Факултет

Кафедраи назарияи иқтисод

Кафедраи назарияи иқтисод ҳамчун ҷузъи таркибии факултаи  молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ аз соли 2010 фаъолият мебарад. Вазифаи мудирии кафедраро  н.и.и., дотсент Азимов А. Ҷ. ба ўҳда дорад.
Барои ҳамаи ихтисосҳои донишкада аз фанҳои назарияи иқтисод, микроиқтисод, макроиқтисод, бехатарии иқтисоди давлат ва таърихи афкори иқтисод омўзиш гузаронида мешавад.
Дар кафедра 15 китоби дарсӣ, 7 комплекси таълимӣ-методӣ, 60 мақолаи илмӣ бо қарорҳои мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои таълимӣ-методии ДДТТ ва Шўрои таълимӣ-методии ДИС ДДТТ нашр гардидаанд, монанди китобҳои Азимов А. Ҷ., Маъруфхоҷаева Ҳ. «Нархгузорӣ», Азизов Ф. Ҳ «Курси назарияи иқтисод», Алиҷонов Ҷ. А. «Макроиқтисод: мафҳумҳои асосӣ, тестҳо ва масъалаҳо», Алиҷонов Ҷ. А. «Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни макроиқтисод»,  Азизов Ф. Ҳ., Азимов А. Ҷ. «Маҷмааи таълимию методӣ аз фанни макроиқтисод», «Маҷмааи таълимию методӣ аз фанни микроиқтисод», Азизов Ф. Ҳ., Юсуфов А. К. «Луғати мухтасари ибораҳои иқтисодӣ (тоҷикӣ-англисӣ) барои толибилмон ва донишҷўён». Солҳои охир устодони кафедра Ҳоҷиматова Ҳ. Р. ва Бобоев Ғ. Ғ. рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд.
Ҳоло дар кафедраи мазкур 13 нафар устодон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 10 нафар устодони муқимӣ, 1 нафар ҳамкори дохилӣ ва 2 нафар ҳамкори берунӣ, аз ҷумла 3 нафар профессор, 6 нафар дотсент, 1 нафар муаллими калон, 2 нафар ассистент ва 1 нафар лаборанткаи калон мебошанд.

Ному насаби устод

Унвон

Вазифа

Доимӣ ё муштараквазифа

 
1

Азимов Абдумавлон Ҷалилович

Номзади илми иқтисод

Дотсент, мудири кафедра

Штатӣ

2

Азизов Фаттоҳ  Ҳалимович

Доктори илми иқтисод

Профессор

Штатӣ

 3

Маҷидов Абдунасим Маҷидович

Номзади илми иқтисод

Дотсент

Штатӣ

 4

Алиҷонов Ҷамшед Абдуқаюмович

Номзади илми иқтисод

Дотсент

Муштарак-вазифаи дарунӣ

5

Аюбов Аминҷон

Номзади илми иқтисод

Дотсент

Штатӣ

6

Бобоев Ғуломҷон Ғафурҷонович

Номзади илми иқтисод

Дотсент

Штатӣ

7

Баротова Нурӣ Баротовна

Номзади илми иқтисод

Дотсент

Штатӣ

8

Абдусамадова Хуршеда Ғаниҷоновна

-

Муаллимаи калон

Штатӣ

9

Ғафурова Фароғат Каримовна

-

Ассистент

Штатӣ

10

Азимова Зулайхо Абдумавлоновна

-

Ассистент

Штатӣ

11

Абдуғаффоров А.

Доктори илми иқтисод

Профессор

Муштарак-вазифаи берунӣ

12

Исмоилов М.

Доктори илми иқтисод

Профессор

Муштарак- вазифаи берунӣ

13

Ҳакимова Наргиза Камолҷоновна

-

Лаборанткаи калон

Штатӣ


Дар ҷаласаи навбатии кафедра 

Корҳои таълимӣ-методӣ

Барномаи таълим дар асоси барномаи стандартҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Барномае, ки ҳар як устоди фан аз рўи он амал мекунад, чунин мақсад ва вазифаҳоро дарбар мегирад:
– тағйир додани мақсади таҳсилот;  
– қонеъ гардонидани талоботи рўзафзуни одамони алоҳида;
– оиди омўзиши касби иқтисод ба таври пайдоиш;
– ташаккул ва такомули иқтисод;       
– мақсади асосӣ баланд бардоштани сифати таълим, азхудкунии барномаҳои таълим аз тарафи толибилмон;
– ташаккули сифатҳои ахлоқии шахсияти донишҷўён, муносибати оқилона нисбат ба хониш ва корҳои ҷамъиятӣ;
– дар гурўҳҳо ташкил намудани муҳити эҷодӣ, принсипнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани масъулиятнокии ҳар як донишҷў;
– таҷрибаи пешқадами сарпарастони варзидаро омўхта, онро дар фаъолияти сарпарастони кафедра истифода бурдан;
– барои ташкили комплекси тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии донишҷўён ҳамкорӣ намуда, дар донишҷўён бедор кардани ҳисси муҳаббат ба Ватан, ишғол намудани мавқеи муайян дар ҷамъият, тарбияи ҷавонон дар асоси анъанаҳои миллӣ ва меҳанпарастӣ;
– барои хоҷагии халқи мамлакат муттасил тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, тарбия намудани муносибати бошуурона ба таълим, меҳнат, муҳаббат нисбати касби интихобшуда ва муҳофизат намудани моликияти донишкада;
– бедор намудани шавқу ҳавас, майлон ва дархости донишҷўён, муносибати тарафайни онҳо дар оила ва гурўҳҳо бо мақсади муттаҳид кардани эшон ва ҷомеа, ташкил, инкишоф, тарбияи фаъолон, ташаббускорӣ ва худидоракунӣ;
– ташкили кори эҷодии донишҷўён дар мавзўъҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ, пурмазмун гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, сиёсӣ, озмунҳо, дигар тадбирҳои ҷамъиятӣ;
– барои ташкили озмунҳо дар масъалаи корҳои эҷодию илмии донишҷўён, ташкили коллективҳои ҳаваскорони санъат, бахшҳои варзиш ва ҷамъиятҳои ихтиёрӣ, мусоидат барои баланд шудани сатҳи маданиятнокии донишҷўён;
– сабабҳои давомоти сусти донишҷўёнро муайян карда, ба онҳо ёрии амалӣ расонидан;
– андешидани тадбирҳои зарур оид ба нигоҳ доштани шумораи донишҷўён;
– таъмини ҳуҷҷатнигорӣ, ба қайд гирифтани тадбирҳои таълимӣ-тарбиявии гузаронида ва ҳоказо.

Дар Шўрои таълимӣ-методии кафедра
Ҳар ҳафта рўзи панҷшанбе соати 11:40 ҷаласаи кафедра гузаронида, дар он чунин масъалаҳо муҳокима карда мешаванд:

  1. Дар фаъолияти таълимию тарбиявии донишкада ба роҳ мондани Паёми Президенти ҶТ.
  2. Оиди иҷрои дарсиҳамоӣ, дарси кушоди устодони кафедра, таҳлили онҳо.
  3. Истифодаи воситаҳои аёнӣ ва муосири техникӣ дар раванди таълим.
  4. Ҳисоботи устодони кафедра оиди омода гардонидани комплекси таълимӣ, силлабус ва барномаи корӣ барои ғоибхонон аз фанҳои назарияи иқтисод,  макроиқтисод, микроиқтисод, таърихи афкори иқтисод.
  5. Ҷамъбасти кори кафедра оиди татбиқи корҳои илмӣ-методӣ дар раванди таълим ва оиди аз чоп баровардани дастурҳои таълимӣ-методӣ.
  6. Шунидани ахбори устодон оиди тафтиши корҳои назоратии донишҷўёни шўъбаи ғоибона.
  7. Нақшаи гузаронидани ҷашнҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳо.
  8. Оиди рафти корҳои таълимӣ-тарбиявӣ дар гурўҳҳо, давомот ва интизоми донишҷўён дар гуруҳҳои ба кафедра вобасташуда.
  9. Муҳокима ва тасдиқ намудани барномаи конфронси анъанавии устодон ва донишҷўён.
  10.  Ҳисоботи семинари таълимӣ-методӣ ва суратҷаласаҳо оиди рафти амали маҳфили илмии донишҷўён.

Комплексҳои таълимӣ-методӣ, дастурҳо, китобҳо

Якҷоя дар кафедра тайёр намудани маводи методӣ аз ҷониби устодони ботаҷриба ва ҷавон ба роҳ монда шудааст. Номгўи китобҳои таълимии дар дарсҳо истифодашаванда умуман 17 ададро ташкил медиҳад, ки рўйхати онҳо чунин аст:

  1. Азимов А. Дж., Бобоев Г. Г., Пулотова М. Х. «Макроэкономика», учебно-методический комплекс. Таджикматлубот. Институт экономики и торговли Таджикиского государственного университета коммерции. Худжанд, изд.-во «Наргис», 2012, 320 стр.
  2. Азизов Ф. Ҳ., Абдуғаффоров А., Ризоқулов Т. Р. «Курси назарияи иқтисод», дастури таълим. Хуҷанд, 2011.
  3. Азизов Ф. Ҳ., Бобокалонова Д. К., Муҳадбердиев Ҳ., Эргашев А. Э. «Курси назарияи иқтисод барои факултаҳои ғайрииқтисодӣ». Хуҷанд, 2009.
  4. Ашраф Эргашев, Фаттоҳ Азизов, Дилбар Бобокалонова «Курси назарияи иқтисод барои факултаҳои ғайрииқтисодӣ», қисми1. Хуҷанд, 2009.
  5. Ҳақбердӣ Муҳаммадбердиев, Фаттоҳ Азизов, Дилбар Бобокалонова «Курси назарияи иқтисод барои факултаҳои ғайрииқтисодӣ, қисми 2. Хуҷанд, 2009.
  6. Алиҷонов Ҷ. А., Алиҷонова С. А., Раҳмонов Ш. А. «Макроиқтисод: Мафҳумҳои асосӣ. Тестҳо ва масъалаҳо», дастури таълимӣ. Тоҷикматлубот, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
  7. Ҷ. Алиҷонов «Макроиқтисод», комплекси таълимӣ-методӣ. Тоҷикматлубот, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
  8. Азизов Ф. Ҳ., Азимов А. Ҷ., Муҳадбердиев Ҳ., Файзибоев М. М. «Маҷмааи таълимию методӣ аз фанни микроиқтисод».
  9. Азизов Ф. Ҳ., Азимов А. Ҷ., Нурбоев Н. М. «Маҷмааи таълимию методӣ аз фанни макроиқтисод».
  10. Юсуфов А. К., Азизов Ф. Ҳ. «Асосҳои иқтисод». Тоҷикматлубот, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо.  Нашриёти ДИС ДДТТ, Хуҷанд, 2011, 98 саҳ.
  11.  Юсуфов А. К., Азизов Ф. Ҳ., Каримов Ҳ. Луғати мухтасари ибораҳои  иқтисодии  тоҷикӣ- англисӣ. Хуҷанд, 2011, 104 с.
  12.  Azimov A. J., Boboev G. G., Pulotova M. Macroeconomics Tajikmatlubot institute of econоmy and trade of Tajik state university of commerce. H.2012, p320
  13.  Азизов Ф. Ҳ., Азизов Ҷ. Ф., Маҳмудов А. А., Маҳмудова Н. Ф. «Луғати калима ва ибораҳои иқтисоди бозоргонӣ». Хуҷанд, 2012, 188 саҳ.

14. Абдураҳмон Ҳакимов «Иқтисоди миллӣ: асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирӣ», воситаи таълимӣ барои донишҷўёни мактабҳои олӣ. Душанбе, нашриёти «Ирфон», 2010.
15. Алиджанов Дж. А. «Особенности импортозамещаюшего роста и предпосылки его реализации в переходной экономике Республики Таджикистан». Институт экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции. Худжанд, 2012.
16. Алиҷонов Ҷ. А., Ҳалимов И. М. «Мафҳумҳои асосӣ аз назарияи иқтисод» (микроиқтисод ва макроиқтисод). Хуҷанд, 2014.
17. Алиҷонов Ҷ. А., Ҳалимов И. М. «Маҷмўи масъалаҳо аз фанни макроиқтисод».  Хуҷанд. 2014.
18. Азимов А. Ҷ., Азизоф Ф. Ҳ. «Назарияи иктисод». Душанбе, «Ирфон», 2014
19. Азизов Ф. Ҳ.,   Азимов А. Ҷ., Муҳадбердиев Ҳ., Абдуғаффоров А. А., Азизов Ш. С., Рузиев У. Ш. «Назарияи иқтисод», маҷмааи методӣ оид ба  низоми кредитии таҳсилот. Душанбе, «Ирфон», 2015.

  1. Азизов Ф. Ҳ., Азизов Ш. С., Аминов И. «Луғати  калима ва ибораҳои иқтисодии бозоргонӣ». Душанбе, «Ирфон», 2015.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз равандҳои асосии фаъолияти до-нишкада маҳсуб ёфта, устодони кафедра баҳри баландбардории савияи дониши илмии хеш мекўшанд. Устодони кафедра мувофиқи нақшаи дурнамо барои солҳои 2016–2020 нақшаи инфиродии корҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мебаранд. Фаъолияти соли 2015-уми устодон дар нақшаи илмии инфиродии устод акс меёбад ва дар муддати соли равон иҷро карда мешавад. Нақшаи инфиродии илмии солона ҳамчун қисми нақшаи дурнамо дар давоми соли тақвим иҷро карда мешавад.

Муҳокимаи фаъолияти илмии устодони кафедра

Чӣ тавре аз таҳлили фаъолияти устодон дар иҷрои нақшаҳои инфиродӣ дида мешавад, аксари устодони кафедра нақшаҳои инфиродии илмии худро пурра ва барзиёд иҷро намудаанд. Натиҷаи иҷрои нақшаҳои инфиродии илмӣ дар шакли мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, монография ва дастурҳои таълимию методӣ ба табъ расонида шудааст.


Факултет: Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Просмотр: 8
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-