Факултет

Математика олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

МАЪЛУМОТНОМА
дар бораи фаъолияти таълимии кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ
1. Мавҷудияти стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ ва корӣ вобаста ба ихтисосҳо. Матни лексия ва нақшаи машғулиятҳои амалии омўзгорон. Таҷрибаомўзии донишҷўён. Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот.
Кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар пояи кафедраҳои фанҳои умумитаълимӣ, иқтисодиёт ва соҳибкорӣ ташкил ёфтааст.
Ин кафедра тахассусӣ буда, тайёр намудани мутахассисони ихтисосҳои 40010202 – технология ва низоми иттилоот ва 250112 – «Информатикаи иқтисод иро ба ўҳда дорад. Мувофиқи ихтисосҳои номб ур да дар асоси стандарти давлатии таълими таҳсилоти олии тасдиқшуда фанҳои таълимӣ омўзонида мешаванд, ки дар онҳо нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ ва корӣ вобаста ба ихтисосҳо мавҷуданд. Мувофиқи қарордоди раёсати донишкада кафедра ба тадриси фанҳои марбут ба системаҳои иттилоот , математикаи олӣ ва консепсияҳои табиатшиносии муосир машғул аст. Омўзгорони кафедра дар асоси барномаҳои таълимии кории (силлабусҳо ) тартибдодаашон матни лексияҳо, маводи дарсҳои амалӣ, лабораторӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷў бо роҳбарии устод (КМРУ) машғулият мегузаронанд. Раванди таълим дар гурўҳҳои рўзона пурра ба низоми кредитӣ гузаронида шудааст. Дар гурўҳҳои ғоибона донишҷўёни курсҳои якум ва дуюм бо низоми кредитӣ таҳсил мекунанд.
Таҷрибаомўзии таълимии донишҷўён дар заминаи пояи моддӣ-техникии кафедра ташкил карда шудааст. Мувофиқи нақшаи таълим дар давоми ду ҳафта пас аз гузаронидани санҷишу имтиҳоноти сессияи тобистона барои ихтисосҳои 25011200 ва 4001020200 таҷрибаомўзии таълимӣ аз фанни информатика дар асоси маҷмўаи корҳои лабораторӣ гузаронида мешавад. Дар маҷмўаи корҳои лабораторӣ донишҷўён бо ҳалли мисолу масъалаҳои ба соҳаи иқтисодиёт алоқаманд шинос мешаванд. Дар интиҳои таҷрибаомўзӣ донишҷўён ҳисобот тайёр намуда, бо ҳимояи он баҳои ниҳоӣ мегиранд.
Таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён дар асоси муассисаҳои миёна ва калони вилояти Суғд, барои ихтисоси 4001020200 аксар дар муассисаҳои бонк ташкил ва гузаронида мешавад. Дар ин хусус дар байни донишкада ва муассисаҳо шартнома баста шудааст. Донишҷўён дар муддати 70 рўз бо сохтори муассиса, тартиби иҷрои кор дар он шинос мешаванд. Ба онҳо аз ҷониби кафедра ва муассиса мутахассисон роҳбарӣ менамоянд.
2. Таъминот бо кадрҳои омўзгорӣ. Омўзгорони доимӣ, ҳамкор ва дорои унвони илмӣ . Омўзгорони ҷавон то 35-сола, аз ҷумла,дорои  унвон ва дараҷаи илмӣ . Нақшаи такмили ихтисоси омўзгорон (ду соли охир) ва иҷрои он.

Ҳайати профессорон ва омўзгорони кафедра
Кафедра бо омӯзгорони кадрӣ таъмин мебошад. Дар он 20 омӯзгори штатӣ ва 3 омӯзгори муштараквазифа фаъолият доранд , аз ҷумла, 5 номзадҳ и илм, 2 дотсент, 8 сармуаллим, 10 ассистент.
Теъдоди омўзгорони ҷавони то 35-сола аз 8 нафар иборат аст. Нақшаи такмили ихтисос барои 5 соли охир дар кафедра таҳия карда, аз ҷониби омўзгорон иҷро шуда истодааст. Омўзгорон муаллими калон Усмонов Х. дар давоми 6 моҳ дар рухсатии эҷодӣ буда, ассистент Ахмедов М. аз такмили ихтисос гузашт ааст.
Олимони мо
1. Ҷабборов У. – н.и.ф.-м., дотсент, мудири кафедра.
2. Муминов М. – н.и.ф.-м., дотсент, роҳбари маҳфил.
3. Абдуллоев Ғ. – н.и.п., дотсент, роҳбари комиссияи методӣ.
4. Шарипов А.К. – н.и.ф.-м., дотсент.
5. Иброҳимов И.И. – н.и.ф.-м., дотсент, роҳбари семинар.
Унвонҷўён – омўзгорони калон
• Усмонов Х.Я. – роҳбари дастаи олимпӣ.
• Раҷабов Р.О.
• Негматов М.Т. – роҳбари дастаи олимпӣ.
• Эгамқулов М.
• Ҷабборов А.
Унвонҷўён – ассистентон
• Мамадхўҷаева М.
• Алимухамедова З.
• Маҳкамов М..
• Ғаниева М.
• Ахмедов М. – роҳбари маҳфил
• Дадобоева Г.
• Норбобоев Л.
Мудири кафедра

Ҷабборов Усмонхўҷа
Соли таваллуд: 1964
Маълумот: олӣ.
Соли 1987 ДДХ ба номи академик Б.Ғафуровро хатм намудааст.
Ихтисос: омўзгори фанҳои математика ва физика.
Вазифа: мудири кафедра аз соли 2015.
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои физикаю математика, дотсент.
Аз фанҳои мазкури кафедра машғулият мегузаронанд: математика, моделсозии риёзию иқтисодӣ, консепсияҳои табиатшиносии муосир.




3. Семинари илмию назариявӣ
1. Семинари илмию назариявӣ таҳти роҳбарии дотсент Иброхимов И.И. амал мекунад, котиби он ассистенти кафедра Мамадхўҷаева М. мебошад.
2. Нақшаи фаъолияти семинари илмию назариявӣ дар ҷаласаи кафедра тасдиқ карда шудааст ва ҳар моҳ аввали ҳафта дар синфхонаи № 42 соати 13:00 гузаронида мешавад.
3. Дар ҳар як ҷаласаи семинар мувофиқи нақша маърўзаи ду нафар устодон муҳокима карда мешавад ва натиҷаи он дар суратҷаласаи семинар бо замимаи мухтасари маърўза қайд карда мешавад.
4. Аз аввали сол то 12.01.2016 хамагӣ 4 маротиба ҷаласаи семинари илмию назариявӣ гузаронида шудааст.
Дар маҷмўъ 148 адад компютер, 1 адад ноутбук, 1 адад тахтаи электронӣ, 38 адад УПС, 7 адад принтер, 7 адад проектор, 1 адад экрани сафед, 4 адад тахтаи сафед, стенд (баннер) 25 адад асосан барои таълим ва иҷрои корҳои илмии устодон ва донишҷўёни ихтисосҳои тахассусии кафедра истифода бурда шуда  истодаанд.
Дар кафедра шумораи зиёди маводи мултимедӣ оид ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва фанҳои дақиқ б о забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, дастраси донишҷӯён гардидааст. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки мавзӯъҳои алоҳидаи фанни омӯхташавандаро ба таври инфиродӣ азхуд намоянд. Мумайизони (экспертҳо ) тахассусӣ татбиқ кардани ин технологияи инноватсиониро барои дигар таавассути ихтисосҳо ва кафедраҳои донишкада ба мақсад мувофиқ мешуморанд.

Бояд қайд намуд, ки компютерҳои мавҷуда бо барномаҳои компютерии системавӣ ва амалӣ таъмин мебошанд. Мутаассифона, аз барномаҳои компютерӣ ягонтоашон литсензия надоранд.
4. Таъминот бо адабиёти таълимӣ ва методӣ дар китобхона оид ба ихтисосҳо
Дар китобхонаи донишкада зиёда аз 1000 номгўи китобҳои чопӣ аз фанҳои тахассусии технологияҳои иттилоотӣ ва дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 1500 китоби электронӣ мавҷуд аст. Дар кафедра зиёда аз 100 номгўй дастурҳои таълимӣ-методӣ таҳия намуда, дастраси донишҷўён мебошанд.
5. Корҳои мустақилона ва инфиродии донишҷўён
Аз ҷониби омўзгорони кафедра маҷмўаи корҳои мустақилона ва инфиродии донишҷўён таҳия намуда, дар ҷараёни таълим истифода бурда мешаванд. Асосан корҳои мустақилонаи донишҷўён ба омўзиши технологияи нави иттилоотӣ равона карда шудааст. Дар ин ҷода таваҷҷўҳи донишҷўён ба омўзиши истифодаи техника ва технологияҳои муосир бештар ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ равона шудааст.
8. Фаъолияти кормандони муассисаи таълимӣ, факултет ва кафедраҳо оид ба таҳия ва чоп намудани адабиёти таълимию методӣ (бо номгўи онҳо дар тўли се соли охир).
Маълумот оиди нашри мавод и таълимӣ ва илмии устодону профессорони кафедра


Номгўи мавод

Ҷои нашр, саҳифа

Ҳаҷм, ҷ.ч.

Ҳаммуаллифҳо

1.

Консепсияҳои табиатшиносии муосир, комплекси таълимию методӣ

ДИС ДДТТ, 2013, 146 с.

9

Ғаффоров А., Иброҳимов И.И.

2

Концепции современного естествознания, учебно-методический комплекс

ИЭТ ТГУК, 2013, 176 с.

11

Гаффоров А., Иброгимов И.И.

3

Маҷмўаи корҳои лабораторӣ
аз фанни информатика

ДИС ДДТТ, 78 с.

4,25

Иброҳимов И.И., Мамадхӯҷаева М., Ғаниева М., Дадобоева Г., Норбобоев Л.

4

Маҷмўи мисолу масъалаҳои тестӣ
аз математика

ИЭТ ТГУК, «Даврон» Хуҷанд, 2013, 260 с.

16

Юсупов А.К.
Муминов М.

5

Маҷмўи мисолу масъалаҳои тестӣ аз математика барои довталабон

ИЭТ ТГУК, «Даврон» Хуҷанд, 2013, 80 с.

5

Юсупов А.К. Муминов М.

6

Васоити таълимӣ аз математикаи олӣ барои донишҷўёни курси 1-юми шўъбаи ғоибона

Хуҷанд , ДИС ДДТТ, 2014, 72 с.

4,5

Мўминов М., Шарипов А., Мамадхўҷаева М.

7

Васоити таълимӣ аз математикаи олӣ барои донишҷўёни курси 2-юми шўъбаи ғоибона

Хуҷанд , ДИС ДДТТ, 2014, 72 с.

4,5

Мўминов М., Шарипов А., Мамадхўҷаева М.

8

Сборник лабораторных работ по информатике

ДИС ДДТТ, 2014, 116 с.

9

Иброгимов И.И., Алимухамедова З., Эгамкулов М.

9

Дастури методӣ барои иҷрои корҳои мустақилона аз фанни информатика барои донишҷўёни шўъбаи ғоибона

ДИС ДДТТ, 2014, 40 с.

11

Иброҳимов И., Алимухамедова З.

10

Программа, методические указания и контрольные задания по высшей математике (в помощь студенту заочного отделения) ; учебно-методическое пособие (на тадж. языке).

Худжанд:
ИЭТ ТГУК:,
2014, 44 с.

3

Абдуллаев Г.

11

Васоити таълимӣ "Асосҳои математика"

Хуҷанд:
ДИС ДДТТ,
2014, 130 с.

8

Муминов М., Абдуллоев Ғ.

12

Комплекси таълимию методӣ "Мавод и амалӣ аз математика"

Хуҷанд:
ДИС ДДТТ,
2014, 120 с.

7

Муминов М., Абдуллоев Ғ.

13

Комплекси таълими методӣ аз фанни "Веб-дизайн (қисми назариявӣ)"

Хуҷанд:
ДИС ДДТТ,
2014, 132 с.

8

Ҷабборов А.,
Ахмедов М.

14

Методическое пособие "Языки Веб-программирования PHP ва MySQL"

Худжанд:
ИЭТ ТГУК,
2014, 148 с.

9

Джабборов А.

15

Методическое пособие "Исследование эффективности солнечных оборудований"

Записки учёного ХГУ им. академика Б. Гафурова, 2014

3

Иброгимов И.И., Салиев М.А.,
Назаров Р.Р.

16

Маводи таълимӣ аз фанни тиҷорати электронӣ бо забони русӣ (ба чоп супорида шудааст)

Худжанд:
ИЭТ ТГУК,
2015, 148 с.

9,3

Алимухамедова З., Ҷабборов А.

17

Китоби дарсӣ «Арифметика дар саволу ҷавоб ва усулҳои тези ҳисоб» (ба Вазорат фиристода шудааст)

Хуҷанд: ДИС ДДТТ, 2015, 152 с.

9,3

Азизов Ф. Ҳ.,  Нозимов А. Б.

6. Корҳои ташкилӣ-тарбиявӣ
1. Ширкат дар семинарҳои илмӣ-методӣ ва Шӯроҳои донишгоҳ.
2. Сарварӣ ба маҳфилҳои ташкилию тарбиявии донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳо.
3. Кор ба сифати сарпарасти гypӯҳ.
4. Кор ба сифати сарвари созмони ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишгоҳ.
5. Гузаронидани ҷашнҳо, мусобиқаҳои варзишӣ дар донишгоҳ.

7. Корҳои илмию методӣ
1. Коркарди барномаҳои нави таълимӣ.
2. Коркарди барномаҳои корӣ.
3. Таҳияи барномаҳои нави таҷрибаомузӣ.
4. Коркарди дастурҳои таълимию методӣ оид ба корҳои амалӣ, лабораторӣ, санҷишӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ.
5. Ба чоп омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва маводи дигари таълимию методӣ.
6. Проблемаҳои компютеронии идоракунии муассисаҳо.
7. Проблемаҳои коркард ва татбиқи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт.
8. Методикаи сохтани системаҳои автоматикунонидашуда.
9. Проблемаи методҳои таълимии математикаи олӣ барои иқтисодшиносон.
10. Проблемаҳои фалсафии табиатшиносии муосир.
8. Фаъолияти илмию методӣ
1. Коркарди барномаҳои нави таълимӣ.
2. Коркарди барномаҳои корӣ.
3. Таҳияи барномаҳои нави таҷрибаомӯзӣ.
4. Коркарди дастурҳои таълимию методӣ оид ба корҳои амалӣ, лабораторӣ, санҷишӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ.
5. Ба чоп омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва маводи дигари таълимию методӣ.
6. Тайёр намудани конспекти лексияҳо барои соли хониш.
7. Тартиб додани билетҳои имтиҳонӣ, саволномаҳои санҷишӣ, тестҳо ва масъалаҳо барои онҳо.
8. Иштирок намудан дар конф р онс ҳои илмию методӣ.
9. Ташкил намудани озмунҳои дорои характери таълимию методӣ ва илмӣ барои донишҷӯён.
10. Иштирок ба дарсҳои устодон.
11. Ташкили дарсҳои кушод.
12. Фарогирии устодони кафедра бо курсҳо ва факултаҳои такмили ихтисос.
9. Фaнҳои таълимӣ
1) Математикаи олӣ.
2) Информатика.
3) Мошинҳои ҳисоббарор, шабака ва системаҳои телекоммуникатсионӣ.
4) Технологияи компютерӣ.
5) Асосҳои алгоритмсозӣ ва забонҳои барномасозӣ.
6) Таҳлили системавӣ.
7) Технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт.
8) Назарияи системаҳои итттилоотии иқтисодӣ.
9) Системаҳои оператсионӣ.
10) Муқаддимаи ихтисосҳои 4001020200 ва 25011200.
11) Базаи маълумот ва донишҳо.
12) Коркард ва истифодаи дастаи барномаҳои амалӣ дар иқтисодиёт.
13) Лоиҳасозии системаҳои иттилоот дар иқтисодиёт.
14) Логистикаи иттилоот .
15) Назарияи идоракунии оптималии системаҳои иқтисодӣ.
16) Моделсозии равандҳои иқтисодӣ.
17) Технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти бонк .
18) Автоматикунонии амалиёти бонк .
19) Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт.
20) Ҷои кори автоматикунонида и муҳосиб.
21) Ҷои кори автоматикунонида и маркетолог.
22) Технологияи иттилоотии дар идоракунӣ.
23) Технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ.
24) Технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти гумрук .
25) Воситаҳои ояндадори коркард ва интиқоли и ттилоот.
26) Иктисодиёти информатика.
27) Консепсияҳои табиатшиносии муосир.
28) Web-дизайн.
10. Осори илмию методии солҳои 2014–2015
• 4 адад комплекси таълимию методӣ;
• 3 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ;
• 6 мақола дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ;
• 24 мақола дар маҷмӯаҳои донишкадавӣ.


Факултет: Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ Просмотр: 15
Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-