Хабарҳо Дар ДИС ДДТТ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид

Дар ДИС ДДТТ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид

Санаи 25-уми феврал дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Истиқлол, ки дар маҷмӯъ беш аз 500 нафар буданд, ба «Рӯзи дарҳои кушод»-и донишкада ташриф оварданд. Хатмкунандагони макотиби миёна бо имконият ва шароити таҳсилу илмомӯзӣ дар донишкада аз наздик шинос шуда, аз толорҳои лексионии замонавӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, компютерӣ ва интернет, толори фитнес ва варзишии замонавӣ, маркази таълими забонҳои хориҷӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ дидан карда, ҳамчунин, дар дарсҳои профессорон ва омӯзгорони ботаҷриба ширкат варзиданд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ҳамзамон, бо дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, варзишӣ ва байналмилалии донишкада шиносоӣ пайдо намуда, дар дарсҳои гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ иштирок карданд. Дар толори калони бинои таълимии асосии донишкада раёсати донишкада бо хатмкунандагон мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот директори донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф суханронӣ карда, хонандагонро ба муассиса хайра мақдам гуфт. Тариқи слайд ба онҳо факултаҳо, кафедраҳо, ихтисосҳо ва дастоварду имконияти таҳсил дар донишкада намоиш дода шуд, ки хатмкунандагон имкон пайдо карданд, то ба аъзои раёсат суолҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас шунаванд. Ҳамин тариқ, «Рӯзи дарҳои кушод» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар сатҳи балан гузаронида шуда, имконият фароҳам овард, то хатмкунандагон бо усули таълим ва шароиту имконияти таҳсил дар ин боргоҳи маърифат аз наздик шинос шаванд.

Сана: 2017-02-28

Азназаргузарониҳо: 308



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-