Факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ

Факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ


Факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ДИС ДДТТ фаъолияти худро аз 01 сентябри соли 2010 оғоз намуд. Мувофиқи фармони раёсати ДДТТ ба вазифаи декани факултет н.и.и., дотсент Алиҷонов Ҷ. А., ба вазифаи ҷонишини декан оид ба таълим ва назорати сифати таҳсилот муаллими калон Қаюмов А. А., ҷонишини декан оид ба тарбия н.и.и., муаллими калон Раҳматов Б. Б., ҷонишини декан оид ба илм н.и.ф. Ишонова Д. таъин гардида буданд.

Аз моҳи октябри соли 2015 вазифаи сарварии факултаро н.и.и., дотсент Хоҷаева Раъно Ҳошимовна иҷро карда истодааст.




Кормандони деканат ҳангоми гузаронидани ҷаласаи навбатӣ

Фаъолияти факулта баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи иқтисодиёт аз рўи тахассусҳои молия ва қарз, фаъолияти бонк, андоз ва андозбандӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит равона карда шудааст. Дар сохтори таркибии факулта чаҳор кафедра амал мекунад, ки аз онҳо ду кафедра умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, ду кафедраи дигар тахассусианд.

Ҷаласаи навбатӣ бо мудирони кафедраҳои факултет


Қисмати корҳои илмии факултаро алҳол н.и.ф., дотсент Ишонова Дилором Турсунҷоновна бар ўҳда гирифтааст, ки он дар факулта дар сатҳи баланд қарор дорад. 60 фисади устодони факултаро номзадҳои илм ташкил медиханд.
Мақсади иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии факулта ғанӣ гардондани донишҳои назариявӣ ва баланд бардоштани дараҷаи унвону такмили машғулиятҳои таълимӣ мебошад.
Вазифаи асосии корҳои илмӣ, пеш аз ҳама, омўзиши муаммоҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳҳои балли муаммоҳои ҷойдошта, татбиқи он дар соҳаи иқтисодиёт ва истифодаи он дар раванди таълим аст. Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолият дар факулта корҳои илмū-тадқиқотии устодон мебошад. Устодон кўшиш менамоянд, ки давоми сол дар ҷодаи илм рисолаҳои номзадӣ, доктории худро нависанд ва баробари ин мақолаҳои илмиашонро аз чоп бароранд.



 Кормандони деканат ҳангоми баррасии раванди таълим
Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси устодон машғул будан бо корҳои илмū-тадкиқотū мебошад, ки натиҷаҳои ба дастоварда дар ҷараёни таълим истифода бурда мешаванд. Натиҷаҳои корҳои илмū-тадқиқотии устодон ҳангоми навиштани мақолаҳои илмū, матни лексияҳо, навиштани рисолаҳои дипломū, корҳои курсū, рефератҳо, корҳои мустақилонаи донишҷўён истифода бурда мешаванд.
Ғайр аз ин, натиҷаи корҳои илмū-тадқиқотū барои навиштани маводи таълимū, дастурҳои методū, тайёр намудани маърўзаҳо барои конфронсҳо ва гузаронидани семинарҳои илмū-назариявū истифода бурда мешавад.
Кори тарбиявӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти меҳнатии омўзгорон ба шумор меравад ва он нақшагириро дар сатҳи баланд тақозо менамояд, ки дар факулта қисмати тарбиявиро устоди ҷавону пурмасъулият Ҳалимов Инъомҷон бар ӯҳда дорад. Нақшаи корҳои тарбиявии факулта аз қисматҳои зерин иборат аст:
а) корҳои ташкилӣ;
б) корҳои тарбиявӣ-таълимӣ;
в) тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ;
г) тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ;
ғ) тарбияи меҳнатӣ ва экологӣ.
Роҳбарияти факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ва алалхусус муовини декан оиди тарбия муаллими калон Ҳалимов Инъомҷон, ҳайати устодону омўзгорон ва ҳайати сарпарастон баробари пешбурди корҳои таълим барои он талош меварзанд, ки тарбияи ахлоқии донишҷўёнро муфид ба роҳ монанд. Дар ин самт онҳо амру фармон, маърўзаву гузориш, асару мақолаҳо, Паёми анъанавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Вазорати маориф ва илм, раёсати ДИС ДДТТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро асоси кори худ қарор дода, барои тарбияи мутахассисони дорои маълумоти баланди касбӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар нақшаи корҳои тарбиявӣ сўҳбати муфид дар мавзўи «Маданияти либоспўшӣ, одоби сухангўӣ ва рафтори намунавӣ» инъикос ёфта буд. Илова ба он қарори ВМ ҶТ №1889 аз 4.10.07. «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» низ муаррифӣ шуда буд.

Умуман, раванди тарбия дар факултаи мазкур дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, ки ин, пеш аз ҳама, хидмати ҷонишини декан оиди тарбия Ҳалимов И. мебошад.

Ҷонишини директор оид ба тарбия Г. У. Аҳророва ҳангоми баррасии ҷамъбасти иштироки муташаккилонаи донишҷўёни факулта дар чорабинӣ бахшида ба дастгирии Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»

Дар факулта соли хониши 2015-16 ҳамагӣ 33 гуруҳи академӣ дар шуъбаи рўзона ва 8 гуруҳи академӣ дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Донишҷўёни зерин дар давоми 5 соли фаъолият соҳиби идрорпулии Раиси вилоят гаштанд: Самадова Р., Ўрунова Ҳ., Абдуллоева Х., Усмонова Р., Куртаметова С., Каримова Н., Ваҳҳобова Н. – ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит; Фаёзова Ф. – ихтисоси кори бонк; Абдувалӣ Абдуҳабибзода – ихтисоси андоз ва андозбандӣ; Маҷидова З., Ўлмасов Ш., Ҷўраева М., Мирхолиқова Н., Қаюмова З., Ишанова М. – ихтисоси молия ва қарз.
Донишҷўён Қодирова М. ва Самадова Р. дар олимпиадаи донишҷўёни мактабҳои олӣ сазовори ҷойҳои аввал шуданд.

Просмотр: 0
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-