Хабарҳо Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Дар ДИС ДДТТ бахшида ба 20–солагии Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Рӯзи илми тоҷик конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.

Конфронс ба мавзуи «Ваҳдати миллӣ-асоси пешравии иқтисодиёти Тоҷикистон» бахшида шуда, онро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ карда, иштирокчиёнро бо Рӯзи илми тоҷик табрик гуфт ва ба кори конфронс комёбиҳо таманно намуд.
Тибқи барномаи конфронс н.и.и., дотсент Исмоилова Д. М. дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ чун пояи асосии баланд бардоштани самаранокии сиёсати андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», н.и.ф., дотсент Эшонова Д. Т. дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ», муаллимаи калон Бегматова С. Т. дар мавзуи «Инъикоси истифодабарии самараноки об дар зарбулмасалу мақолҳо» ва донишҷӯи курси якӯми ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон Абдувоҳиди М. дар мавзуи «Нақши онлайн-курсҳои оммавӣ дар соҳаи маориф» маърӯзаҳои илмӣ хонда, оид ба самаранокии сиёсати андоз ва нақши Ваҳдати миллӣ дар низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои гуногунсоҳаи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Сарвари давлат дар таҳкими он, аҳамияти истифодабарии зарбулмасалу мақол перомуни об дар байни миллатҳои мухталифи ҷаҳон ва афзалияту бартарӣ, ҷиҳатҳои манфию мусбии онлайн-курсҳои оммавӣ дар ҷараёни таълиму тарбия, фикру андешаҳои ҷолиб иброз карданд.
Конфронс дар сатҳи баланди илмию назариявӣ гузаронида шуда, аз 19-ум то 26-уми апрел дар ҳамаи бахшҳо ва кафедраҳои донишкада идома меёбад. Тибқи муқаррароти конфронс, он 26-уми апрел анҷом ёфта, ғолибони бахшҳои маҳфилҳои илмии устодон ва донишҷӯён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд. Баргузории конфронси мазкур дар остонаи таҷлили 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонони мамлакат фоли нек арзёбӣ гардида, барои рушду инкишофи илм дар донишкада мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, маводи конфронси мазкур чун анъана пас аз анҷоми он дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид, ки ин боз як кӯшиши арзандае дар пешрафту инкишофи илмҳои иқтисодӣ маънидод карда мешавад.
Ҳамин тариқ, конфронс дар бахшҳо идома ёфта, ҷаласаи ифтитоҳии он бо натиҷагириҳои назаррас аз кори кори илму таҳқиқот дар донишкада ба кори худ анҷом пазируфт.     

Сана: 2017-04-21

Азназаргузарониҳо: 193



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-