Таърихи донишкада

Таърихи донишкада

Аз таърихи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 таҳти рақами №59 дар пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва кадрии Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ таъсис дода шудааст.
Дар заминаи пояи моддию техникии техникуми кооперативии Хуҷанд (техникуми кооперативии Тоҷикистон) соли 1996 Коллеҷи кооператсияи матлуботи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷоратии Тоҷикистон ташкил ёфт. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон барои ташкил ва роҳандозии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус амалӣ намудани дастуру супоришҳои бохирадонаи Президенти кишвар, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир дар асоси ҳаматарафа омӯзонидани донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ ва муошират дар фаъолияти меҳнатӣ, дар ҳамбастагии технологияҳои инноватсионии муосир ва донистани на кам аз ду-се забони хориҷӣ, хусусан ба донишҷӯёни соҳаи иқтисоду тиҷорат тамоми шароитҳои мусоид ва муосири таълимӣ муҳайё гаштааст.
Маҳз ин ғамхории раҳбари давлати мо буд, ки дар зарфи 14 соли замони истиқлолият, яъне аз соли 1996 то соли 2010-ум дар пояи ҳамон техникуми кооперативии замони шуравии Хуҷанд аз Коллеҷи кооперативӣ шурӯъ карда то муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, яъне Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ташкил карда шуда, то имрӯз амал мекунад. Ҳадафи асосии Донишкада амалӣ намудани ҳамон дастуру супоришҳои Президенти кишвар аст, ки болотар ишора намудем.
Агар ба таърихи аз соли 1996 то соли 2010-уми Донишкада назар афканем чунин тағйиротҳои номиро мушоҳида мекунем:


Номи муассиса

Солҳои мавҷудият

1

 

Коллеҷи кооператсияи матлуботи
донишкадаи давлатию
кооперативии
тиҷоратии Тоҷикистон

 

1996 – 2000

2

Коллеҷи тиҷорати Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

2000 - 2001

3

Комплекси ягонаи таълимии
Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

2001 – 2010

4

 

Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

аз 18 феврали соли 2010 инҷониб

 

 

Дар Донишкада факултет, шӯъба ва кафедраҳои зерин амал мекунанд:

Номгӯи факултаҳо

1

Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ

2

Иқтисодиёт технологияҳои инноватсионӣ

3

Ҳуқуқ, тиҷорат ва фаъолияти гумрукӣ

 
Кафедраҳои Донишкада:  


Номгӯи кафедраҳо

1

Молия ва қарз

2

Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

3

Молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

4

Тиҷорат ва ҳуқуқ

5

Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

6

Менеҷмент

7

Назарияи иқтисод

8

Иқтисодиёти ҷаҳон

9

Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

10

Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

11

Забонҳои хориҷӣ

12

Ҷомеашиносӣ

   Донишкада аз соли 2005 дар ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот қадамҳои устувор мегузорад. Аввал таҳсили донишҷӯёни 1 ихтисос, баъдтар 7 ихтисос ва аз соли 2009 бошад, ҳамаи ихтисосҳо ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд.

Дар ДИС ДДТТ 210 нафар омўзгорон, аз ҷумла 8 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 80 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 6 нафар магистрҳои илм фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омўзгорон дар гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ҳамаи машғулиятҳоро бо забони англисӣ мегузаронанд. Аз ҷумла дар ин гурўҳҳо устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин - Ян Сяоюй дарс медиҳанд.  
    Солҳои охир ДИС ДДТТ фаъолиятро дар соҳаҳои таълим, илм ва тарбия самаранок ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳои намоён ноил гардид:
ДИС ДДТТ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ пурра шомил гаштааст, ба низоми кредитии таълим гузаштааст. 
Дар ДИС ДДТТ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисон барои бозори байналхалқӣ гурўҳҳои таълим бо забони англисӣ ба роҳ монда шудаанд. То ҳол 2 гурўҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ Донишкадаро хатм намуданд ва куллашон дар сатҳи байналмилалӣ бо ҷои корӣ таъмин шуданд. Алҳол, дар ДИС ДДТТ чунин гурўҳҳо 11 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо ( иқтисодӣ,  ҳуқукӣ,  риёзӣ,  гуманитарӣ ва ғайра) бо забони англисӣ омўзонида мешаванд. 
Пояи моддию техникии Донишкада дар сатҳи баланд қарор дорад. Айни замон дар ДИС ДДТТ зиёда аз 550 компютери ҳозиразамони бо шабакаи баландсуръати ИНТЕРНЕТ пайваст карда шудааст. Синфхонаи ИНТЕРНЕТ бо 50 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст. Дар Донишкада чор синфхонаи  лингафонӣ мавҷуд аст, ки бо 15 адади компютер, дастгоҳҳои шунавоӣ, видео-телетехникӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар китобхонаи муқаррарӣ зиёда аз 100 ҳазор китобҳои дарсӣ мавҷуданд. Китобхонаи электронии Донишкада дорои 30 компютери замонавӣ, бештар аз 50 ҳазор китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ дар намуди электронӣ мебошад. 17 синфхонаҳо бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, ҳамаи кафедраҳо бо проекторҳо ва нотбукҳо таҷҳизонида шудаанд, ки барои дар асосҳои инноватсионӣ гузаронидани машғулиятҳо имконият фароҳам меоваранд. Дар ҳамаи факултаҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, роҳравҳо, даромадгоҳҳои Донишкада камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. 
Шабакаи автоматиконидаи идораи маъмурӣ ва назорати сифати таълим аз беҳтарин шабакаҳо дар байни донишгоҳҳои олии кишвар аст, ки он гардиши электронии ҳуҷҷатҳоро фароҳам меоварад. Ба ин шабака дар бораи ҳар як донишҷў (варақаи шахсӣ, натиҷаҳои имтиҳоноти қабул, иштирок дар машғулиятҳо, гирифтани холҳо ва амсоли инҳо) иттилоот ворид карда мешавад. Омўзгорон силлабусҳо, тестҳо ва дигар маводи таълимро ба шабака ворид намуда, ҷурналҳои электрониро мунтазам пур менамоянд. Донишҷўён дар шабака тамоми маводи таълимиро дастрас карда метавонанд. Шабака ба ҳар як донишҷў сари вақт дар бораи давомоти таҳсили ў иттилоот медиҳад. Волидайни донишҷўён низ имкон доранд, ки ба воситаи шабакаи Интернет бо шабакаи дохилидонишкадавӣ пайваст гардида, бо раванди таҳсили фарзандонашон, яъне иштироки онҳо дар машғулиятҳо, дарсазхудкунӣ, баҳоҳои ҳаррўза, санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастиашон шинос шаванд. 
Дар ДИС ДДТТ ҳар як донишҷўй имконият дорад, ки 3-4 забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд аз худ намояд. барои дар сатҳи баланд омўзонидани забонҳои хориҷӣ шароитҳои зарурӣ мавҷуд мебошад. Дар Маркази таълими забонҳои хориҷӣ, ки бо 20 компютерҳо, тахтаи электронӣ ва мизи мудаввар ҷиҳозонида шудааст, омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ ташкил карда шудаст. Дар Маркази забон ва фарҳанги Хитоӣ омўзиши забони хитоӣ ба роҳ монда шудааст. Ин забонро хитоиро ба донишҷўён омўзгор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сяоюй ва магистр Рухшона Рустамзода меомўзонанд. 
Дар Маркази омўзиши соҳибкорон пайваста курсҳо оид ба азхудкунӣ ва тартиб додани бизнес-нақшаҳо, муҳосиботи 1С, технологияҳои муосири компютерӣ ва кор бо ҳукумати электронӣ, андозбандӣ, нархгузорӣ ва касбҳою малакаҳои оиладорӣ ташкил карда мешаванд.
Донишкада дар рейтинги мактабҳои олии ҷумҳурӣ оид ба сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷўён дар ҷойи аввал қарор дорад. Сатҳи дониши донишҷўён сол то сол боло меравад. Дар се солҳои охир дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ» ДИС ДДТТ дар байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ  дар се ҷои аввал қарор дорад. Дар Олимпиада барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2014 чаҳор нафар донишҷўён сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардиданд. Ҳамчунин дар Олимпиадаи аз тарафи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, донишҷўёни Донишкада сазовори 2 ҷойҳои 1-ум, 1 ҷои 2-юм, 1 ҷои 4-ум ва 1 ифтихорнома гардиданд.
Аз соли 2010 ДИС ДДТТ узви барномаи аврупоии ERASMUS MUNDUS мебошад. Ин имкон медиҳад, ки донишҷўён дар солҳои дуюм, сеюм ва чаҳоруми таҳсил дар давраҳои муайян дар донишгоҳҳои номдори Аврупо, инчунин дар доираи робитаҳои байналмилалии Донишкада дар донишгоҳҳои ИМА ва Осиё таълим гиранд, хатмкунандаҳо ва муаллимон таҳсилро дар магистратура идома диҳанд, таҳқиқоти докторӣ ва таҷрибаомўзиро дар хориҷи кишвар амалӣ намоянд.
Дастаи Enaktus-и Донишкада борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод ғолиб омада, соли 2011 Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар давлати Малайзия баланд афрохта буд. Соли 2013 ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шуда, соҳиби роҳхат барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Канкуни давлати Мексика ва баромад дар созмони бонуфузтарини ҷаҳон – СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА гардид. Соли 2014 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард ва дар мусобиқаи байналмилалӣ муваффақ гашт. 
Дар Парки технологии таълимии «Дўхтани либосҳои замонавӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он курсҳои буррандагию дўзандагӣ омўзонида мешаванд. Инчунин, бо супориши мизоҷон либосҳои замонавӣ ва мактабӣ дўхта, талаботи рўзмарраи онҳо қонеъ гардонида мешавад.  Парки технологии «Гиёҳҳои дорувори вилояти Суғд» ва «Молия ва соҳибкорӣ» амал мекунанд.
Дар майдончаи варзишии замонавӣ пайваста бозиҳои волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш амал мекунанд. Барои устодону донишҷўён толори варзиши замонавии Фитнес ба истифода дода шудааст, ки дар он 14 тренаҷер, 4 тенниси рўи миз ва дигар таҷҳизоти варзиш гузошта шудаанд.
Биноҳои таълимии Донишкада (ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корию ёрирасон) дар давраи сармо бо тариқи марказонида шуда то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.

Дар донишкада самонаи интернетии www.iet.tj ва моҳвараи “Иқтисод ва тиҷорат” амал мекунад.

Просмотр: 0
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-