Довталаб - 2017

БА ДИҚҚАТИ ДОВТАЛАБОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ!
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
 ТИҶОРАТИ  ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ)
 қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.


Ҳадафи асосии Донишкада амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад. Бо ин мақсад дар Донишкада тайёр намудани мутахассисон дар асоси ҳаматарафа омўзонидани  а) донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ; б) сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ; в)технологияҳои инноватсионии муосир; г) на кам аз 3–4 забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Ҳуҷанд» (ДИС ДДТТ) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълим (АУ № 0001160 аз 8-уми ноябри соли 2012), шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии (ИА 0000797 аз 07-уми июни соли 2016)-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Дар ДИС ДДТТ 234 нафар омўзгорон, аз ҷумла 11 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 80 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 6 нафар магистрҳои илм фаъолияти таълим, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омўзгорон дар гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд. Аз ҷумла, дар ин гурўҳҳо устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари, Ребека Виллер, Шерон Сатурнс ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сяоюй дарс додаанд.
Намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ва устодони донишгоҳҳои хориҷӣ таассуроти худро оиди ташриф ба донишкада чунин баён намудаанд... 

Хонума Патрисиа Виверс-Картер – намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дониш ва забондонии донишҷўён баҳои баланд дод.

– Суҳбат бо донишҷўёни донишкада хеле ҳам шавқовар баргузор шуд, зеро ки онҳо дар раванди лексия сатҳи баланди дониш ва забондонии худро нишон доданд. Бо донишҷўёни ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ оид ба мавзўи «Нақши ниҳодҳои байналхалқии молиявӣ дар ҳалли муаммоҳои иқтисодии Тоҷикистон» лексия гузаронидам. Аз он қаноатманд гаштам, ки донишҷўён ба суолҳои гузошта шуда озодона бо забони англисӣ фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

– Ҳадафи асосии сафаримо, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мебошад ва воқеан ман аз сатҳи баланди донишандўзӣ, фарогирифтани ихтисосҳои иқтисодӣ ва забондонии донишҷўёнро зиву мамнун гаштам. Оянда ният дорем, муддат як-ду моҳҳам устодон ва ҳам донишҷўёни мо дар доираи барномаи ФУЛБРАЙТ ба Донишкадаи иқтисод ва савдо биёянд ва дар навбати худ устодону донишҷўён аз шаҳри Хуҷанд ба ИМА ташриф оварда, маҳорат ва дониши худро сайқал дода, таҷрибаомўзӣ намоянд.

Доктор Марсел Минутоло, устоди            Донишгоҳи Роберт Моррис  (ИМА) ба донишҷўёни   гурўҳи  таҳсил    бо забони англисӣ лексия мехонад.

Дар феҳристи макотиби таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст,  Донишкада бо  рамзи 211 ва навиштаҷоти ДИС ДДТТ сабт шудааст.
Қабули донишҷӯён барои таҳсил дар ДИС ДДТТ аз рӯи кластерҳо ва ихтисосҳои зерин амалӣ мешавад:


Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисос

Шакли таҳсил

Забони таҳсил дар шуъбаи рӯзона

Забони таҳсил дар шуъбаи ғоибона

рўзона

ғоибона

Аз рӯи кластери 2 – ихтисосҳои иқтисодӣ ва географӣ

1

125010407

Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна

+

+

тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ

тоҷикӣ ва русӣ

2

1250103

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

+

+

англисӣ ва русӣ

англисӣ

3

 12501081204

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

4

125010718

Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

5

125010403

Андоз ва андозбандӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

6

125010402

Кори бонкӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

русӣ

7

1960101

Хадамоти гумрукӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

8

1260202

Менеҷмент

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

9

1250112

Информатикаи иқтисодӣ

+

+

тоҷикӣ

тоҷикӣ

10

140010202

Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

+

-

тоҷикӣ

-

11

127010116

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати сабук)

+

-

тоҷикӣ

-

12

1260203

Маркетинг дар бозори байналмилалии молу хадамот

+

-

тоҷикӣ

-

13

1250109

Молшиносӣ ва муоинаи мол

+

+

тоҷикӣ

тоҷикӣ

14

1250151

Тиҷорат дар бозори берунӣ

+

+

тоҷикӣ

русӣ

15

1260101

Идораи мақомоти маҳаллӣ

+

+

тоҷикӣ

тоҷикӣ

Аз рӯи кластери 4 – ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

1

1240103

Ҳуқуқи иқтисодӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

2

124010104

Ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ

+

-

тоҷикӣ

-



Ҳаитбобоева Мадина, донишҷўи курси 1-уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ

– Ман баъди тарғибу ташвиқ ва шиносоии комил дар бораи ДИС ДДТТ тасмим гирифтам, ки дар Маркази миллии тестӣ ин донишкадаро интихоб намоям. Интихоби ман иштибоҳ набуд, балки боиси сарфарозию сарбаландӣ гардид, ки дар чунин як донишкадаи хеле бонуфуз сазовори номи донишҷў гардидам. Бо ин донишкада ва ихтисосҳое, ки ин ҷо омода мекунанд, тавассути варақаҳои рекламавӣ шинос гаштам ва як гурўҳи устодону донишҷўён ба мактаби мо низ ташриф оварда, дар бораи шарту шароит ва ихтисосҳои донишкада маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Баъди маслиҳату машварат бо падару модар, устодон ва дўстон тасмим гирифтам, ки бояд дар ин донишкада таҳсил намуда, соҳиби ихтисос ва маълумоти олии касбӣ гардам. Мехостам, ба ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ дохил шавам ва имрўз шоду масрурам, ки ба мақсади хеш расидам ва баҳри он талош менамоям, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, сазовори бовари падару модар, устодон ва дўстони хеш гардам.

– Дар бораи рейтинг ва мақоми донишгоҳҳои кишвар пайваста мақолаҳо мехондам ва баъди он ки фаҳмидам, ДИС ДДТТ беҳтарин мутахассисонро ба бозори меҳнат омода менамояд ва барои забономўзии донишҷўён ҳамаи шароит омодааст, бо азму иродаи қавӣ ин донишкадаро интихоб намудам. Хушбахтам, ки сазовори номи донишҷў гаштам ва ифтихор аз он менамоям, ки аз рўи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо забони англисӣ таҳсил намуда истодаам. Сатҳи баланди забономўзӣ дар донишкада ба ман имкон дод, ки соли 2014 дастаи ENACTUS-и донишкадаро дар шаҳри Пекини Хитой муаррифӣ намоям. Донишҷўён дарсҳоро бо истифода аз тахтаҳои электронӣ ва компютерҳои ба Интернет васлгашта, видео-телекоммуниктсия, асбобҳои шунавоӣ ва дигар васоити таълим меомўзанд. Албатта, ин ҳолат ва шароити хуби донишандўзӣ ҳар як хатмкунандаро водор менамояд, ки дар интихоби донишкада ба иштибоҳ роҳ надода, маҳз ДИС ДДТТ-ро интихоб намояд. 


Юлдошев Диловар, донишҷўи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ

 

ДИС ДДТТ солҳои охир ба як қатор дастовардҳои намоён ноил гардида, ба Шумо довталабони гиромӣ, имконият ва кафолатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

1.  Донишкада ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣпурра шомил гашта, таҳсил бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.
2. Имрўз донишкада ба гурўҳҳои забони таҳсилашон англисӣ диққати аввалиндараҷа дода, таълими ҳамаи фанҳоро пурра бо забони англисӣ ба роҳ мондааст ва мунтазам олимону профессорон аз давлатҳои Аврупо ва ИМА ба ин гурўҳҳо даъват мешаванд.
3. Пояи моддию техникӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, таълим дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, толорҳои лексионӣ, утоқҳои лингафонӣ, лабораторияҳо амалӣ мешавад. Айни замон дар донишкада зиёда аз 550 компютерҳои замонавӣ ба шабакаи баландсуръати Интернет пайваст карда шудаанд. Барои донишандўзӣ, донишҷўён аз китобхонаҳои муқаррарӣ ва электронӣ бо хазинаи 150 ҳазор адад китоб, синфхонаи Интернет бо 50 компютери замонавӣ ва дигар имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд бурд.
4. Дар ДИС ДДТТ ҳар як донишҷўй имкон дорад 3-4 забони хориҷиро дар сатҳи баланд азхуд намояд. Бо ин мақсад дар донишкада “Маркази инноватсионии омўзиши забонҳои хориҷӣ” бо омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ ва ҳамзамон барои омўзиши забони хитоӣ “Маркази забон ва фарҳанги Хитоӣ” ташкил карда шудаанд.
5. Дар Маркази омўзиши соҳибкорон пайваста курсҳо оид ба азхудкунӣ ва тартиб додани бизнес-нақшаҳо, 1С муҳосибот, технологияҳои муосири компютерӣ ва кор бо ҳукумати электронӣ, андозбандӣ, нархгузорӣ ва омўзиши малакаҳои пешхизмат ташкил карда мешаванд. Инчунин, дар донишкада паркҳои технологии таълимии «Дўхтани либосҳои замонавӣ» бо омўзонидани курсҳои буррандагию дўзандагӣ, «Гиёҳҳои дорувории вилояти Суғд» ва «Молия ва соҳибкорӣ» амал мекунанд.
6. Донишкада узви барномаҳои байналмилалии ERASMUS MUNDUS, FULBRIGHT ва TARGET II буда, бо зиёда аз 120 донишгоҳҳои Аврупо, ИМА, Осиё ва ИДМ созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Донишҷўён ва магистрҳо тибқи ин барномаҳо имконияти давом додани таҳсил ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ (Олмон, Италия, Испания, Венгрия, Амрико) доранд.
7. Иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии донишҷўён дар соҳибкории озод – ENACTUS. Солҳои охир дастаи ENACTUS-и Донишкада дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ш. Куало–Лумпури Малайзия (с. 2011), ш. Кангуни Мексика, Созмони Милали Муттаҳид (ИМА, с. 2013), ш. Пекини Хитой (с. 2014) ширкат варзида, Парчами ҷумҳурии азизамонро борҳо баланд афрохтааст. Соли 2016 бошад дастаи ENACTUS – и Донишкада дар байни 5 дастаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал гардида, барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон ба шаҳри Торонтои Канада роҳхат гирифт;
8. ДИС ДДТТ барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати таълим ва дониши донишҷўён сол то сол иштироки онҳоро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо таъмин менамояд. Донишкада таи се соли охир дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ» байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар се ҷои аввал қарор дорад. Донишҷўён дар Олимпиада барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Олимпиадаи аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилнамуда иштирок карда, ҳамасола сазовори мақомҳои ифтихорӣ мегарданд. Ҳангоми ғолибият дар олимпиадаҳо донишҷўён имконияти аз пардохти маблағи таҳсил озод шуданро доранд.
9. Ҳамасола донишҷўёни донишкада барои таҳсили хубу аъло сазовори идрорпулиҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, Раисони шаҳру ноҳияҳо, директори донишкада, грантҳои берунӣ ва дохилии кишвар мегарданд. Соли равон 13 нафар донишҷў ва 6 нафар магистрону аспирантон ба гирифтани идрорпулии Раиси вилояти Суғд мушарраф гаштанд;
10. Дар майдончаи варзиши замонавӣ бозиҳои волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш байни донишҷўён пайваста баргузор мегарданд. Барои устодону донишҷўён толори варзиши замонавии “Фитнес” ба истифода дода, дар он 14 тренажер, 4 тенниси рўи миз ва дигар таҷҳизоти варзишӣ гузошта шудаанд.
11. Барои довталабон дар донишкада курсҳои тайёрӣ бо ҷалби устодони пуртаҷриба амал мекунад. Ҳамчунин, донишкада барои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон аз ҳама гуна имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баъд аз хатм онҳо дар асоси шартномаҳои тарафайн ва иштирок дар озмунҳо бо ҷои кор таъмин мешаванд.
12. Биноҳои таълимии донишкада (ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корию ёрирасон) дар даври сармо ба тариқи марказонидашуда то ҳарорати муқаррарӣ гарм карда мешаванд.

 

Барои машварат ба суроғаи донишкада: ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 169. Тел: (83422) 6-03-21, 4-08-63,
факс (992 3422) 4-33-15, сомонаҳои: www.iet.tj E-mail:  info@iet.tj муроҷиат намоед.
Марҳамат ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!

Сана: 2017-02-24

Азназаргузарониҳо: 16



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-