Факултет

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

FuzaylovКафедраи забонҳои хориҷии факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ кафедраи навбунёд буда, моҳи сентябри соли 2010 дар асоси қарори Шўрои олимони ДИС ДДТТ дар назди Донишкадаи иқтисодиёт ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Сарварии онро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фузайлов Р. Қ. ба ӯҳда дорад.


Дар кафедра 2 нафар номзади илми педагогӣ, 3 нафар номзади илмҳои филологӣ, 10 нафар муаллимони калон, 5 нафар ассистентон, 2 нафар мудири лаборатория ва 1 нафар лаборанти калон фаъолият мебаранд.
Дар кафедра номзадҳои илмҳои педагогӣ Фузайлов Р.Қ. ва Исоқов А.А., номзадҳои илмҳои филологӣ аз қабили Хоҷаева С., Камолов Ф. А., Маюнусов Д., 10 нафар муаллимони калон, аз ҷумла Мақсудова С., Зарипова М., Қурбонов Ҷ., Усмонова Ш., Бегматова С., Қаюмов А., Раҳимов Э., Сидиқова Г., Исмоилова М., Расулова Г. ва 5 нафар ассистентон аз қабили Насриддинова М., Давлатова Ч., Дадохонова М., Исломова П. ва Рустамзода Р. фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ мебаранд.
Ҳадафи асосии фаъолияти кафедра таълиму тадриси маҳорату малакаи забонҳои хориҷӣ ба муҳассилин бо мақсади истифодаи онҳо дар ҳаёти ҳамарӯза ва фаъолияти ояндаи касбиву иқтисодист. Рушд ва вусъатёбии алоқаҳои байналхалқӣ дар соҳаҳои гуногуни илм аз хатмкунандаи донишкада дониши пурраи забонҳои хориҷӣ, инчунин соҳиб гаштани чунин маърифати баланди забонро талаб менамояд, ки малакаи истифода бурда тавонистани онро дар соҳаи мувофиқ ба фаъолият таъмин намояд, ба мисли хонда тавонистани адабиёти соҳавӣ, муоширати равон бо ҳамкорони хориҷӣ, кори илмӣ, худомӯзӣ ва ғайра.


Дар заминаи кафедра дар донишкада Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ кушода шуда, дар он муаллимони соҳибтаҷриба Зарипова М., Бегматова С., Камолов Ф. ва Рустамзода Р. кор мекунанд. Дар маркази мазкур ва дар кафедра забонҳои англисӣ, арабӣ, лотинӣ ва чинӣ таълим дода мешаванд.
Дар муддати 4 сол кафедра ба як қатор комёбиҳо ноил гашт. Ду нафар омӯзгорон то ба имрӯз рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд ва як нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ мебошанд. Омӯзгор Камолов Ф. рисолаи номзадии худро таҳти унвони «Чиҳил ҳадис»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» ва омӯзгор Маюнусов Д. рисолаи номзадиашро бо номи «Антропонимҳои «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ» бомуваффақият ҳимоя намуданд. Айни ҳол тадқиқотчии ҷавони кафедра муаллима Исмоилова М. кори илмии худро зери унвони "Ҷойгоҳи расоили Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ дар насри ирфони форсу тоҷик" пеш бурда истодааст. Корҳои тадқиқотии унвонҷӯён Бегматова С. ва Сидиқова Г. ба муҳокима гузошта шудаанд.
Яке аз муаллимони ҷавони кафедра Исломова П. аз рӯи барномаи Эрасмус Мундус дар магистратураи Донишгоҳи политехникии шаҳри Валенсияи давлати Испания дар муддати 1 сол хонда, дар он ҷо рисолаи магистрии худро дар мавзӯи "Critical Analysis of Gender Bias in ELT textbooks in Republic of Tajikistan" бомуваффақият ҳимоя намуд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон ва донишҷӯён

Барои амалӣ гардонидан ва рушди иқтидори илмӣ ва тадқиқотии муҳассилин дар заминаи кафедра чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд:
1. Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз забони англисӣ.
2. Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии донишҷӯён "Донишҷӯ ва прогресси илмӣ-техникӣ".
3. Конференсияи илмӣ-амалии дохилидонишкадавӣ. Дар кафедра зери роҳбарии муаллимон Расулова Г. ва Исломова П. маҳфили илмии "Дебатчиён" амал мекунад. Аҳли маҳфил маротибае ҳар моҳ ҷамъ шуда, мизҳои мудаввар ташкил мекунанд, оиди мавзӯоти гуногун муаррифиномаҳо омода мекунанд. Дар раванди мубоҳиса ва муҳокимаҳои бардавом ҷавонон дониши худро сайқал дода, нутқи шифоҳӣ ва хаттиашонро ривоҷу равнақ медиҳанд ва маҳорату малакаҳои дониши забони хориҷиро мукаммал мегардонанд. Бозомӯзии омӯзгорон аз он далолат мекунад, ки аксарияти омӯзгорони кафедра курсҳои такмили ихтисосро дар Аврупо, Ҳиндустон, ИМА ва Душанбе аз рӯи барномаҳои омӯзишии ITEC, Erasmus Mundus, JFDP, SUSI, English Teacher's Mentor Program гузарондаанд. Соли 2011 омӯзгор Насриддинова М., соли 2012 омӯзгор Исмоилова М. ва соли ҷорӣ мудири лабораторияи лингафонӣ Расулова Н. такмили ихтисосро дар Донишгоҳи ба номи Йоҳаннес Кеплери шаҳри Линс, давлати Австрия гузарониданд. Соли 2012–2013 омӯзгор Исломова П. дар Донишгоҳи политехникии шаҳри Валенсияи давлати Испания дар курси магистратура хонда, дипломи магистрантӣ ба даст овард. Инчунин, соли 2013 муаллима Дадохонова М. такмили ихтисосро дар донишгоҳи мазкур дар кафедраи лингвистика гузаронд.
Муаллими калон, н.и.ф. Камолов Ф. соли ҷорӣ аз курси такмили ихтисос дар Донишгоҳи ба номи Гумболди шаҳри Берлин, давлати Олмон бомуваффақият гузашт. Мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фузайлов Р. Қ. соли 2013 бозомӯзии худро дар шаҳри Будапешт, давлати Венгрия гузаронд.
Муаллими калон Зарипова М. такмили ихтисосро дар Донишгоҳи Лендор, шаҳри Гринвуд, иёлати Каролинаи Ҷанубӣ, ИМА тайи 5 моҳ гузашт. Муаллимон Исоқов А. ва Камолов Ф. ҳам дар ИМА, дар шаҳрҳои Амхерст, иёлати Массачусетс ва Санта-Барбара, иёлати Калифорния дар донишгоҳҳои гуногун бозомӯзӣ гузарониданд. Дар итмоми бозомӯзӣ кулли омӯзгорон бо гувоҳномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Муаллимони кафедра дар омода ва чоп намудани дастурамалҳо, дастурҳои методӣ, маҷмӯаи тестҳо, корҳои санҷишӣ ва машқҳои таълимӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Аз соли 2010 то инҷониб омӯзгорони кафедра як қатор маводи таълимӣ ва дастурҳои методиву таълимӣ-методиро аз чоп баровардаанд:

Дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ

1. Мақсудова С. "Грамматикаи забони англисӣ дар таблитсаҳо". Хуҷанд, "Ношир", 2008.
2. Мақсудова С., Фузайлов Р. Қ., Сидиқова Г. "Корҳои санҷишӣ барои донишҷўёни шўъбаи ғоибона". Хуҷанд, "Ношир", 2010.
3. Камолов Ф. Arabic for Businessmen. Khujand, 2011
4. Камолов Ф., Давлатова Ч., Исмоилова М. "Худомўзии забони англисӣ", давраи аввал. Хуҷанд, 2012.
5. Фузайлов Р. Қ., Мақсудова С. "Луғати англисӣ-русӣ-тоҷикии касбӣ". Хуҷанд, ДИС ДДТТ, 2012.
6. Фузайлов Р. Қ., Хоҷаева С. О., Усмонова Ш. Х. "Нишондоди мухтасари грамматикӣ". Хуҷанд, ДИС ДДТТ, 2012.
7. Камолов Ф., Фузайлов Р. Қ. "Худомўзи забони англисӣ", давраи дуюм, 2013.
8. Камолов Ф. "Забони арабӣ". Хуҷанд, 2014.
9. Фузайлов Р. Қ., Аҳророва Г., Усмонова Ш. Х., Қаюмов А. А. "Луғати иқтисодии англисӣ-русӣ-тоҷикӣ (барои иқтисодчиён)". ДИС ДДТТ, Хуҷанд, 2014.
10. Мақсудова С., Фузайлов Р. Қ., "Грамматикаи забони англисӣ бо машқҳо". ДИС ДДТТ, 2014.

Монографияҳо

1. Камолов Ф. "Чиҳил ҳадис"-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва арзиши адабии он". Хуҷанд, 2014.
2. Камолов Ф. "Абдурраҳмони Ҷомӣ ва анъанаи чиҳилҳадиснависӣ". Хуҷанд, 2014.

Мақолаҳои чопшуда

1. Зарипова М. Zaripova M. Teaching US history before and after Independence of Tajikistan. Clemson University, South Caroline, 2013.
2. Исмоилова М. "Рисолаи Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ «Ақли сурх»". Паёми Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва тиҷорати Тоҷикистон, 2013.
3. Сидиқова Г. "Мушкилоти омонимияи байни забонҳо". Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Душанбе, 2014.
4. Исоқов А. Тошматова М. Modern Approaches in Developing writing Skills in English. Конференсияи байналмилалӣ дар Гуанҷоу, 2014.
5. Исмоилова М. "Нигоҳе ба достонҳои рамзии Сӯҳравардӣ". Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, №4/4 (140), 2014.
6. Kamolov F. Inculcating for sustaining pluralism in society. Santa-Barbara, California. 2014.

Факултет: Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ Просмотр: 4
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-