунад, ки раванди иҷроиши шартномаҳо ва созишномаҳои байнидонишгоҳиро бо мамолики мухталифи дунё роҳандозӣ мекунад.  

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-