Факултет

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ моҳи сентябри соли 2010 таҳти рақами 03/53 таъсис дода шудааст. Ҳайати устодони кафедра 19 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 13 нафар устодони штатӣ ва 6 нафар устодони ғайриштатӣ мебошанд, аз ҷумлаи устодони штатӣ:

  • устодони унвондор, номзадҳои илм – 6 нафар;
  • муаллимони калон – 8 нафар;
  • ассистентон – 5 нафар.



Роҳбарии кафедраро
номзади илми иқтисод
Шарипова М. Н. ба ўҳда дорад.

 

 

 

 








Роҳбарони таркибии сохтори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит:

  • роҳбари бахши барномаи идоракунии сифати таҳсилот – ассистент Содиқова Г. И.
  • роҳбари бахши корҳои таълимӣ-методӣ – муаллимаи калон Абдураҳмонова М. З.
  • роҳбари бахши корҳои илмӣ – ассистент Алиев А. Р.
  • роҳбари бахши маҳфили илмии донишҷўён бо унвони «Иқтисодчиёни ҷавон» – муаллими калон Ахмедов К. А.
  • роҳбари бахши корҳои тарбиявӣ – ассистент Тошматова М. А.

Дар кафедра барои беҳтар кардани корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ устодони пуртаҷриба фаъолият бурда истодаанд.
Ҳайати устодон ва аспиранту унвонҷўёни кафедра аз рўи самти «Муаммоҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар шаклҳои гуногуни моликияти хоҷагидорӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд.
Дар давоми солҳои хониши 2010-2015 аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 150 мақолаи пураҳамияти илмиву амалӣ, 1 монография, 2 китоби дарсӣ аз рўи самти таҳқиқоти кафедра нашр гардиданд. Аз ҷумла, 6 мақолаву маърўзаҳо дар маҷаллаву маҷмўаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба чоп расиданд. Дар самти корҳои таълимиву методӣ низ  амалҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Соли 2011 китоби дарсии Аминов И., Абдураҳмонов М. ва дигарон таҳти унвони «Нархгузорӣ» дар ҳаҷми 29,2 ҷузъи шартии чопӣ (432 саҳифа) аз чоп баромадааст. Инчунин, дастурҳои методӣ барои иҷрои корҳои хаттӣ, аз ҷумла нишондодҳои методии иҷрои корҳои санҷишӣ, корҳои курсӣ ва рисолаи дипломӣ тайёр карда шудаанд.

Кафедра дорои кабинети методӣ буда, он бо маводи ёрирасони дарсӣ, китобҳои электронӣ ва дастурҳои методӣ  таъмин аст.
Самти хеле умедбахш ва ояндадори фаъолияти кафедра тайёр намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва бурунмарзӣ аст. Имрўз кафедра масъули тарбияи мутахассисон аз рўи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит маҳсуб мегардад. Дар лаҳзаи феълӣ 55 нафар хатмкунандагони ихтисоси номбурда бо таҳқиқоти илмӣ дар доираи таҳияи рисолаҳои дипломӣ фаро гирифта шудаанд. Таҳти роҳбарии устодони пуртаҷриба 2 нафар донишҷўён барои иштирок дар озмуни «Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ» омода шуда истодаанд.
Кафедра ҳадафҳои зерини дурнаморо ҳамарўза пайгирӣ менамояд: муҳайё намудани шароит барои омодасозии  мутахассисони баландихтисос бо ҷалби устодони соҳибтаҷриба; истифодаи ҳаматарафаи дастовардҳои технологияҳои инноватсионӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти кафедра; батадриҷ омода намудани донишҷўёни ихтисосҳои марбути кафедра ба пажўҳиши касбӣ аз соли аввали таҳсил дар донишкада; мустаҳкам намудани робитаи илм ва истеҳсолот, дар ин замина дарёфт намудани лоиҳаҳои молияшаванда (аз тарафи донорҳои сатҳ ва шаклҳои гуногун) ва қабули супоришоти пардохтшаванда оиди таҳияи лоиҳаҳои дипломии дорои аҳамияти амалӣ.

Маводи тайёрнамудаи корҳои таълимӣ-методии устодони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Аминов И. А., Абдураҳмонов М. ва дигарон. «Нархгузорӣ», китоби дарсӣ.
Абдураҳмонов М., Қаюмов А. А. «Введение в специальность и основы научного исследования: Бухгалтерский учет, анализ и аудит» (учебник) 
Қаюмов А. А. «Маҷмўаи лексия аз фанни баҳисобгирии бухгалтерӣ».
Негматова М. А. «Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни аудит».
Ахмедов К. А. «Дастури методӣ аз фанни баҳисобгирии бонкӣ».
Тошматова М. А. «Маҷмўаи лексия аз фанни коргузории бухгалтерӣ».
Маводи тайёрнамудаи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Каюмов А. А. «Развития совместных предприятий в Республике Таджикистан». Худжанд, ООО «Меҳнатдўст», 2002.
Каюмов А. А. «Формирование и развитие совместного предпринимательства (на примере промышленных предприятий Согдийской области, Таджикистан)». Душанбе, «Ирфон», 2006.
Абдураҳмонов М. «Ташкил ва танзими нархгузории иқтисодӣ дар бозор». Хуҷанд, «Ношир», 2010.


Факултет: Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Просмотр: 4
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-