Факултет

Молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 2010 таъсис дода шуд.
Кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумруки Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд, дар асоси қарори Шўрои олимони ДДТТ аз сентябри соли 2010 дар ҳайати факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрук ва ҳуқуқ таъсис ёфтаст.
Зарурияти таъсисёбии кафедра бо тағйирёбии шароити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳаёти соҳибистиқлолии имрўзаи он, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои молшиносӣ ва мумайизи (экспертизаи) молҳои тиҷоратӣ – 25010900, фаъолияти гумрук – 96010100  ва иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот – 27010116 вобастагӣ дорад. Аз сентябри соли 2011 дар назди кафедра ихтисоси нави иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот (саноати сабук) ташкил карда шудааст.

Шиносномаи кафедра

Кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрук аз 1 сентябри соли 2010 дар назди ДИС ДДТТ таъсис ёфта, то ҳол фаъолият бурда истодааст.
Дар кафедра 16 нафар устодон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 9 нафар муқимӣ ва 7 нафар муштараквазифа мебошанд. Аз он ҷумла 6 нафар номзадҳои илм, аз онҳо 5 нафар дотсентон, 5 нафар муаллимони калон ва 4 нафар омӯзгор. Инчунин, дотсент Қобилов Н. Қ. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калон Исоев Ҳ. И. Корманди шоистаи Иттфоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллимаи калон Атаева Ф. А. Аълочии Иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и. Ҷалолов Н. М. дар ўҳда дорад. Кафедра дар ошёнаи якуми бинои  №2-и донишкада ҷойгир шудааст, ки ҷои кории устодони кафедра дар утоқи №125, ҷои кории мудири кафедра дар утоқи №117, ҷои нигаҳдории аёниятҳо дар утоқи №127 ва лабораторияи озмоишгоҳи ташхиси сифати маҳсулотҳои истеъмолӣ дар утоқи 114 мавҷуданд. Ҳаҷми умумии масоҳати онҳо 78,5 м2–ро ташкил медиҳад.


Факултет: Тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ Просмотр: 7
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-