Хабарҳо Роҳнамои фардои дурахшон!

Роҳнамои фардои дурахшон!

Санаи 22 декабр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки ҳамаи устодон ва донишҷӯён Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат шунавонида шуд.
Устодон ва донишҷӯёни донишкада дар 3 толори калони лексионӣ, толори асосӣ, 3 синфхона ва толори ошхонаи таълимгоҳ ҷой гирифта, Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ бо диққат ва мароқи том шунавиданд. Зимни таъкиди нуктаҳои бағоят муҳим ва арзишманди Пешвои миллат дар Паёми хеш, аксари устодон ва донишҷӯён ба дафтарҳои худ қайдҳо гузаронида, махсусан дар баёни арқому дастовардҳои соҳаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, байни ҳам муҳокимаронӣ анҷом доданд.
Дар ҳақиқат, Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат бисёр қавӣ буд. Дар он оид ба ҳамаи соҳаҳои мамлакат: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг, амният, нақшаву лоиҳаҳои стратегии мамлакат, сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, маориф ва тандурустӣ ва дигар соҳаҳо сухан рафта, оид ба раванди сиёсиву иқтисоди дохиливу хориҷии давлат андеша ва маълумоти мукаммал баён карда шуд.
Шунидани Паём бешубҳа, барои кулли сокинони Тоҷикистон, алалхусус устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдо дарси намуна ва ибрат буд. Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодие, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, бисёр саривақтӣ ва роҳнамо гардида, барои хизмати содиқонаю софдилона ва дарки масъулияти баланди ватандӯстиву меҳнатпарастии кулли мардуми кишвар мусоидат хоҳад кард. Танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ, хизмати шоиста ва арзишманд дар назди халқу Ватан, дӯстӣ, ҳамгироиву ҳамбастагӣ бо мамолики ҷаҳон мо метавонем мамлакати хешро тараққӣ дода, ба ормонҳои деринаи мардуми хеш ноил гардем. Оре, дар ин раванд Паёми Сарвари олишони мамлакат бароямон дастурамали асосӣ ва роҳнамои фардои дурахшон хоҳад буд!    

Сана: 2016-12-23

Азназаргузарониҳо: 259



Шарҳҳо ба ин мавзӯъ:

Фикри худро нависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-