Факултет

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ соли 2010 дар заминаи кафедраи забонҳо таъсис ёфтааст. Фанҳои таълимии кафедра аз забони тоҷикӣ, педагогика ва психология, забони русӣ ва алифбои ниёгон иборатанд.  Солҳои 1999–2008 сарварии кафедраро н.и.ф., дотсент Абдуллоев Қ. Р. (кафедраи забонҳоро, ки фанҳои забони англисӣ ва забони арабӣ низ таълим дода мешуданд) ба ўҳда дошт.
Аз соли 2008 то соли 2015 н.и.ф., дотсент Раҳматова С. А. вазифаи мудири кафедраро ба зимма гирифт. Аз моҳи октябри соли 2015 инҷониб вазифаи мазкурро н.и.ф., дотсент Бобоев С. С. иҷро менамояд.
Ҳадафи асосии устодони кафедра ба шогирдон омўзонидани забони давлатӣ, инкишофи маданияти суханварӣ, бой гардонидани захираи луғавии донишҷўён аз рўи ихтисос, боз ҳам баланд бардоштани маданияти муоширати касбӣ, бедор намудани шавқу завқ нисбат ба адабиёти бадеӣ ва маводи матбуоти давр мебошад. Инчунин, омўзиши забони русӣ, азхуд намудани асосҳои илми замонавӣ ва инкишофи тафаккури тахассусии мутахассисони оянда яке аз самтҳои асосии фаъолияти устодони кафедра ба ҳисоб меравад.
Ҳайати профессорону устодони кафедраро 3 нафар номзадони илмҳои филологӣ, дотсентон Бобоев Сироҷиддин Салоҳович, Раҳматова Саодат Анваровна, Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна; 4 нафар номзадони илмҳои филологӣ, муаллимони калон Эшонова Дилором Турсунхоновна, Файзиева Сарвар Аҳмадовна, Тоҳирова Муҳайёхон Музаффаровна, Ҷалолова Фотима  Абдусаломовна, Майнусов Дониш; 1 нафар номзади илми педагогӣ, муаллимаи калон Манонова Раъно Абдураҳмоновна; 6 нафар муаллимони калон Лутфуллоев Дадоҷон, Холшехова Сарвар Аҳмадҷоновна, Шерматова Шаҳло Муқимовна, Ашрапова Матлуба Комиловна, Файзиева Дилбар Мамадҷоновна, Саидхоҷаева Мусаббеъхон Насимхоҷаевна ва 1 нафар ассистент Бобоҷонов Баҳодур Маҳмудович ташкил менамоянд. Инчунин, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ваҳобов Толиб ҳамчун ҳамкори беруна аз фанни алифбои ниёгон ба шогирдон сабақ меомўзонад.

Дар ҷаласаи навбатии кафедра

Дар кафедра якҷоя тайёр намудани маводи методӣ аз ҷониби устодони пуртаҷриба ва ҷавон ба назар мерасад.

Устодони кафедра ҳангоми машварати корӣ
Масалан, номзади илмҳои филологӣ Аҳророва Г. У. ва сармуаллим Лутфуллоев Д. китоби дарсии «Забони тоҷикӣ ва маданияти нутқ»-ро барои гурўҳҳои русӣ аз чоп бароварданд.
Аз тарафи устодони кафедра монографияҳои зерин ба чоп расиданд: «Ҷойҳгоҳи назми шифоҳӣ дар арўсии тоҷикони Бухоро»-и Бобоев С. С., «Феълҳои тафаккурии забони русӣ дар муқоиса бо тоҷикӣ»-и Раҳматова С. А., «Мафҳум ва моҳияти паронимҳо»-и Эшонова Д. Т., «Инъикоси чеҳраи зан дар осори адибони тоҷик»-и Аҳророва Г. У., «Шароитҳои педагогӣ ва фароҳамоварӣ дар ташкили таъсири мусбат бахшидани волидайнҳо ба фарзандон»-и Манонова Р. А., «Калимасозии феъл дар забони ҳозираи тоҷик»-и Ҷалолова Ф. А., «Феълҳои эмотсионалӣ – эҳсосӣ дар насри муосири тоҷик»-и Файзиева С. А., «Табу ва эвфимизмҳои забони русӣ ва тоҷикӣ»-и Тоҳирова М. М. ва ғайра.

Мудири кафедра ҳангоми баррасии масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим

Ҳоло аъзоёни кафедра аз рўи нақшаи дурнамои «Баъзе муаммоҳои  ташаккул додани нутқи шифоҳӣ ва хаттии иқтисоддонҳо» кор бурда истодаанд.


Факултет: Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Просмотр: 10
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-