Факултет

Кафедраи молия ва қарз

Кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ моҳи сентябри соли 2010 аз таркиби кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит алоҳида гаштааст. Алҳол дар кафедра 16 нафар кормандони доимӣ, ки аз онҳо 2 нафар докторони илми иқтисод, 3 нафар номзадҳои илми иқтисод ва 11 нафар сармуаллимону ассистентон мебошанд, инчунин 5 нафар кормандони ҳамкор фаъолияти пурсамар бурда истодаанд. Дар дастоварду натиҷаҳои фаъолияти рўзмарра ва дурнамои кафедра ҳиссаи устодони пуртаҷриба, аз қабили дотсент Д. М. Исмоилова, н.и.и. М. Салимова, Б. Раҳматов, муаллимони калон Л. Т. Турақулова, Б. Ҳ. Ҳотамова, О. Самиҷонов, Г. М. Абдуҳамидова, И. М. Ҳалимов ва дигарон хеле босазост ва аспирантону унвонҷўён аз рўи самти «Муаммоҳои муосири молиявию қарзии тараққиёти иқтисодиёти миллӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд.
Таъсисёбии кафедра бо тағйирёбии шароити иқтисодии ҶТ, ки ба тайёр намудани мутахассисони ихтисоси молия ва қарз аз рўи самтҳои 25010407 – молия ва қарз дар фаъолияти берунаи иқтисодӣ, 25010402 – кори бонк, 250104030 – андоз ва андозбандӣ ниёз дорад, асосонок мегардад. Аз рўи ихтисосҳои дар боло оварда мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла бонкҳо, нозироти андоз ва шўъбаҳои молия то ба дараҷаи бакалавр ва магистр тайёр карда мешаванд. Кулли устодони кафедра барои баланд бардоштани сифати таълим саъю кўшиш мекунанд. Дар низоми кредитии таҳсилот донишҷўёни ихтисосҳои марбути кафедра нисбати фанҳои таълимии кафедра бо тамоми маводи таълим таъмин карда шудаанд.
Аз тарафи омўзгорони кафедра китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ, мавод барои гузарондани дарсҳои амалӣ, дастурҳо оид ба навиштани корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва дигар намуди маводи таълимӣ-методӣ омода карда шудаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2010, яъне аз оғози таъсисёбиаш, роҳбарии кафедраро олими ҷавону пурмаҳсул, иқтисодчии кордон, номзади илми иқтисод Д. М. Исмоилова ба зимма гирифт. Дар давоми як соли хониш ба Д. Исмоилова муяссар гашт, ки дар кафедраи навтаъсис фазои кори мусоидро барои ташкили раванди тадрис ва таҳқиқоти илмӣ фароҳам оварад.
Аз моҳи сентябри соли 2011 номзади илми иқтисод Т. М. Тўхтаев иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин гардид. Корҳои таълимӣ, илмиву методӣ ва тарбиявӣ дар кафедра вусъати тоза гирифтанд, ки ин аз заминаи қаблан созмонёфтаи кафедра дарак медод.
Дар давоми солҳои хониши 2010-11 ва 2011-12 аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 35 мақолаи пураҳамияти илмиву амалӣ, методиву касбӣ аз рўи самти таҳқиқоти кафедра нашр гардиданд. Аз ҷумла, 10 мақолаву маърўзаҳо дар маҷаллаву маҷмўаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба чоп расиданд. Дар самти корҳои таълимиву методӣ низ ҷунбиши ҷадиде эҳсос мегардад. Соли 2011 китоби дарсии Т. М. Тўхтаев таҳти унвони «Менеҷменти молиявӣ: назария ва амалия» дар ҳаҷми 32 ҷузъи шартии чопӣ (500 саҳифа) ба чоп омода гашт ва алъон дар марҳилаи дида баромадан тариқи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Назари тақризнависони дохилӣ ва беруна оиди китоби мазкур ин буд, ки доир ба масоили менеҷменти молиявӣ бо сабки хоси фан дар марзи ҷумҳурӣ то имрўз беназир аст ва бори аввал ба чоп омода гаштааст. Боиси қайд аст, ки китоби дарсии номбурда натиҷаи меҳнати зиёда аз даҳсолаи муаллиф буда, самтҳои муҳимтарини менеҷменти молиявиро дарбар мегирад ва барои доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст
Самти хеле умедбахш ва ояндадори фаъолияти кафедра тайёр намудани мутахассисони ҷавобгў ба ниёзҳои бозори меҳнати дохил ва бурунмарзӣ аст. Имрўз кафедра масъули тарбияи мутахассисон аз рўи ихтисосҳои молия ва қарз, андоз ва андозбандӣ, фаъолияти бонк маҳсуб мегардад. Соли хониши 2015-16-ум 106 нафар хатмкунандагони ихтисосҳои номбурда бо тадқиқоти илмӣ дар доираи таҳияи рисолаҳои дипломӣ фаро гирифта шудаанд. Таҳти роҳбарии устодони пуртаҷриба 15 нафар донишҷўён барои иштирок дар озмуни «Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ» омода шуда истодаанд.
Кафедра ҳадафҳои зерини дурнаморо ҳамарўза пайгирӣ мекунад: муҳайё намудани шароит барои омодасозии мутахассисони баландихтисос бо ҷалби устодони соҳибтаҷриба; истифодаи ҳаматарафаи дастовардҳои технологияҳои инноватсионӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти кафедра; ба тадриҷ омода намудани донишҷўёни ихтисосҳои марбути кафедра ба пажўҳиши касбӣ аз соли аввали таҳсил дар донишкада; мустаҳкам намудани робитаи илм ва истеҳсолот, дар ин замина дарёфт намудани лоиҳаҳои молияшаванда (аз тарафи донорҳои сатҳ ва шаклҳои гуногун) ва қабули супоришоти пардохтшаванда оиди таҳияи лоиҳаҳои дипломии дорои аҳамияти амалӣ.
Ҳоло дар кафедра 16 нафар устодони штатӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2 нафар докторони илми иқтисод, 4 нафар номзадҳои илми иқтисод, 11 нафар сармуаллимону ассистентонанд.
Номзади илми иқтисод Исмоилова Дилбар Мўминҷоновна мудири кафедра мебошад.
Аз рўи ихтисосҳое, ки дар боло овардаем, мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла бонкҳо, нозироти андоз ва шўъбаҳои молия бо дараҷаи бакалавр ва магистр тайёр карда мешаванд.
Дар кафедра устодони варзида, ба монанди Тўрақулова Л. Т., Ҳотамова Б. Х., Салимова М. М., Раҳматов Б. Б., Ҳафизова Р. А., Самиҷонов О., Ахмедова Д. А., Абдухамидова Г. М., Аҳмадҷонова Р. С., Орифҷонова Д. И. ва дигарон кору фаъолият бурда истодаанд. Кулли устодони кафедра барои баланд бардоштани сифати таълим саъю кўшиш мекунанд. Дар низоми кредитии таҳсилот донишҷўёни ихтисосҳои марбути кафедра нисбати фанҳои таълимӣ бо тамоми маводи таълим таъмин карда шудаанд.
Аз тарафи омўзгорони кафедра китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ, мавод барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, дастурҳои навиштани корҳои курсӣ, аз ҷумла рисолаҳои хатм ва дигар намуди маводи таълимӣ-методӣ омода карда шудаанд.


Аъзоёни кафедра

Корҳои таълимӣ-методии кафедра

Ҳаҷми корҳои таълимии кафедра соли таҳсили 2015-16 ба 17 732 соат баробар мебошад. Дар кафедра 26 номгўй фанни ҳатмӣ ва 22 номгўй фанни интихобӣ хонда мешавад.
Фаъолияти кормандони кафедра оиди чоп ва таҳияи адабиёти таълимию методӣ дар соли 2015:

  • Ҳотамова Б. Ҳ. “Сесад саволу чавоб оиди муомилоти пул, карз, бонкдорӣ”.
  • Исмоилова Д. М., Тӯрақулова Л. Т. “Дастури таълимӣ-методӣ”, маҷмўаи тестҳо ва масъалаҳо аз фанни молия.
  • Исмоилова Д. М. “Учебно-методическое пособие (сборник тестов) по предмету финансы”.
  • Тўрақулова Л. Т. «Молияи корхонаҳо», васоити таълим.
  • Абдуҳамидова Г. М. «Танзим ва назорати асъор» / комплекси таълимӣ-методӣ / Хуҷанд.
  • Ҳотамова Б. Ҳ., Ахмедов К. А. «Маҷмўаи масъалаҳо аз фанни ташкили фаъолияти Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ». Хуҷанд.
  • Ҳафизова Р. А., Абдурашидова М. А. «Фаъолияти бонкӣ» /васоити таълим/. Хуҷанд, «Даврон».
  • Исмоилова Д. М. «Дастури методӣ оиди гузаштани таҷрибаомўзии пешаздипломӣ барои хатмкунандагони ихтисосҳои марбути кафедра».
  • Ҳафизова Р. А. «Дастури методӣ оиди навиштани кори курсӣ аз фанни фаъолияти бонк барои донишҷўёни ихтисосҳои молия ва қарз ва фаъолияти бонк.
  • Хафизова Р. А. Методические рекомендации по выполнению курсовых работы по дисциплинам «Банковское дело» и «Учет и операционная деятельность в банках» для студентов спец. 060400, «Финансы и кредит» (очная и заочная форма обучения).
  • Хафизова Р. «Методические рекомендации по написанию дипломных работ для выпускников специальности «Финансы и кредит» и «Банковское дело».
  • Мӯминова Н. Р. «Дастури методӣ оиди корҳои курсӣ аз фанни молия, муомилоти пул ва қарз».
  • Мӯминова Н. Р. “Дастури таълимӣ-методӣ (маҷмӯаи тест ва масъалаҳо) аз фанни молия, муомилоти пул ва қарз”.
  • Ҳафизова Р. А. “Дастури таълимӣ-методӣ (маҷмӯаи тестҳо, масъалаҳо ва саволҳои санҷишӣ) аз фанни фаъолияти бонк”.
  • Салимова М. М. “Дастури таълимӣ-методӣ (маҷмӯаи масъалаҳо) аз фанни андозбандии корхонаҳои истеҳсолӣ”.

Бояд гуфт, ки дар кафедра барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷўён ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудаанд.
Мавриди қайд аст, ки дар кафедра синфхонаҳои лексионӣ бо тахтаҳои электронӣ, синфхонаҳои замонавӣ бо васоити техникӣ, аз ҷумла проектор ва компютерҳои муосир ҷиҳозонида, вобаста карда шудаанд.
Дар кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аҳамияти хоса зоҳир мекунанд. Мақсади асосии корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра, пеш аз ҳама, омўзиши масъалаҳои тараққиёти низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Унвонҷўёни кафедра Раҳматова З. И., Ҳалимов И. М., Мўминова Н. Р., Атаева Д. А., Абдурашидова М. А., Бобоев Ф. М. барои пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра боиси ғанӣ гардонидани донишҳои назариявию илмии устодон ва баланд бардоштани дараҷаи унвону такмили сифати машғулиятҳои таълимӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки кафедра иқтидори илмии хуб дорад, аз ҷумла соли ҷорӣ устоди ҷавони кафедра Раҳматова З. И. дар мавзўи  “Адаптация национальной банковской системы к условиям глобализации” рисолаи номзадӣ омода кард. Рисолаи номзадии мазкур ба Шўрои диссертатсионии Д737.009.01 назди ДДҲБСТ мавҷудбуда, барои муҳокима ва ҳимоя қабул карда шудааст. Устодони кафедра натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиро барои навиштани маводи таълим, дастурҳои методӣ, тайёр намудани маърўзаҳо барои конфронсҳо ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-назариявӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷўён бо номи «Молиячии ҷавон» амал мекунад. Дар он аъзоёни маҳфил бо маърўзаҳои худ доир ба масъалаҳои низоми молиявӣ, низоми бонк ва низоми андоз баромадҳои пурмўҳтаво мекунанд.

Корҳои тарбиявӣ

Ба кафедра 22 гурўҳи академии шўъбаи рўзона тааллуқ дорад, қисми
зиёди ин гурўҳҳоро устодони кафедра сарпарастӣ мекунанд. Дар гурўҳҳои сарпарастишаванда донишҷўён аз рўи самтҳои тарбияи ғоявӣ, миллӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, маърифат, ҳуқуқӣ, зебоипарастӣ, меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра аз рўи самтҳои асосии консепсияи  миллӣ тарбия карда мебошанд.

Устоди кафедра дар ҷашни наврўзии донишҷўён


Факултет: Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Просмотр: 4
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-