Хабарҳо Об – сарчашмаи ҳаёт

Об – сарчашмаи ҳаёт

Бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» санаи 10-уми феврал дар донишкада бо иштироки ҳайати васеи профессорон, омӯзгорону донишҷӯён ва конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.

Конфронсро муовини директори донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳророва Г. У. ифтитоҳ карда, оид ба қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ибрози андеша намуд.
Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираи оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Раҷабов Р. Дар мавзӯи «Об – манбаи ҳаёт» баромад карда, перомуни захираҳо ва имкониятҳои истифодаи оби тозаи ошомиданӣ дар шаҳру навоҳии вилоят маълумоти мухтасар дод.
Атрофи танзими давлатӣ-ҳуқуқии истифодаи самаранокии захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи умумии суди иқтисодии вилояти Суғд Юлдошев Ҳ. Ҳ. дар баромади хеш андеша ронд.
Ҳамчунин, дар конфронс роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Б. Ғафуров Акбарзода Маъруф суханронӣ карда, донишҷӯёнро ба худшиносиву ватандӯстӣ ва гиромидошти дастоварду арзишҳои миллӣ даъват намуд. Аз ҷониби намояндагии ташкилоти мазкур ба ҳозирин филми ҳуҷҷатӣ аз ҳодисаҳои мадҳуши солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бадастоварии сулҳу оштии миллии тоҷикон намоиш дода шуд.
Ҳамин тариқ, конфронс дар фазои хуби илмиву амалӣ ва мубодилаи афкори иштирокчиёни он гузаронида шуда, бо манфиатбардорӣ аз баромадҳои шунидашуда ба кори худ анҷом бахшид.

Сана: 2017-02-11

Азназаргузарониҳо: 371



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-