Хабарҳо Дастаи «Тоҷлас»-и ДИС ДДТТ – ғолиби форуми байналмилалӣ

Дастаи «Тоҷлас»-и ДИС ДДТТ – ғолиби форуми байналмилалӣ

Дар доираи ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон санаи 13-14 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид. 

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ташкил карда шуда, дар он намояндагони доираҳои соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиосон ва донишҷуён иштирок карданд.
Ҳадаф аз чорабинӣ баррасӣ намудани масъалаҳои вусъатбахшии иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, ҳавасмандгардонӣ, рушди нерӯ ва малакаҳои ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва муаррифии як қатор чорабиниҳои гуногун оид ба дастгирии соҳибкорӣ миёни ҷавонон  мебошад.
То семоҳаи аввали соли 2017 дар ҷумҳурӣ 64 нафар ба рӯйхати навоварони наврас ва ҷавони аз 10 то 31-сола  ва 41 нафар ба рӯйхати ихтироъкорони ҷавони то 35 сола ворид карда шуда, навоварӣ ва ихтирооти худро пешниҳод намуданд. Боиси қайд аст, ки ин раванд мунтазам густариш ёфта истодааст.
Дар фарҷом лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ аз ҷониби ғолибони озмун ба самъи иштирокчиён  муаррифӣ карда шуда,ғолибон бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар Форуми мазкур дастаи донишҷӯёни ДИС ДДТТ таҳти роҳбарии н.и.ф-м., дотсент Аюбҷон Юсупов ва Зевар Қаюмова бо лоиҳаи тиҷоратии «Тоҷлас» ширкат варзида, сазовори мукофоти пулӣ ва диплом гардида, ғолибият ба даст оварданд. Аҳли ҷомеаи донишкада бо ин дастоварди арзанда онҳоро самимона табрик намуда, дар кору нақшаҳои ояндаашон барору комёбиҳо орзу менамоянд.   

Сана: 2017-04-17

Азназаргузарониҳо: 280



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-