Ҳақиқати таърих ва Эмомали Раҳмон

Ҳақиқати таърих ва Эмомали Раҳмон

Файласуфи Юнони қадим Арасту гуфтааст: “Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат аз он болотар аст”

Ҳақиқати таърихӣ арзиши воло ва бебаҳотарин маҳсули ақлу хиради инсон аст. Эзиди бузугрофарандаи замину осмон ҳаёту зиндагӣ аз ибтидо ҳамчун гавҳари мазмуну моҳият ва мақсади ҳаёт, дар дилу тафаккури инсоният барои амали неку субот, танзиму созандагӣ ва кафолати амнияту озодии башарият ба он ҷои хосае додааст. Чунин хислату хусусиятҳоро офаридагор дар қатори сарварони ҷомеаи тамаддунфари демократӣ насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон гардонида аст.

Дар таърих сарнавишти ягон халқу миллат ба монанди сарнавишти тоҷикон чунин талху аламангез, пурфоҷиаву печ дар печ, пур аз тазодҳои мухталиф ва гоҳ осудаву устувор ва пур аз комёбиҳои беназир ва ифтихормандӣ набудагист, тохтутозҳои Қарохониҳову Ғазнавиён, Қарохитоиҳову Салчуқиён ва Хоразмшоҳиён, ҳуҷуми Чингизи қаттолу ғоратгар, давраи дурударози дилгиркунандаи сулолаи Манғитиёни манфур, ки тараққиёти Осиёи Миёнаро ба садҳо сол ақиб партофтанд, ба ҳеҷ кас пинҳон нест.

Оҷибат баъди зиёда аз 75 соли давраи сулҳу осоиш, дили пуру хотири ҷамъ ва комёбиҳои бемислу монанд дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ боз давраи таназзул, куштору хушунат ва парокандагии милливу сиёсӣ ва идеологӣ ба миён омад.

Мардум вобаста ба мақсаду маром ва сатҳи маданияти сиёсиашон ба майдону сангарҳо ҷудо шуда, хуни якдигар рехтанд, мамлакатро бӯҳрони азими ҳамагонӣ фаро гирифт.

Кулли арзишҳои беҳтарини умумибашарӣ дар зери ниқоби мубориза бар муқобили “коммунизм”, ки гӯё он аз суннатҳои мӯъмину мусалмонон набошанд, дар як фурсат, ғаразона аз байн рабуда шуданд.

Чӣ тавре, ки гуфт президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ “Роҳи раҳои аз бӯҳрони азими ҳамагонӣ” оварда аст: “Оё мо ҳақ дорем, аз чизҳое, ки гузаштагони мо, падару бобоёни мо, насли куҳансол андӯхтаанд, ба якборагӣ ва бидуни таҳаммул даст бикашем?”

Шикастану аз баурдани арзишҳои маънавии ниёгонамон, ки садсолаҳо чун оби ҳаёт, қатра ба қатра дар захираи олами ботинии инсонҳои сулҳпарвару тараққихоҳ захира мешуд, фазои халои идеологиро ба миён овард.

Тарбияи ахлоқӣ ва маънавии аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон хеле мушкил гардид. Ҳалли ин муаммоҳоро гузариш ба иқтисодиёти базоргонӣ, ки заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии он ба идеологияи гузашта мувофиқат намекард, аз ҳад сангин ва дастнорас менамуд.

Роҳи халосиро аз бӯҳрони идеологӣ ва қашшоқии маънавӣ сиёсати ҳукумати навтаъсиси ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқиқу таҳлил ва омӯзиши чуқуру ҳаматарафаи таъриху фарҳанги ниёгонамон, эҳёи суннатҳои миллӣ ва дар ин асос таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, эҳсосоти ватандӯстиву ватанпарварӣ дид.

Ин тадбири эҳёгару тақдирсоз марҳилаи наве дар таҳаввули ҳуввияти миллӣ, тафаккури таърихӣ ва раҳо ёфтан аз бӯҳрони шадиди мафкуравӣ буд.

Ба шарофати истиқлолият ва фаъолияти пурсамари илмиву маърифатпарварии президенти ҷумҳур, омезиши таърихи халқи тоҷик аз доираи касбӣ баромада, вазифаи умумихалқӣ гардид, мавқеъ ва нақши он дар радифи дигар фанҳои гуманитарӣ боло ва мустаҳкам шуд. Ба туфайли раиси ҷумҳур номи пуршараф ва хизмати бебаҳои арбоби давлатӣ, таърихнигори мумтоз, аллома Бобоҷон Ғафуров барои тоҷикон ва кулли форсизабонони дунё аз нав кушода шуд ва рамзи фарҳанги адолату ҳақиқат, садоқату инсондӯстӣ, фарханги баланди давлатдорӣ гардид.

“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров мазмуну моҳияти нав пайдо намуда аз назария ба амалия табдил ёфт.

Саҳифаҳои дурахшони он ҷилою тобиши нав пайдо намуда мактаби худшиносӣ, худогохӣ, ғурури миллӣ гардид.

1100-солагии давлати Сомониён, 90-солагии Бобоҷон Ғафуров, 2500-солагии Истаравшан ва 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, соли тамаддуни Ориёӣ, соли Имоми Аъзам, ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз ва ғайраҳо аз зумраи волотарин чорабиниҳоест дар мустаҳкам намудани зерибино ва ташаккули маънавиёти миллати соҳибтамаддуни тоҷик нақши ҳалкунанда бозидаанд. Қайд намудан зарур аст, ки дар ташкилоти Миллали муттаҳид собит ва тасдиқ гардонидани моҳияти миллӣ, таърихӣ ва умумиҷаҳонӣ доштани ин гуна чорабиниҳои раиси ҷумҳур рамзи олии садоқат ба халқу ватан, ҷасорату фидокорӣ, ақлу идроки баланд ва нишонаи обрӯю эътибори баланд сарвар ва пешвои миллат ва халқи Тоҷикистон дар арсаи байналхалкқ ва олитарин ташкилот дар ҷаҳон миллали мутаҳид мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал кафили амнияти давлат ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Гурезаҳои тоҷикро, ки яке аз таъзиқу зӯрии дастаҳои яроқноки мухолифин, дигаре аз тарсу ҳарос ва оқибати майдонбозиҳо тарки Ватан карда буданд, баргардонда, беҳтарии онҳоро таъмин намуд ва онҳое, ки ҷинояти вазнин содир накарда буданд, гуноҳашонро бахшид.

Ин падидаи таърихӣ ба хотири кас ҳамон иҷдом неки шоҳаншоҳи Ҳахоманишиён Куруши Кабирро ба хотир меорад, ки дар ибтидои ҷарни VI то милод нахустин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ “Декларатсияи ҳуқуқи инсон”-ро қабул намуда, асирони ҳарбиро озод намуда қавму тоифаҳои мухталифи империяро ба сулҳу салоҳ, рафоқату дӯсти даъват намуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз номи халқи тоҷик ба ҷаҳониён пешкашу пешниход ва баррасӣ намудани тамаддуни ориёӣ ҳамчун арзиши волои маънавии ниёгонамон кори саҳлу осон набуд. Зеро то он рӯзҳо дар таърихи башар тамаддуни ҷавму тоифахои ориёӣ фақат бо номи сулолаи Ҳахоманишихо марбут буду халос.

Ба замми он сотсиал-шовинистони олмонӣ дар солҳои 30-юми қарни гузашта ном ва рамзи ориёҳоро ба мақсади ғаразнок истифода бурда ном ва нишоти онхоро доғдор карда буданд. Ба асли хеш баргардонидан ва ба унвони халқи тоҷик аз нав номнавис карда шудани фарҳангу тамаддуни ниёгонамон ва нишон додани ҳиссаи бузурги онҳо дар ташаккули ориёнтаборамон, фарҳангу маданияти мардумони минтақа ва олам, хизмати бебаҳои ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар Тоҷикистони ҷангзада барқарор намудани сулҳу салоҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баромадан, роҳо ёфтан аз бӯҳрони ҳамагонӣ, аз гирдоби фалокату нас, ки бо кӯмаки душманони дуру наздик тайёр буд давлат ва миллати тоҷикро ба қаъри худ, фурӯ барад, кори сал набуд. Зиёда аз ин парча-парча гардидани Тоҷикистони

кӯчак, ки ибтидои онро баъзе фарзандони кӯтоҳандешаву курсипараст “демократҳои навбаромади Горбочёвӣ” ки халқи тоҷикро аз хоби гарон хезонда ба вартаи маҳалгароӣ ва миллатчигӣ экстримизми динӣ тела дода буданд, якпорчагии минтақавӣ ва миллии моро нигоҳ доштан аз сарварони нави Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол сатҳи баланди маданиятист, ақли солим ва эҳсоси баланди ватандӯстиро талаб мекард. Дар чун вазъи муташаниҷи сиёсӣ бархӯрди манфиатхои мамлакатҳои абарқудрати ки аз байн рабудани як давлатчаи кӯчаку навбунёд Тоҷикистон дар назди мақсади асосии онҳо - нест кардани давлати Шӯравӣ ва пароканда намудани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар асл гарави бехатарии нафақат мардумони сотсиалистӣ, балки кулли меҳнаткашони олам буд, арзиш надошт.

Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ чун кафолати сулҳу салоҳ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа, пойдории принсипҳои демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳамеша дар мадди назари президенти кишвар Эмомали Раҳмон аст.

Маҳз Эмомали Раҳмон бори нахуст моҳи апрели 2003 дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду моҳият ва тарзу усулҳои ташаккулу таҳкими ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамчун роҳи ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ намуда буд.

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавии пуршитоби ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми сайёра, бархӯрд ва муколамаи тамаддунҳо, хавфи суст гардидан ва аз байн рафтани арзишҳои миллӣ, ахлокӣ ва динии халқи кӯҳнабунёдашон ба чашм мерасад.

Мақомотҳои давлатӣ ба ташвиқу тарғиб ва ҳифзи забони давлатӣ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Ба ақидаи мо ҳоло на ҳама дарк намудаанд, ки биносози дар пайдевори бегонагон оянда надорад.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомали Раҳмон дар фаъолияти пурсамари пайгиронаи худ ғояҳои ягонагӣ, муттаҳидӣ, сарҷамъии миллату давлатро пеша намуда, дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 чунин менависанд: “Истиқлолияти давлатӣ, забон, модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёд халқамон васле мебошанд, ки моро ба сӯи ваҳдату ояндагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамо месозанд. Аз ин рӯ ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд”.

Ҳамаи ин талошу ҷонфидоиҳои президенти ҷумҳурӣ Эмомали Раҳмон барои эҳёи давлату ягонагии миллати тоҷик, барқарор ва рушду камоли иқтисодиёту фарҳанги он ин эҳсоси ҳақиқати таърихи буд, ки мо зиёиён аз он ғизои маънавӣгирифта, бояд ба халҷу ватани худ хизмати холисона кунем.

Сармуаллими кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ Авазматов Н.

Сана: 2015-05-15

Азназаргузарониҳо: 6



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-