Ба диққати довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

БА ДИҚҚАТИ ДОВТАЛАБОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ!

 

ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

    Ҳадафи асосии Донишкада амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мебощад. Бо ин мақсад дар Донишкада  масъалаҳои ҳаматарафа омўзонидани 
1) донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ; 2) сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ; 3) технологияҳои инноватсионии муосир; 4) на кам аз 3-4 забонҳои хориҷӣ ҳалли худро ёфтаанд.

    Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ) тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оиди ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълим (АУ №0001160 аз 8-уми ноябри соли 2012), шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии (АУ №0000144 аз 10-уми майи соли 2011)-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Гурўҳи коршиносони хориҷӣ – экспертҳои байналмилалӣ аз давлатҳои Фаронса, Испониё, Қазоқистон, Қирғизистон ба аккредитатсияи байналмилалӣ омода будани донишкадаро эътироф намуданд.

Дар феҳрести макотиби таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ки Маркази миллии тестӣ (ММТ) муқаррар кардааст, Донишкада бо  рамзи 211 ва навиштаҷоти ДИС ДДТТ сабт шудааст.

Қабули донишҷӯён барои таҳсил дар  ДИС ДДТТ  аз рӯи кластерҳо ва ихтисосҳои зерин амалӣ мешаванд:


Рамзи ихтисос

Номгўи ихтисос

Шакли таҳсил

Забони таҳсил дар шўъбаи рўзона

Забони таҳсил дар шўъбаи ғоибона

рўзона

ғоибона

Аз рўи кластери 2 – ихтисосҳои иқтисодӣ ва географӣ

1

1-25010300

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

+

+

англисӣ ва русӣ

англисӣ

2

1-25010407

Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна

+

+

тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ

тоҷикӣ

3

1-25010804(12)

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар матлубот (савдо ва хўроки омма)

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

4

1-250107(18)

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ,  русӣ

5

1-40010202

Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

+

-

тоҷикӣ

-

6

1-27010116

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати сабук)

+

-

тоҷикӣ

-

7

1-25010403

Андоз ва андозбандӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

8

1-25010402

Кори бонкӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

9

1-96010100

Хадамоти гумрукӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

10

1-25011200

Информатикаи иқтисодӣ

+

+

тоҷикӣ

русӣ

11

1-25010900

Молшиносӣ ва муоинаи мол

+

+

тоҷикӣ

тоҷикӣ

12

1-25011004

Тиҷорат дар бозори берунӣ

+

+

тоҷикӣ

русӣ

13

1-260101

Идораи давлатӣ

+

+

тоҷикӣ

тоҷикӣ

14

1-26020200

Менеҷмент

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

15

1-260203

Маркетинг (дар бозори байналхалқии молу хадамот)

+

+

тоҷикӣ

тоҷикӣ

  Аз рўи кластери  4 – ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

1

1-24010300

Ҳуқуқи иқтисодӣ

+

+

тоҷикӣ ва русӣ

тоҷикӣ

2

1-24010104

Ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ

+

-

тоҷикӣ

-

    Дар ДИС ДДТТ 210 нафар омўзгорон, аз ҷумла 8 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 80 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 6 нафар магистрҳои илм фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омўзгорон дар гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ҳамаи машғулиятҳоро бо забони англисӣ мегузаронанд. Аз ҷумла дар ин гурўҳҳо устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин - Ян Сяоюй дарс медиҳанд.  
    Солҳои охир ДИС ДДТТ фаъолиятро дар соҳаҳои таълим, илм ва тарбия самаранок ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳои намоён ноил гардид:
    1. ДИС ДДТТ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ пурра шомил гаштааст, ба низоми кредитии таълим гузаштааст.
    2. Дар ДИС ДДТТ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисон барои бозори байналхалқӣ гурўҳҳои таълим бо забони англисӣ ба роҳ монда шудаанд. То ҳол 2 гурўҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ Донишкадаро хатм намуданд ва куллашон дар сатҳи байналмилалӣ бо ҷои корӣ таъмин шуданд. Алҳол, дар ДИС ДДТТ чунин гурўҳҳо 11 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо ( иқтисодӣ,  ҳуқукӣ,  риёзӣ,  гуманитарӣ ва ғайра) бо забони англисӣ омўзонида мешаванд.
    3. Пояи моддию техникии Донишкада дар сатҳи баланд қарор дорад. Айни замон дар ДИС ДДТТ зиёда аз 550 компютери ҳозиразамони бо шабакаи баландсуръати ИНТЕРНЕТ пайваст карда шудааст. Синфхонаи ИНТЕРНЕТ бо 50 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст. Дар Донишкада ду синфхонаи  лингафонӣ мавҷуд аст, ки бо 15 адади компютер, дастгоҳҳои шунавоӣ, видео-телетехникӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар китобхонаи муқаррарӣ зиёда аз 100 ҳазор китобҳои дарсӣ мавҷуданд. Китобхонаи электронии Донишкада дорои 30 компютери замонавӣ, бештар аз 50 ҳазор китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ дар намуди электронӣ мебошад. 17 синфхонаҳо бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, ҳамаи кафедраҳо бо проекторҳо ва нотбукҳо таҷҳизонида шудаанд, ки барои дар асосҳои инноватсионӣ гузаронидани машғулиятҳо имконият фароҳам меоваранд. Дар ҳамаи факултаҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, роҳравҳо, даромадгоҳҳои Донишкада камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
    4. Шабакаи автоматиконидаи идораи маъмурӣ ва назорати сифати таълим аз беҳтарин шабакаҳо дар байни донишгоҳҳои олии кишвар аст, ки он гардиши электронии ҳуҷҷатҳоро фароҳам меоварад. Ба ин шабака дар бораи ҳар як донишҷў (варақаи шахсӣ, натиҷаҳои имтиҳоноти қабул, иштирок дар машғулиятҳо, гирифтани холҳо ва амсоли инҳо) иттилоот ворид карда мешавад. Омўзгорон силлабусҳо, тестҳо ва дигар маводи таълимро ба шабака ворид намуда, журналҳои электрониро мунтазам пур менамоянд. Донишҷўён дар шабака тамоми маводи таълимиро дастрас карда метавонанд. Шабака ба ҳар як донишҷў сари вақт дар бораи давомоти таҳсили ў иттилоот медиҳад. Волидайни донишҷўён низ имкон доранд, ки ба воситаи шабакаи Интернет бо шабакаи дохилидонишкадавӣ пайваст гардида, бо раванди таҳсили фарзандонашон, яъне иштироки онҳо дар машғулиятҳо, дарсазхудкунӣ, баҳоҳои ҳаррўза, санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастиашон шинос шаванд.
    5. Дар ДИС ДДТТ ҳар як донишҷўй имконият дорад, ки 3-4 забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд аз худ намояд. барои дар сатҳи баланд омўзонидани забонҳои хориҷӣ шароитҳои зарурӣ мавҷуд мебошад. Дар Маркази таълими забонҳои хориҷӣ, ки бо 20 компютерҳо, тахтаи электронӣ ва мизи мудаввар ҷиҳозонида шудааст, омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ ташкил карда шудаст. Дар Маркази забон ва фарҳанги Хитоӣ омўзиши забони хитоӣ ба роҳ монда шудааст. Ин забонро хитоиро ба донишҷўён омўзгор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сяоюй ва магистр Рухшона Рустамзода меомўзонанд.
    6. Дар Маркази омўзиши соҳибкорон пайваста курсҳо оид ба азхудкунӣ ва тартиб додани бизнес-нақшаҳо, муҳосиботи 1С, технологияҳои муосири компютерӣ ва кор бо ҳукумати электронӣ, андозбандӣ, нархгузорӣ ва касбҳою малакаҳои оиладорӣ ташкил карда мешаванд.
    7. Донишкада дар рейтинги мактабҳои олии ҷумҳурӣ оид ба сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷўён дар ҷойи аввал қарор дорад. Сатҳи дониши донишҷўён сол то сол боло меравад. Дар се солҳои охир дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ» ДИС ДДТТ дар байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ  дар се ҷои аввал қарор дорад. Дар Олимпиада барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2014 чаҳор нафар донишҷўён сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардиданд. Ҳамчунин дар Олимпиадаи аз тарафи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, донишҷўёни Донишкада сазовори 2 ҷойҳои 1-ум, 1 ҷои 2-юм, 1 ҷои 4-ум ва 1 ифтихорнома гардиданд.
    8. Аз соли 2010 ДИС ДДТТ узви барномаи аврупоии ERASMUS MUNDUS мебошад. Ин имкон медиҳад, ки донишҷўён дар солҳои дуюм, сеюм ва чаҳоруми таҳсил дар давраҳои муайян дар донишгоҳҳои номдори Аврупо, инчунин дар доираи робитаҳои байналмилалии Донишкада дар донишгоҳҳои ИМА ва Осиё таълим гиранд, хатмкунандаҳо ва муаллимон таҳсилро дар магистратура идома диҳанд, таҳқиқоти докторӣ ва таҷрибаомўзиро дар хориҷи кишвар амалӣ намоянд.
    9. Дастаи Enaktus-и Донишкада борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод ғолиб омада, соли 2011 Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар давлати Малайзия баланд афрохта буд. Соли 2013 ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шуда, соҳиби роҳхат барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Канкуни давлати Мексика ва баромад дар созмони бонуфузтарини ҷаҳон – СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА гардид. Соли 2014 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард ва дар мусобиқаи байналмилалӣ муваффақ гашт.
    10. Дар Парки технологии таълимии «Дўхтани либосҳои замонавӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он курсҳои буррандагию дўзандагӣ омўзонида мешаванд. Инчунин, бо супориши мизоҷон либосҳои замонавӣ ва мактабӣ дўхта, талаботи рўзмарраи онҳо қонеъ гардонида мешавад.  Парки технологии «Гиёҳҳои дорувори вилояти Суғд» ва «Молия ва соҳибкорӣ» амал мекунанд.
    11. Дар майдончаи варзишии замонавӣ пайваста бозиҳои волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш амал мекунанд. Барои устодону донишҷўён толори варзиши замонавии Фитнес ба истифода дода шудааст, ки дар он 14 тренажер, 4 тенниси рўи миз ва дигар таҷҳизоти варзиш гузошта шудаанд.
    12. Биноҳои таълимии Донишкада (ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корию ёрирасон) дар давраи сармо бо тариқи марказонида шуда то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.

Дар феҳрести макотиби таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ки Маркази миллии тестӣ (ММТ) муқаррар кардааст, Донишкада бо  рамзи 211 ва навиштаҷоти ДИС ДДТТ сабт шудааст.

Барои машварат ба суроғаи донишкада: ш. Хуҷанд, кўчаи Ленин, 169,
тел: 6-03-21, 4-08-63, Факс (992 3422) 4-33-15, сомонаҳои: www.iet.tj
E-mail:  iet-tguc@mail.ru, муроҷиат намоед.
Марҳамат ба ДИС ДДТТ!

Сана: 2015-02-20

Азназаргузарониҳо: 996



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-