Ҳодисаи ваҳшатангез

Ҳодисаи ваҳшатангез

«Ифрогароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза ба зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифратгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди Қонун ҷавоб гўянд!»

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм ва окибатхои он.

Терроризм содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.

Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.

Ҳамлаи террористӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси марги 148 нафар гардид, дили мо омўзгоронро сахт ранҷуру озурда намуд.

16 - уми декабри соли равон ҷангчиёни Толибон ба як муассисаи таълимии шаҳри Пешовар ҳамла карданд, ки дар натиҷа 148 нафар, аз он ҷумла 132 кўдак ба қатл расонида шуд. Куштори ваҳшиёнаи 148 нафар муҳассилин дар Пешовари Покистон, ки қисми зиёди онҳоро кўдакон ташкил медиҳанд ва қатли 150 тан занону бонувон дар Ироқ густариш додани амалҳои террористию экстремистӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи мазкур ба шумор меравад.

Ба қатл расонидани 148 нафар аз ҷониби силоҳбадастон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон мусибати бузургест. Бо шунидани ин мусибат ба хотири ман беихтиёр тақдири фоҷиаи Накбатбору малолангези Валлоҷу Валка (Абдумалик Зуҳурӣ, Ҳақиқати Суғд 28.10.2014) омад.

Агар дар ин қиссаи ғамангез 2 – нафар шогирди бегуноҳ кушта шуда бошанд, шумораи фавтидагони Пешовар ба 148 нафар мерасад. Тибқи маълумот, имрўз зиёда аз 80 оила аз ҷумлаи шаҳрвандони минтақаҳои Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд.

Рафтори разилонаи ноҷавонмардони террористӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон барои гурўҳе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурўҳҳои

ситезагӣ пайвастанд сабақ гардад. Терроризм, тарафҳо ва гурўҳҳои ҳаракатҳои мамнўи ифрати моён, ташвишу нигарониҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро баҳри ҷавонон фароҳам оварда ва ҳамеша ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобат. Баҳри донишазхудкунӣ ва ҳамқадам намудани онҳо бо замони техникаву технология пайваста Президенти кишвар кўшиш доранд барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои ҷавонон шароит муҳайё намояд, ки берун аз мамолики худ таҳсил намуда, чаҳонро омўзад. Лекин ҷавононе ёфт мешаванд, ки баҳамаи ин ношукри намуда, тўъмаи ҳар гуна ҳаракатҳо шуда, ҳаёти худро дўзах табдил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки дарахти наврустаро ҳама метавонад ба ҳар тараф, ки хоҳад, хам намояд, зеро пояи он ҳоло устувор нест. Аз ин лиҳоз ҷавонон пеш аз ҳама ҳушёрию зиракиро аз даст надода, зудбоварона ба ҳар ақида боварӣ накунанд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рўзи Дониш дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (01.09.2014) таъкид намуданд: «Мо шоҳиди онем, ки имрўзҳо гўшаю канори оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ фаро гирифта, инсоният ба марҳилаҳои муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст. Бинобар ин, имрўз сокинони сайёра беш аз ҳар вақта ба сулҳу субот ниёз доранд.

Мо бори дигар иброз медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем.

Имрўз вазифаи ҳар яки мо омўзгорон аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест.»

Суханони ҳикматрези сарвари давлат бояд сармашқи фаъолияти ҳамарўзаи мо қарор ёбад.

Шоилҳом Ҳабибов – омўзгори ДИС ДДТТ

Сана: 2015-05-15

Азназаргузарониҳо: 3



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-