Хабарҳо Ҷашни Наврӯзи Аҷам муборак!

Ҷашни Наврӯзи Аҷам муборак!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аҳли профессорону омўзгорон, кормандон ва донишҷўёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат ва эътидоли баҳорӣ – Наврўзи байналмилалӣ табрику муборакбод менамоям.

Наврўз – яке аз идҳои писандидатарини Машриқзамин – бо анъанаҳои башардўстонаву созандаи худ – некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, покдиливу ҳусни ният ва эҳтироми ҳамдигар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодири тамаддуни умумиинсонӣ пазируфта шуда, машҳури олам шудааст.
Наврўзи имсола дар рўзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёдкориву созандагӣ машғул мебошанд.
Дар ин рўзҳои наврўзӣ ба Шумо умри дароз, сиҳату саломатӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон баҳри рушду нумўи Ватани азизамон -  Тоҷикистони соҳибистиқлол муваффақиятҳои беназирро орзумандам.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва саодатманд бошед.

Бо эҳтиром, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ,
н.и.и, дотсент Олимӣ  Р. Л.

Сана: 2017-03-20

Азназаргузарониҳо: 227



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-