Шӯъбаи омӯзиши ғоибона

Шӯъбаи омӯзиши ғоибона

Шӯъбаи омӯзиши ғоибона низ яке аз  шаклҳои  таҳсилоти олии касбии васеъ паҳншуда ба ҳисоб меравад. Бартарии асосии ин шакли таҳсилот дар он мебошад, ки  донишҷӯ фаъолияти кориашро  бо таҳсил ҳамҷоя намуда,  имконияти муқоисаи назария  ва амалияро дорад.
Шӯъбаи омӯзиши ғоибонаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияташро  соли 1996 оғоз намуда, баъдан ҳамчун сохтори воҳидии Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва аз соли 2010 инҷониб сохтори воҳидии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон идома дорад.
Ҳоло тибқи ҷадвали штатҳо дар шӯъба 5 нафар корманд фаъолият мебаранд:

  • Шогунбеков  М. В. – мудири шӯъбаи омӯзиши ғоибона
  • Тошматова Ш. А. – методист
  • Мақсудова  Ш. Я. – методист
  • Лупов Ф. Ю.  – методист
  • Исобоева С. Ю. – оператори  МЭҲ

Шӯъба мутахассисонро аз рӯи  ихтисосҳои зерин  тайёр менамояд:

  • 25010400 – молия ва қарз;
  • 25010402 – фаъолияти бонк;
  • 25010403 – андоз ва андозбандӣ;
  • 25010800 – баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;
  • 25010700 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар  корхонаҳо
  • 26010100 – идораи  мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ;
  • 26020200 – менеҷмент;
  • 25015100 – тиҷорат дар бозори байналхалқии молу хадамот;
  • 26020300 – маркетинг;
  • 25010900 – молшиносӣ ва мумайизи тиҷорати молҳо;
  • 96010100 –  фаъолияти гумрук;
  • 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ;
  • 250112 – информатикаи иқтисодӣ;
  • 24010200  – ҳуқуқи тиҷоратӣ.

 Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар шӯъба аз рӯи барномаи махсуси сесола мутахассисони маълумоти олии дуюм тайёр карда мешаванд.
Заминаи моддӣ-техникии шӯъба сол аз сол мустаҳкам гардида истодааст. Айни ҳол донишҷӯёни шӯъба дар бинои таълимии №1  таҳсил менамоянд. Дар ихтиёри  донишҷӯён 12 синфхона иборат аз 450 ҷои нишаст, 2 синфхонаи компютерӣ иборат аз 50 ҷои нишаст,  1  толори лексионӣ мебошанд, ки  ҳамаи онҳо бо мавод ва асбобҳои таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд, таҳсили донишҷӯёнро дар  сатҳи замонавӣ таъмин менамоянд.
Хусусиятҳои  шакли  ғоибонаи таҳсилот дар ҳаҷми зиёди амалҳои мустақилона бо иҷрои корҳои  санҷишӣ ва  курсӣ алоқаманд мебошанд. Бино бар ҳамин, ташкили корҳои мустақилона дар шӯъбаи омӯзиши ғоибона бо истифодабарии чи усулҳои анъанавӣ ва чӣ усулҳои  инноватсионӣ амалӣ гардонида мешавад.
Ба хизмати донишҷӯён  китобхонаи анъанавӣ бо хазинаи адабиёти таълимии зиёда  аз  90000 ҷилд, толори хониш бо 80 ҷои нишаст, китобхонаи электронӣ бо хазинаи зиёда аз  50000 нусха адабиёти таълимӣ дар шакли электронӣ бо 30 ҷои нишаст ва синфхонаи  интернетӣ бо 50  адад  компутерҳои  замонавӣ, 5 синфхонаҳои компютерӣ, 2 синфхонаҳои лингафонӣ пешниҳод шудааст.
Солҳои охир хатми мутахассисон дар як сол зиёда аз  600-650 нафарро ташкил медиҳад. Бисёре аз хатмкунандагони шӯъбаи ғоибона дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунандаи ташкилот ва корхонаҳои   шаклҳои  моликияташон гуногун, низоми бонки мамлакат, хадамотҳои андоз ва гумрук, сохторҳои тиҷоратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд фаъолият бурда истодаанд.
Дар шӯъба ба ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, ки дар  рафти он  самти касбии донишҳои донишҷӯён ташаккул меёбад, аҳамияти хоса дода мешавад. Донишкада бо зиёда аз 150 корхона, бонкҳо, ташкилотҳо ва ширкатҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ шартнома дорад.
Шӯъба  ба ҷамъи  хатмкардагон алоқаи  доимӣ дорад ва пешрафти  карераи кории онҳоро мусоидат менамояд.

Просмотр: 0
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-