Нашрия

Шўъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ

Шўбаи робитаҳои байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ 1 сентябри соли 2009 бо фармони ноиб-ректори КЯТ ДДТТ таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии он рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотию методии муассисаи таҳсилоти олӣ, такмил додани  ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмиллалӣ, муассисаҳои таълимӣ, мукаммал гардонидани  раванди таълим ва баланд бардоштани  сифати  тайёркунии кадрҳо дар асоси истифодаи  таҷрибаи байналхалқӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар системаи кредитии таълим мебошад.
1. Сохтори шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо чунин кормандон фаъолият мебаранд:
1.1. Мудири шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии ДИС ДДТТ Юсупов А. К.
1.2. Мутахассиси кор бо донишҷўёни хориҷӣ Қаюмова З. З.
Мақсади асосии шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ин рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва алоқаи зичи дуҷонибаи ДИС ДДТТ бо донишгоҳҳои мамолики дунё мебошад. Вазифаи асосии сохтор иборат аз таъминоти техникӣ ва иттилоолию методии муассисаҳои байналхалқии дунё, инчунин истифодаи таҷрибаҳои байналхалқӣ барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён ва тайёр кардани мутахассисони муосир мебошад.

Айни ҳол ДИС ДДТТ бо 115 Донишгоҳҳои бонуфузи мамоликҳои дунё ҳамкорӣ ва алоқаи зич дорад, ки Донишгоҳҳои зерин аз ҷумлаи онҳоянд:

- Донишгоҳи шоҳии технологии Шветсия, (KTH Royal Institute
of Technology), (2008 с.);
- Донишгоҳи Олмон (Carl von Ossietzky Universitat);
- Донишгоҳи Фаронса (University of Technology of Belfort-Montbeliard);
- Донишгоҳи Австрия (Johannes Kepler University Linz);
- Донишгоҳи Итолиё (Politecnico di Torino, University of L'Aquila);
- Донишгоҳи Испониё (Universidad Politecnica De Valencia);
- Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Россия;
- Донишгоҳи кооператсияи Сибир;
- Донишгоҳи иқтисод ва савдои ш. Москва;
- Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белорус ш. Гомел;
- Донишгоҳи давлатии технологии Житомир (Украина);
- Донишгоҳи менеҷмент, иқтисод ва ояндабинии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон КИМЕП), Алма-Ато;
- Донишгоҳи Аллома Табо-Табоии Ҷумҳурии ислоии Эрон (ш.Теҳрон).
Омўзиши таҷрибаи пешқадами чунин донишгоҳҳои пешқадами Шветсия ва Аврупо барои рушди робитаҳои байналмилалӣ дар ДИС ДДТТ дар таҳияи нақшаҳои кор барои солҳои оянда баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот, бешак, кўмак хоҳад расонд.

Донишгоҳ бо созмонҳои байналмиллалии зерин ба монанди:

- фонди «Сорос»;
- фонди «Евразия»;
- фонди «ЮСАИД»;
- корпоратсияи «ПРАГМА»;
- корпоратсияи «КАРАНА»;
- барномаҳои Эрасмус Мундус;
- «ТЕМПУС»-и Иттиҳоди АВРУПО;
- барномаи «Фулбрайт»-и ИМА фаъолона ҳамкор дорад.

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-