Хабарҳо Мусобиқаҳои варзишии донишҷӯён ҷамъбаст гардиданд

Мусобиқаҳои варзишии донишҷӯён ҷамъбаст гардиданд

Pic Mgmt

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои бахши варзишии ДИС ДДТТ, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15-уми октябр то 16-уми декабри соли равон байни дошинҷӯёни курси якум мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд.
Даври аввали мусобиқаҳо аз 17-уми октябр то 1-уми ноябр аз рӯи намуди валейбол доир гардида, дар ин намуд 310 нафар донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарон аз 32 гурӯҳ байни ҳам қувва озмуданд. Дар вохӯрии финалии волейболбозони мусобиқа дастаҳои гурӯҳҳои 260202т ва 25010402та бо ҳам қувва озмуданд, ки дар натиқа бо ҳисоби 3 бар 2 дастаи бозингарони гурӯҳи 260202т ғолиб омаданд. Ҷойи сеюмро дар ин намуди варзиш дастаи волейболбозони гурӯҳи 960101р соҳиб гардиданд.
Аз рӯи намуди футболи хурд дар мусобиқа 240 нафар донишҷӯписарон аз 31 даста қувваозмоӣ карданд, ки дар натиҷа ҷайи аввал насиби гурӯҳи 250107р ва ҷойҳои дуюму сеюм ба дастаҳои 240103т ва 25010407тб муносиб дониста шуд. Ҳамчунин, беҳтарин футболбози мусобиқаро доварон ба Муминов Мубин лоиқ донистанд.
Мусобиқаҳо байни дастаҳои гурӯҳҳо аз рӯи намуди баскетбол дар донишкада, аз 1 то 30-юми ноябр баргузор гардиданд. Дар ин намуди варзиш 220 нафар писарон аз 30 гурӯҳ иштирок карданд. Баскетболбозони моҳири гурӯҳи 25010407р бар ҳамаи рақибони хеш дар мусобиқа бартарӣ нишон дода, ғолибият ва ҷойи аввалро соҳиб гардиданд.
Аз 2 то 4-уми декабр бо сарварии муаллими калони бахши варзиши донишкада Саидхӯҷаев А. байни шоҳмотбозони гурӯҳҳо мусобиқаи шоҳмотбозон гузаронида шуд, ки дар он 18 нафар шоҳмотбозон ширкат варзиданд. Дар ин намуд шоҳмотбози гурӯҳи 260202т Мустафоқулов Шаҳбоз то даври финалӣ бе ягон бохт маҳорат нишон дода, ғолиби мусобиқа гардид.
Бо мурабигии муаллими калон Калинин И. Т. санаи 9 декабр мусобиқаҳо аз рӯи намуди тенниси рӯи миз баргузор гардиданд, ки дар он 15 нафар тенисбоз бо ҳам қувва озмуданд. Дар ин бозиҳо донишҷӯ Олимов Субҳиддин аз гурӯҳи 25010407та ҷойи аввалро ишғол намуд.
Мусобиқаи ниҳоӣ аз рӯи намуди шашка 16-уми декабр бо иштироки 30 нафар шашкабозон гузаронида шуд, ки байни духтарон донишҷӯи гурӯҳи 250103а Яъқубова Мавлуда ва байни писарон донишҷӯи гурӯҳи 250103рб Файзов Зоирҷон дар ин бозиҳо ғолибият ба даст оварданд.
Кулли ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раёсат ва бахши варзиши донишкада қадрдонӣ карда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар ин мусобиқа 833 нафар донишҷӯён иштирок намуданд, ки ин худ як дастовард ва нишондиҳандаи хубест аз эътибору шавқи онҳо нисбати тарзи ҳаёти солим.
Дар ташкил ва баргузории ин мусобиқа саҳми устодони бахши варзиши донишкада Баротов Ф. М., Ҳусайнов Н. Р., Раҳматҷонов А., Саидхӯҷаев А., Калинин И. Т. ва мудири бахши варзиш Наил Ярулин бағоят арзанда аст. Устодони бахши варзиш аз натиҷаҳои мусобиқа изҳори қаноатмандӣ карда, умедворанд, ки сафи варзишгарон донишкада боз ҳам афзуда, онҳо шаъну шарафи таълимгоҳро дар мусобиқаҳои сатҳи мухталиф афзун хоҳанд кард.

Наил ЯРУЛИН, мудири бахши варзиши ДИС ДДТТ    

Сана: 2016-12-21

Азназаргузарониҳо: 242



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-