Шўъбаи илми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Шўъбаи илми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

МАЪЛУМОТ
оид ба фаъолияти Шўъбаи илми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Сарсухан

Аз давраҳои қадим то кунун саводу хирад, муносибату муошират ва одобу ахлоқ дар байни ҷомеа мақоми баландро дорад. Дар шароити имрўза дар шахс такомул ёфтани чунин хислатҳо бештар аз фаъолияти сифатноки мактабҳои олӣ низ вобаста аст. Хушбахтона, дар даврони Истиқлолият таваҷҷўҳи хукумат баҳри беҳтар намудани фаъолияти мактабҳои олӣ рўз ба рўз зиёд шуда истодааст. Ҷомеаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, чун махзани илму маърифати кишвари азизамон аз ин таваҷҷўҳ қувваи нав гирифта баҳри рушди маориф, илм, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои ниёзи ҳоҷагии халқи давлатамон кўшиш ба харҷ дода истодааст. Аз ин иқдоми нек аҳли профессорон ва омўзгорони Донишкадаи иқтисод ва савдои низ чун қисми таркибии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар канор намонда, пайваста бо ҷомеаи муосир фаъолият бурда истодааст. Зеро дар шароити имрўза, ки пешрафти ҷомеа бештар аз тараққиёти илмҳои иқтисодӣ вобастагии зиёд дорад, на танҳо тайёр намудани мутахассисони ин соҳа балки рушди таҳкурсии илмии он тақозои замон аст.
Аз оғози фаъолият, яъни пас аз таъсиси дар базаи ду донишкада: Комплекси таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таълимгоҳи нав Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (соли 2010) сохтори расмии бахши илм таъсис карда, он мунтазам ба фаъолият шурўъ намуд. Роҳбари самти илмии донишкадаро аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2014, чун ҷонишини директор оид ба илм ва алоқа бо истеҳсолот номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Усмонов Ирмат Усмонович дар ўҳда доштанд. Дар ибтидо фаъолияти илмии донишкада дар намуди бахши илмии донишкада ташкил карда шуда буд. Сол ба сол фаъолияти илмии донишкада пурзўр карда шуда, баҳри баланд бардоштани савияи корҳои илми тадқиқотӣ саҳми босазои худро гузоштаанд. Ҳоло бошад, бахш ба раёсати илм табдил ёфта, зербахши магистратура, шўъбаи табъу нашр созмон дода шуд. Аз моҳи феврали соли 2014 то ҳоло ба вазифаи ҷонишини директор оид ба илм ва алоқа бо истеҳсолот доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризоқулов Тўрақул Рабимқулович иҷро намуда истодааст.
Аҳли устодон, омўзгорони ҷавон ва профессорони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо сарварии директори он доктори илмҳои иқтисодӣ Аминов Иномҷон Аминович, ҷонишини директор оид ба илм ва алоқа бо истеҳсолот доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризоқулов Т. Р., деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо баҳри татбиқи нишондодҳои сарқонуни ҶТ, Паёми Президенти кишвар Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Маориф ва Илми ҶТ, ҳокимияти давлатии иҷрокунандаи вилояти Суғд, раёсати донишгоҳ, Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ, дар ҷараёни таълиму тарбия дар донишкада вазифаҳои асосии ҷомеаи донишкадаро муайян намуда дар асоси қарору нишондодҳои номбаршуда ба роҳ монда истодааст.

Натиҷаҳои асосии корҳои илмӣ - тадқиқотӣ

Қабл аз ҳама, мавзўъҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада тавассути кафедраҳо дар асоси мавзўи умумидонишкадавии «Ташаккул ва рушди устувори иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳамаи 12 кафедра мавзўи илмӣ-тадқиқотии худро муқаррар намуданд: 1. Иқтисодиёти ҷаҳон – «Дурнамои рушди муно-сибатҳои иқтисодии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон». 2. Забонҳои хориҷӣ – «Масъалаҳои омўзиши истифодаи усулҳои навоварии (инноватсионии) таълим ва вижагиҳои типологии синтаксиси иқтисодии хурди забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ». 3. Математикаи олӣ ва техноло-гияҳои инноватсионӣ – «Тадқиқи масъалаҳои татбиқи сохторҳои идти-лоотӣ дар иқтисод ва савдо, сохтан ва истифодаи системаҳои автомати-кунонишуда, математикаи олӣ ва методикаи таълими онҳо». 4. Иқти-содиёт ва соҳибкорӣ – «Масъалаҳои рушди иқтисодиёт ва соҳибкории савдо дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ». 5. Молия ва қарз – «Масъа-лаҳои рушди молиявӣ ва қарзии тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон». 6. Назарияи иқтисод – «Масъалаҳои назариявии иқтисо-диёти бозоргонӣ». 7. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит – «Та-шаккулёбии баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар давраи муосир». 8. Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – «Ташаккули забон ва омўзонидани одоби муошират дар фаъолияти меҳнатии иқтисоддонҳо». 9. Менеҷмент – «Такмили идоракунии иқтисодиёт ва кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». 10. Тиҷорат ва ҳуқуқ – «Инкишофи муно-сибатҳои бозоргонӣ ва танзими ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». 11. Молшиносӣ ва фаъолияти гумрук – «Вазифаи назорати мақомоти гумрук ва стандартонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». 12. Ҷомеашиносӣ – «Таҳқиқи ҷанбаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ-фалсафии ташаккули худшиносии миллӣ дар замони Истиқлолият».
Бояд тазаккур дод, ки дарозои солҳои 2010–2013 дар ДИС ДДТТ ҳамагӣ 15 монография бо ҳаҷми умумии 148,1 ҷ.ч., 23 китоби дарсӣ бо 353,9 ҷ.ч., 51 маҷмааи таълимӣ-методӣ бо 623 ҷ.ч., умуман 74 асар бо 1125 ҷ.ч. интишор гардонида шудааст.
Фарогирии устодон бо корҳои илмӣ дар тўли чаҳор соли таҳсил чунин аст:
- соли таҳсили 2009-10 – ҳамагӣ 177 омўзгор, аз ҷумла докторони илм 4 нафар; дотсентон 36 нафар; номзадҳои илм 14 нафар; омўзгорони калон 71 нафар; ассистентон 52 нафар;
- соли таҳсили 2010-11 – ҳамагӣ 203 омўзгор, аз ҷумла докторони илм 4 нафар; дотсентон 40 нафар; номзадҳои илм 17 нафар; омўзгорони калон 86 нафар; ассистентон 45 нафар;
- соли таҳсили 2011-12 – ҳамагӣ 210 нафар; аз ҷумла докторони илм 5 нафар; дотсентон 41 нафар; номзадҳои илм 22 нафар; омўзгорони калон 85 нафар; ассистентон 57 нафар;
- соли таҳсили 2012-13 – ҳамагӣ 213 нафар; аз ҷумла докторони илм 5 нафар; дотсентон 40 нафар; номзадҳои илм 25 нафар; омўзгорони калон 84 нафар; ассистентон 59 нафар; дар ҳамин давр аз ҷумлаи дотсентон 10 нафар, номзадҳои илм 13 нафар, омўзгорони калон 44 нафар, ассистентон 39 нафарашонро занон ташкил намуданд. 

Ташкил ва гузаронидани конфросҳои илмӣ

Аз соли 2010 то соли 2014 дар ДИС ДДТТ дар мавзўи илм ҳамагӣ 8 конфронс доир гардидааст. Аз ҷумла, соли 2010 ду конфронс гузаронида, дар конфронси XII илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўён дар мавзўи «Ташаккул ва рушди бозори молҳои истеъмолии халқ дар Тоҷикистон» 128 нафар омўзгорон ва 205 нафар донишҷўён бо маърўзаҳои илмӣ баромад кардаанд, дар конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар мавзўи «Масоили воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ» бошад, 86 нафар устодон маърўзаҳои илмӣ кардаанд. Соли 2011 дар конфронси XIII илмӣ-назариявӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Ташаккул ва рушди бозори молҳои истеъмолии халқ дар Тоҷикистон» 172 нафар омўзгорон ва 284 нафар донишҷўён бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд. Соли 2012 конфронси XIV илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷўён бахшида ба 20-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзўи мазкур доир шуд, ки дар он 178 нафар устодон ва 295 нафар донишҷўён маърўзаҳои илмии хешро қироат намуданд. Соли 2013 дар конфронси XV илмӣ-назариявии ҳарсола дар мавзўи зикршуда 180 нафар омўзгорон ва 307 нафар донишҷўён бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд. Соли 2014 бошад, дар ДИС ДДТТ се конфронс гузаронида шуд. Аввал, дар конфронси навбатии XVI илмӣ-назариявии профессорону омўзгорон ва донишҷўён дар мавзўи «Роҳҳои ноилгардӣ ба ҳадафҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ» 188 нафар омўзгорон ва 315 нафар донишҷўён маърўзаҳои илмӣ хонданд. Дуввум, дар конфронси вилоятии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар партави шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» ҳамагӣ 15 нафар устодон ва дар конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар замони муосир» 6 нафар устодон маърўзаҳои илмӣ қироат намуданд. Бо дастгирии молиявӣ ва услубии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон санаи 26 ноябри соли 2014 дар маркази омўзиши забонҳои хориҷии донишкада мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди иқтидори инсонӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон: вазъ ва тамоилҳои инкишоф» баргузор гардид, ки дар он 32 нафар устодону профессорон, магистрантон ва донишҷўёни донишкада маърӯзаи илмӣ  қироат намуданд.

Тайёр намудани кадрҳои илмӣ

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ДИС ДДТТ миқдори умумии омўзгорон (кормандон) ҳамагӣ 336 (126) нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо нафарашон 216 нафарашон занон мебошанд. Аз ҷумла, докторони илм 5 нафар, профессорон 4 нафар, дотсентон 37 нафар (12 нафар занон), номзадҳои илм 26 (11) нафар, магистрантон 103 (27), аспирантон 9 (6), докторантон 5 (1) ба шумор мераванд.
Аз рўи ҳисоби омори соли 2014 дар ДИС ДДТТ 4 нафар доктори илми иқтисод, 1 нафар доктори илми фалсафа, 32 нафар номзадҳои илми иқтисод, 4 нафар номзади илми ҳуқуқшиносӣ, 7 нафар номзади илмҳои физика ва математика, 2 нафар номзади илми кимиё, 6 нафар номзади илми педагогӣ, 4 нафар номзади илми фалсафа, 2 нафар номзади илми техникӣ, 10 номзади илмҳои филологӣ ва 3 нафар номзади илми таърих фаъолият мебаранд, ки ҳисоби миёнаи синну соли онҳо аз 32-солагӣ сар карда, то 75-солагиро ташкил медиҳад.
Аз соли 2010 то соли 2014 дар ДИС ДДТТ ҳамагӣ 17 нафар устодон рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуданд, аз ҷумла: соли 2010 Ғозибеков Садриддин Арслонбекович доктори илми иқтисод, соли 2014 Аминов Инъомҷон Аминович доктори илми иқтисод, Солиҷонов Расулҷон доктори илми фалсафа; соли 2010 Маннонова Раъно Абдураҳмоновна номзади илми педагогӣ, Мамадов Саидмуродхон, Шарипов Зокирҷон Усмонович номзади илми иқтисод, Самадов Бахтиёр Одилҷонович номзади илми ҳуқуқшиносӣ; соли 2011 Ҷонназарова Дилшода Худойназаровна номзади илми фалсафа, Ҷалолова Фотима Абдусаломовна номзади илмҳои филологӣ, Раҳматов Баҳром Баротҷонович, Ҳошимов Ҳомидҷон Ҳасанович ва Ҷалолов Нодир Маҳмудович номзади илми иқтисод; соли 2012 Камолов Фаррух Абдуқодирович номзади илмҳои филологӣ, Ишонова Умеда Усмонҷоновна, Норматова Шаҳноза Манноновна, Машокиров Шўҳрат, Хомутова Любовь Францевна, Шарипова Мавзуна номзади илми иқтисод; соли 2013 Маюнусов Дониш номзади илмҳои филологӣ; соли 2014 Тоҷибоев Шерозҷон Абдуҷабборович номзади илми ҳуқуқшиносӣ унвон гирифтанд.

Фаъолияти парки илмӣ - технологӣ

Ҳамзамон, бо иқдоми маъмурияти ДИС ДДТТ парки технологии «Иқтисод ва савдо» таъсис дода шуд, ки низ ба васояти шўъбаи илм шомил гардидааст. Парки технологӣ шўъбаҳои истеҳсолӣ, марказҳои таълимӣ ва маркази таълимии технологияҳои компютериро дарбар мегирад. Ба шўъбаҳои истеҳсолӣ бахшҳои дўхтани либосҳои замонавӣ, нашри барномаҳо ва силлабусҳо, китобҳои таълимӣ, монографияҳо, дохил мешаванд. Марказҳои таълимӣ бошанд, маркази таълимии соҳибкорон, маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ, курсҳои омўзишии «Молия ва бизнес», маркази такмили ихтисоси кормандони кооператсияи матлуботро фаро мегиранд. Маркази таълимии технологияҳои компютерӣ аз се бахш иборат аст: 1. Курсҳои кўтоҳмуддат оид ба таълими барномаи WINDOWS. 2. Курсҳои кўтоҳмуддат оид ба таълими пурраи MS Word. MS Excel. 3. Системаҳои идоракунии электронӣ. Инчунин, ин бахш курсҳои кўтоҳмуддат оид ба тайёр намудани тарҷумонҳо ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳои илмӣ ва ҳуқуқиро фаро мегирад.

Просмотр: 0
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-