Хабарҳо Зан-модар тавлидгару мураббии инсон !

Зан-модар тавлидгару мураббии инсон !

Бахшида ба гиромидошти Рӯзи модар-8 март дар ДИС ДДТТ чорабинии идона таҳти унвони «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори донишкада н.и.и., дотсент Рауф Олимӣ сухан карда, бонувонро ба муносибати Рӯзи зан-модар муборакбод намуд. Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдулҳакимов М. аз номи раёсати кумитаи ҳизб бонувони донишкадаро табрик гуфта, ба якчанд занони фаъоли муассиса ифтихорномаҳои кумитаро тақдим намуд.
Сипас, барномаи рангини адабӣ-фарҳангии донишҷӯёни донишкада, ки аз қироати ашъор дар васфи зан-модар, сурудани сурудҳои дилнишин, намоиши саҳнаи адабӣ ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ҳамзамон, бахшида ба гиромидошти Рӯзи модар ба бонувони донишкада аз номи раёсати таълимгоҳ мукофотпулӣ муқаррар гардида, супорида шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона таҷлил гардида, бо хотираҳои дилангез анҷом пазируфт.

Сана: 2017-03-06

Азназаргузарониҳо: 307



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-