Хабарҳо Мулоқоти хатмкунандагон бо ректорони муассисаҳои олии вилоят

Мулоқоти хатмкунандагон бо ректорони муассисаҳои олии вилоят

Тибқи ҷадвали вохўрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд мулоқотҳои судманд идома доранд. Аллакай чунин вохуриҳо  дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон ва толори Донишкадаи кўҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон  баргузор гардиданд. Дирўз дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Вохўрии ректоронро бо хатмкунандагон  муовини тозатаъини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз гузаронидани чунин мулоқотҳоро шарҳ ва ба манфиати ҷомеа унвон намуд. Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев доир ба фарогирии таҳсили ҷавонони шаҳри Хуҷандро дар муассисаҳои олии вилоят маълумот дод.
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Рауф Латифзода дар ҳузури хатмкунандагон таъкид кард, ки донишкада тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рўи 17 номгўи ихтисосҳо мутахассис тайёр менамояд. Дар донишкада 12 кафедра дар ҳайати се факулта фаъолият менамояд. Теъдоди профессорону омўзгорон дар аввали соли таҳсили 2016-2017-ум  234 нафарро ташкил кард. Аз  шумораи умумии устодону омўзгорон 89 – нафарашон дараҷаи илмӣ (11 - доктор ва 78 – номзади илм) доранд. Раёсати Донишкада барои тайёр намудани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта, таваҷҷўҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аз аввали соли 2016 то имрўз аз тарафи устодони Донишкада 1 рисолаи докторӣ ва 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Боз 3 нафар устодон муҳокимаи қаблии рисолаҳои худро гузашта (1 нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафар рисолаи номзадӣ) барои ҳимоя иҷозат гирифтанд.

Зиёда аз 20 нафар олимону омўзгорони ДИС ДДТТ дар гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо дар гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ устодон аз донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷии дур даъват шудаанд. Аз ҷумла, дар ин гуруҳҳо устодон  аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари, Ребека Виллер, Шерон Сатурнс ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сяоюй дарс медиҳанд. Гуруҳи коршиносони хориҷӣ – экспертҳои байналмилалӣ аз давлатҳои Фаронса, Испониё, Қазоқистон, Қирғизистон ба сатҳи тайёр намудани мутахассисон дар Донишкада баҳои баланд дода, ба аккредитатсияи байналмилалӣ омода будани донишкадаро эътироф намуданд.

Сипас, ректори ДДҲБСТ Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДКМ Мухтор Фозилзода ва устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Хуршед Улуғбеков оид  ба  самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии худ тариқи слайдҳо ва видероликҳо маълумот манзур намуданд.
Хатмкунадагони макотиби шаҳри Хуҷанд перомуни шароит ва маблағи таҳсил, ихтисосҳои нав, сатҳи тайёр намудани мутахассисон ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Сана: 2017-02-09

Азназаргузарониҳо: 254



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-