Факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ

Факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ

Факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрук ва ҳуқуқ ҳамчун ҷузъи таркибии ДИС ДДТТ фаъолияти худро аз 1 сентяби 2010 оғоз намудааст. Аз 1 октябри соли 2015 ба вазифаи декани факулта н.и.и., дотсент Баҳодуров Ҳ. И., ба вазифаҳои ҷонишини декан оид ба таълим ва сифати таҳсилот Маҳмудов Р. Б., ҷонишини декан оид ба тарбия Норбобоев Л. Б., ҷонишини декан оид ба илм н.и.т. Турсунова Г. Н, танзимгар Расулова М. Р. ва методист-коргузор Холназарова М. Б. фаъолият бурда истодаанд.
Дар назди факулта Шӯрои олимон ва Шўрои таълимӣ-методӣ ташкил карда, фаъолият бурда истодаанд.
Факулта баҳри тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат аз рӯи тахассусҳои менеҷмент бо зерихтисосҳои менеҷмент дар савдо ва муассисаҳои хўроки омма, тиҷорат бо зерихтисоси тиҷорат дар бозори байналхалқии мол ва хадамот, маркетинг бо зерихтисоси маркетинг дар бозори байналхалќии мол ва хадамот, идораи мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, молшиносӣ ва муоинаи мол, тиҷорати молҳо, фаъолияти гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳуқуқи тиҷорат, ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст. 
Дар сохтори таркибии факулта чаҳор кафедра амал мекунад, ки яке аз онҳо кафедраи умумидонишкадавӣ ба ҳисоб рафта, се кафедраи дигар тахассусӣ мебошанд.
Кафедраименеҷмент бо роҳбарии д.и.и., профессор Ғозибеков С. А. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи менеҷмент, идораи мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ равона кардааст.
Дар кафедраи мазкур 16 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онҳо 10 нафарашон кормандони штатианд.

Кафедраитиҷоратваҳуқуқ бо роҳбарии н.и.ҳ., дотсент Самадов Б. О. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи маркетинг , тиҷорат, ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳуқуқи тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ равона кардааст.  Ҳайати кафедра аз 28 нафар иборат буда, 21 нафари онҳо кормандони штатианд.
Кафедраимолшиносӣвафаъолиятигумрук бо роҳбарии н.и.и., дотсент Ҷалолов Н. М. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати сабук), молшиносӣ ва муоинаи мол ва  фаъолияти гумрукӣ ба роҳ мондааст. Дар кафедра 17 нафар устодон фаъолият доранд, ки 12 нафари онҳо кормандони шататӣ мебошанд. 
Кафедраиҷомеашиносӣ дар таркиби факултаи мазкур қарор дошта, бо роҳбарии д.и.ф. Солиҷнов Р. дар таълиму тарбияи донишҷӯёни дигар факултаҳо низ саҳм мегузорад. Дар кафедра 22 нафар устодон фаъолият доранд, ки 19 нафари онҳо кормандони штатӣ мебошанд.
Фаъолияти таълимии факулта дар ҳамаи самтҳо назаррас буда, ташкил ва гузаронидани корҳои таълим, таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ рўз аз рўз вусъат ёфта истодаанд. Теъдоди умумии донишҷўён аз аввали соли таҳсил 766 нафар буда, онҳо бо низоми кредит таҳсил карда истодаанд. Соли ҷорӣ ба курси якум 389 нафар дохил гардиданд, ки аз онњо 270 нафар дар шуъбаи рузона ва 119 нафар дар шўъбаи ѓоибона мехонанд.
Дар факулта 32 гурӯҳи академӣ дар 4 бахш ташкил карда, ҷараёни таълим дар ду баст ба роҳ монда шудааст.
Умуман, фаъолияти факулта мувофиқи низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

 

МАЪЛУМОТНОМА

  1. Декани факулта Буходиров Ҳабибуллохон Иномович, н.и.и., дотсент, 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷандe.mail: bahadur70@mail.ru
  2. Ҷонишини декан оид таълим ва идоракунии сифати таҳсилот Маҳмудов Равшан Бобоҷонович, 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Бобоҷон Ғафуров, e.mail:ravshanmahmudov@mail.ru
Просмотр: 0
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-