Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ

Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ

Маълумот дар бораи факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ

Факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҳайати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2010 таъсис дода шудааст.
Фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар факулта дар асоси cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло факулта аз рўи панҷ ихтисос мутахассис тайёр мекунад:

  • 25010300 – иқтисодиёти ҷаҳон (таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
  • 25010700 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона (таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
  • 25010407 – молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна (таҳсил бо забони англисӣ);
  • 40010202 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) (таҳсил бо забони тоҷикӣ);
  • 25011200 – информатикаи иқтисодӣ (таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).

Вазифа: роҳбарии факултаро номзади илми иқтисод, дотсент Қаюмов Абдуғафур Абдушукурович дар ўҳда дорад.
Санаи таваллуд: 5 марти соли 1975.
Маълумот: соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуровро хатм кардааст.
Унвон ва дараҷаи илмӣ: номзади илми иқтисод.
Фаъолияти ҷамъиятӣ: аз соли 2010 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад

 
Вазифа: самти таълим ва идораи сифати онро дотсент Шарипов Абдураҳим Қодирович ҳамчун ҷонишини декани факулта иҷро менамояд.
Соли таваллуд15 сентябри соли 1958.
Маълумот: соли 1980 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (алъон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардааст.
Унвон ва дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика 
Фаъолияти ҷамъиятӣ: аз соли 2009 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст.

 Корҳои илмӣ-методӣ дар факулта

 Аз санаи 1-уми январи соли 2015 дар 4 курси шўъбаи рўзонаи факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ 630 нафар донишҷў номнавис шудаанд, ки онҳо дар 29 гурўҳи академӣ таҳсил менамоянд. Дар ин гурўҳҳо таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо низоми таҳсилоти кредитӣ аз рўи ихтисосҳои 25010300 – иқтисодиёти ҷаҳон, 25010700– иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона, 25011200 – информатикаи иқтисодӣ ва 40010202 – низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба роҳ монда шудааст.
Дар факулта раванди таълим мувофиқи ҷадвали ташкили ҷараёни таълим, ки аз ҷониби шўъбаи ташкили раванди таълими донишкада тартиб дода шудааст, ба роҳ монда шудааст. Пеш аз оғози нимсолаи хониш (се ҳафта пештар) барои танзими раванди таълим ҷадвалҳои дарсӣ, гузаронидани имтиҳони ниҳоӣ ва аттестатсияи давлатӣ барои ҳар як гурўҳи академӣ аз тарафи деканат тартиб дода, пас аз тасдиқ ба лавҳаи донишкада бароварда мешаванд.
То оғози нимсолаи хониш барои ҳар як фанни таълимӣ аз тарафи устодон силлабус (барномаи корӣ) мувофиқи стандарти давлатии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, пас аз тасдиқ ба чоп тавсия мешавад ва ҳар як донишҷў бо силлабуси фанни таълим таъмин мегардад.
Силлабуси фаннӣ умуман номгўи мавзўъҳои лексионӣ, амалӣ (семинарӣ), лабораторӣ, кори мустақилони донишҷў таҳти роҳбарии омўзгор ва кори мустақилонаи донишҷў (берун аз дарс)-ро дарбар мегирад. Ғайр аз ин омўзгори фаннӣ донишҷўёни фанни худро бо маводи зарури таълим таъмин менамояд.
Мувофиқи талаботи низоми кредитии таҳсилот дар ҳар як нимсолаи хониш донишҷўён аз ҳар фанни вобаста 2 санҷиши фосилавӣ ва имтиҳони ниҳоӣ месупоранд. Ҳамаи имтиҳонҳои ниҳоӣ ва аксарияти санҷишҳои фосилавӣ дар 4 синфхонаи компютерии ба факулта вобасташуда ба воситаи шабакаи компютерии донишкада ва ё бо барномаҳои махсус амалӣ гардонида мешаванд. Барои шаффоф қабул намудани сессияи имтиҳонотӣ дар факулта комиссияи имтиҳонот ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он декани факулта, муовинони декан ва устодони варзидаи факулта аз кафедраҳо шомил мегарданд.
Нишондиҳандаҳои асосии раванди таълим аз иштироки донишҷўён ба дарсҳо ва пешрафти онҳо иборат мебошанд, ки зери назорати доимии деканат қарор доранд. Барои назорати иштироки донишҷўён ба машғулиятҳо танзимгари факулта охири ҳар ҳафта оиди давомоти донишҷўён ба декани факулта ҳисобот пешниҳод менамояд. Нисбати донишҷўёни ба ғоибҳои зиёди бесабаб роҳдода (то 30 соат) ва қарзҳои академӣ дошта чораҳои муайян андешида мешаванд, ба монанди гузаронидани сўҳбат бо донишҷў, огоҳ намудан ва даъват кардани волидайни донишҷў ба донишкада, муҳокимаи ин масъала дар соатҳои сарпарастӣ, ҷаласаҳои Шўрои олимон ва Шўрои илмӣ-методии факулта ва ғайра.
Дар як нимсолаи хониш на кам аз ду маротиба ҷаласаи умумии факулта гузаронида мешавад, ки ба он донишҷўён даъват карда, ҳамаи масъалаҳои раванди таълим дар факулта, аз он ҷумла, масъалаҳои давомоти донишҷўён ба машғулиятҳо ва пешрафти онҳо муҳокима карда мешаванд.
Ғайр аз ин, ибтидои соли нави хониш бо иштироки донишҷўёни курси якум ва волидайни онҳо декани факулта вохўрӣ ташкил менамояд, ки дар он масъалаҳои низоми кредитии таҳсилот ва моҳияти он, иштирок ба машғулиятҳо ва риояи тартиботи дохили донишкада муҳокима карда мешаванд. 


Вазифа: раванди тарбиявии факултаро муаллими калон Раҳимов Эркин, ҷонишини декан оид ба тарбия дар ўҳда дорад.
Соли таваллуд15 октябри соли 1976.
Маълумот: соли 1998 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуровро хатм кардааст.
Фаъолияти ҷамъиятӣ: аз соли 2004 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст.

Оиди фаъолияти шўъбаи тарбияи факулта

Фаъолияти раёсати факулта дар самти тарбия бо мувофиқа бо шўъбаи тарбия ва рушди ҷавонони Донишкада  ба роҳ монда шудааст. Фаъолият дар самти тарбия дар факултаи иқтисодиёт ва технологияи инноватсионӣ ба зиммаи ҷонишини декан оид ба тарбия , муаллими калон  Раҳимов Эркин Эҳсонҷонович вогузор карда шудааст. Вазифаи шўъбаи тарбияи фауклта  иборат аз назорат аз болои давомоти донишҷўён ба дарс , тарзи либос пўшӣ ва сиккаву сурат , иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятии  вилоятӣ , шаҳрӣ ва донишкадавӣ ,иштирок ва гузаронидани вохўриҳо бо кормандони соҳаҳои мухталиф , собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайраҳо мебошад. Ҳаммаи чорабиниҳои дар боло зикр шуда  аз рўи нақшаи корҳои тарбиявии факулта , ки ҳар сол дар моҳи август пеш аз оғози соли хониш дар шўрои олимони факулта тасдиқ карда мешавад гузаронида мешаванд. Нақшаи чорабиниҳо дар самти тарбия дар асоси  қарору фармонҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарбия ва рушди ҷавонон ҳамчун: Консепсияи Миллии Тарбия , ки сеюми марти соли 2006 қабул шудааст ва аз 18 унсур иборат буда тамоми ҷабҳаҳои тарбияро дарбар мегирад , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд , Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забон , Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рамзҳои давлатӣ, Муқаддасоти Миллӣ ва Паёмҳои  Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олӣ ва намояндагон ва ғайра тартиб дода мешавад. Барои аз тарафи донишҷўён риоя кардани низомномаи Мактаби Олӣ роҳнамои донишҷўён тартиб ва чоп карда шудааст , ки таввасути он онҳо бо талаботҳои Мактаби Олӣ шинос шуда онҳоро риоя менамоянд.  Барои баланд бардоштани давомоти донишҷўён ба дарс ва баланд бардоштани сифати донишомўзии донишҷўён аз тарафи раёсати факулта  ва сарпарастон пай дар пай бо волидайни донишҷўён вохўриҳо гузаронида  бо онҳо дар алоқаи зич буда оиди пешрафт ва камбудиҳои донишҷўён хабар медиҳанд.


  Вазифа: назорати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба дўши муовини декан оид ба илм н.и.и. Ишонова Умедахон Усмонҷоновна гузошта шудааст.
Соли таваллуд: 2 августи соли 1980.
Маълумот: соли 2001 Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДИС ДДТТ)-ро хатм кардааст.
Унвон ва дараҷаи илмӣ: номзади илми иқтисод.
Фаъолияти ҷамъиятӣ: аз соли 2009 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.

Корҳои илмӣ дар факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ

Дар факултаи мазкур фаъолияти илмӣ дар радифи корҳои таълимиву тарбиявӣ ба таври самаранок иҷро карда мешаванд.
Дар факулта ҷамъияти илмии омўзгорон (ҶИО), ҷамъияти илмии донишҷўён (ҶИД), семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷўён дар назди кафедраҳои марбута мавҷуданд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факулта дар шароити рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки олимон дар ҷустуҷўи усулҳои самараноки ташкили меҳнати кормандони ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳо ва иттифоқи онҳо кўшиш ба харҷ дода истодаанд.
Шакли асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ аз иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии ташаббусӣ, ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, маҳфилҳои илмии донишҷўён дар кафедраҳо, тайёр намудани мутахассисони унвони илмидошта, ташкил ва роҳбарӣ намудани корҳои илмии донишҷўён, ихтироъкорӣ ва чоп намудани асарҳои илмӣ (монография, мақолаҳои илмӣ) иборат мебошад. 
Мақсади асосии иҷрои корҳои илмию тадқиқотии факулта ва кафедраҳо гузоштани саҳми муносиб ба такмили ҷараёни таълим дар Донишкада оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир дар асоси омўзонидани технологияҳои инноватсионии муосир, азхуд намудани на кам аз ду-се забони хориҷӣ, донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ ва муошират дар фаъолияти меҳнатӣ мебошад.
Дар истеҳсолот татбиқ намудани истифодаи технологияҳои инноватсионӣ усулҳои замонавии тадқиқоти илмӣ дар иқтисод, технологияҳои компютерӣ дар самтҳои гуногуни иқтисод, омўзиши масоили таъмини амнияти иқтисодии кишвар иборат мебошад.
Кори илмӣ-тадқиқотӣ қисми ҷудонашавандаи ҷараёни таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он баланд бардоштани савияи корҳои илмии устодон ва донишҷўён, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ аст.
Вазифаи асосии корҳои илмӣ, пеш аз ҳама, омўзиши муаммоҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта, татбиқи он дар соҳаи иқтисодиёт ва истифода бурдан дар раванди таълим аст.
Баробари ин, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои навиштани маводи таълимӣ, дастурҳои методӣ, тайёр кардани маърўзаҳо барои конфронсҳо ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-назариявӣ истифода бурда мешаванд.


Вазифа: оператор – котибаи факулта
Ному насаб: Аҳророва Наргиса Рафиқовна
Зодгоҳ: ш. Хуҷанд, кўчаи Д. Раҷабӣ, 4/24
Соли таваллуд: 13 феврали 1990
Миллат: тоҷик

 

Ўҳдадориҳои касбии нозири факулта

– коргузориҳои факулта мувофиқи дастурамали намунавӣ;
– ҳисоби ҳафтаинаи иҷрои сарбории устодон;
– додани маълумоти ҳармоҳа ба шўъбаи таълим оид ба давомоти донишҷўён;
– назорати аз ҷониби донишҷўён риоя гардидани ҷадвали дарс;
– таҳияи асноди марбута, давомот ва пешрафти донишҷўён тибқи номгўи тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳо; – аз рўи шаклҳои 3-НК ва 4-Нк ҳисобот тартиб дода, маълумотро дар хусуси гузаштани теъдоди донишҷўён аз як курс ба курси дигар (моҳ, семоҳа, сол), иштироки донишҷўён ба дарс (дар як моҳ, семестр, сол) омода намудан;
– чопи маводи зурур: маълумотнома, ҳисобот, рўйхат ва монанди инҳо.


 

Mетодист-танзимгари факулта,
Шарипова Ранохон Раҳимҷоновна
зодаи ноҳия Конибодом кучаи Ҷомӣ 40,
соли таваллуд 24 апрели 1970 миллаташ тоҷик.

 

 - ёри расонидан ҳангоми тартиб додани ҷадвалҳои дарсӣ, имтиҳону санҷишҳо;
- рафти машғулиятҳоро ба таври умумӣ назорат менамояд;
- иҷрои сарбории устодонро ҳар ҳафта ҳисоб менамояд;
- сифати пешрафти донишҷўёнро аз рўи натиҷаҳои сессияи имтиҳонӣ назорат менамояд;
- дарсшиканиҳоро ошкор намуда, ба шўъбаи таълим пешниҳод менамояд;
- риояи ҷадвали дарсиро аз ҷониби донишҷўёну устодон назорат мекунад;
- ба ҳар як устод нусхаи ҷадвали дарсиро медиҳад;
- карточкаи таълимии донишҷўёнро пур менамояд;
- барои имтиҳони давлатӣ парвандаи шахсии донишҷўён ва кулли ҳуҷҷатҳоро омода месозад;
- лоиҳаи фармонро оиди аз як курс ба курси дигар гузаштанро омода месозад;
- ба донишҷўён оиди хориҷ шуданашон аз Донишкада бо сабабҳои гуногун хабар мерасонад;
- фармонҳои расмиро оиди ҳайати донишҷўёни факулта ба шабакаи компутерии донишкада ворид месозад.

Заминаи моддӣ – техникии факулта

Заминаи  модди - техникии факулта ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ  мебошад. Ҷараёни таълим дар бинои якуми таълими, ки зиёда аз 20 синфхонаҳои алоҳидаро дарбар мегирад, ташкил карда шудааст. Ғайр аз ин, донишҷуёни факулта аз китобхонаи анънавӣ, китобхонаи электрони, 4 синфхонаи компутери, утоқҳои методӣ, синфхонаи  технологияи  компутери, ду утоқи лингофони, лабараторияи компутери ва утоқи математики дар назди кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, 10 доскаи электронӣ, интернет, толори маҷлисгох, 2 толори варзиши, хобгоҳ ва ошхонаи типии нав истифода мебаранд. Ҳамаи кафедраҳои факулта бо компутерҳои ҳозиразамон, диопроекторҳо таъмин буда ва онҳо дар раванди таълим васеъ истифода бурда мешаванд.  

 Ҳайати профессорон ва омўзгорон

Дараҷаи илмӣ

То 30-сола

Аз 30 то 45-сола

Аз 46 то 60-сола

Аз 60-сола  боло

Ҳамагӣ

Ҷамъ

М

З

   Ҷамъ

М

З

 Ҷамъ

М

З

   Ҷамъ

М

З

Номзад илм

Муқимӣ

1

1

-

5

3

2

10

7

3

7

6

1

23

Ҳамкор

-

-

-

-

1

1

-

1

Ҳамагӣ

1

1

-

5

3

2

10

7

3

8

7

1

24

Омўзгорони беунвон

Муқимӣ

18

7

11

17

4

13

8

3

5

2

2

-

45

Ҳамкор

3

1

-

11

6

5

1

1

-

1

1

-

16

Ҳамагӣ

21

8

11

28

10

18

9

4

5

3

3

-

61

Ҳамагӣ

Муқимӣ

19

8

11

22

7

15

18

10

8

9

8

1

68

Ҳамкор

3

2

1

11

6

5

1

1

-

2

2

-

17

Ҳамагӣ

22

10

12

33

13

20

19

11

8

11

10

1

85

Дар факулта мувофиқи ҷадвали штатӣ 68 нафар омӯзгорони штатӣ (муқимӣ) дар 4 кафедра фаъолият мебаранд. Аз онҳо 23 нафарашон соҳиби унвон ва дараҷаҳои илмӣ мебошанд, аз ҷумла 1 нафар профессор, 1 нафар ходими калони илмӣ, 8 нафар номзади илми иқтисод, 7 нафар номзади илмҳои физика ва математика, 3 нафар номзади илми педагогӣ, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ ва 1 нафар номзади илми техникӣ мебошанд.
Дар факулта дар асоси талаботи  Стандарти давлатии  таҳсилоти олии касби барои тайёр намудани  мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои иқтисодиёти муосир 4 кафедраҳо фаъолият мебаранд: иқтисодиёти ҷаҳон»,  иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, математикаи оли ва технологияҳои инноватсионӣ, Забонҳои хориҷӣ. Ҳамаи мудирони кафедраҳо дорои унвони илмии тахассусӣ буда, таҷрибаи зиёди педагоги дар макотиби оли доранд.

Ҷадвал оиди ҳайати умумии профессорон ва омўзгорони факулта дар кафедраҳо.

Кафедра

Номзадҳои илм

Аспирантон

Унвонҷўён

Ҳамагӣ

1

Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

9

1

16

26

2

Иқтисодиёти ҷаҳон

4

2

6

12

3

Забонҳои хориҷӣ

2

-

21

23

4

Математикаи оли ва технологияҳои инноватсионӣ

7

1

7

15

 

Ҳамаги дар факулта

22

4

51

76

Просмотр: 0
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-