Пешво ва рисолати ӯ дар ҷомеа

Пешво ва рисолати ӯ дар ҷомеа

Дар замони муосири зудмутағайир дар афкори ҷамъияти масъалаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки муҳокимаи онҳо ба тақдиру ояндаи давлат ва миллат вобаста мебошанд. Чунин ҳолат табиист, зеро  дар ҳар зинаи рушди ҷомеа вазифаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо дар раванди эҳтимолияти рушди ҷомеа аҳамияти ҳалкунандаро дорад. Бешакку шубҳа ҳар як шаҳрванди миллатдӯсту ватанпарвар тибқи дарку фаҳмиши худ дар ҳаллӣ масоили ба миён омада тибқи имкониятҳои худ баҳри рушду нумӯи ҷомеа  ҳиссагузор мегардад. Аммо саҳифаҳои муборизаҳои таърихӣ баҳри озодӣ ва соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки то он даме, ки ормонҳои сиёсӣ ташаккул наёбад ва муҳимтар аз он бе пешвои сиёсие, ки мардумро аз паси худ бурда, баҳри касб намудани он ормонҳо неруҳои зеҳниии ҷомеаро сарҷамъ намуда, ба онҳо роҳнамои нанамояд,  расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ  амри муҳол аст. Вобаста ба ин имрӯзҳо зарурияте ба миён омадааст, ки мо ба масъалаи кӣ будани пешво бори дигар назарандозӣ намоем.  Бо ин мақсад, мо ба якқатор асарҳои илмӣ, тафсирномаву луғатҳо рӯ овардем. Билохира дар луғатномаи Мухаммадхусайни Бурҳон “Бурҳони қотеъ” дарёфтем: “Пешво – саркарда ва пешрави мардумон бошад; ва ба арабӣ муқтадо ... гӯянд.” (Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Душанбе,1993, с.259.) Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷо вожаи “муқтадо” ба маънои аввал, сараввал ва пешбар омадааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, пешво он шахсест, ки равандҳои эҳтимолии рушди ҷомеаро нисбат ба дигарон амиқтар дарк намуда, онҳоро ба сӯи фатҳи қуллаҳои навӣ зиндагӣ аз паси худ бурда тавонад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар рӯзномаҳо ва сомонаҳои Интернет андешаҳо баён мегарданд, ки оё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пешвои тоҷикон номидан ҷоиз аст? Ба андешаи мо, имрӯз Эмомали Раҳмонро нафақат пешвои миллати тоҷик аст, балки пешвои тоҷикони ҷаҳон гӯем, хато намекунем. Зеро баъди ҳазорсолаҳои сукути давлати Сомониён, муборизаҳои шадидӣ мафкуравӣ, хусусан баъд аз Инқилоби Октябр,  имрӯз ҷаҳониён миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро маҳз дар натиҷаи сиёсати пеш гирифтаи ӯ, шинохтанд. Ҳеҷ шубҳае нест, ки ин пеш аз ҳама хизмати шоиста ва беҳамтои Президенти мамлакат, ҷанобли олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 
Мову шумо аз фарози қарни 21 бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии  мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, тавре Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, истиқлолияти давлати мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Аз мағз андар мағзи осори безаволи Одамушшуаро Рўдакиву Фирдавсӣ, ғазалҳои оламгири  Ҳофизу Саъдӣ,  ғазалҳои дар ғарибӣ сурудаи Камоли Хуҷандӣ,  фалсафаи Форобию Ибни Сино, Аҳмади Дониш руҳияи  истиқлолхоҳӣ меояд. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абўмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни  адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият  мебошад. Бо итминони комил гуфтан ҷоиз аст, ки муборизаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва баъд Президент Тоҷикистон баҳри сулҳу ваҳдати тоҷикон идомаи ҳамон муборизаҳо мебошад. Аз ин рў, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо,ки  тўли ҳазорсолаҳо идома меёфта,  дар ибтидои  асри ХХ дар фаъолияти иҷтимоиву сиёсии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомали Раҳмон шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Солҳои 90 – уми асри ХХ давлати тоҷик дар лаби ҷарӣ нестшавӣ қарор дошт, бадхоҳони миллат дар ибтидои соҳибистиқлолиамон   тавонистанд моро каме гумроҳ намоянд.  Барои мо, тоҷикистониён, мояи ифтихор аст, ки мақсади қувваҳои аҳримании миллаткушро бо тезӣ дарк намуда,дар як муддати кўтоҳ, аз ҷанги хонумонсўзи бародаркуш даст раҳо намуда, ба роҳи бунёдкориву созандагӣ қадам гузоштем. Дар ин ҷо хизматҳои фарзанди сарсупоридаи миллат, Раиси  ҳамон вақтаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти имрўзаи кишвар, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамто мебошад. Ў хастии худро ба тавозуни таърих гузошта, аз Хосдеҳи Афғонистон то ба Маскав масофаеро тай намуд, ки ин роҳи дар як вақт ҳам пурхатар, ва ҳам роҳи наҷоти точикистониён ба сулҳу осоиш ва Вахдати миллӣ буд. Маҳз сиёсати сулҳофарин ва  Ваҳдати милли Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол имконият дод, ки  дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳеро тай намояд, ки он шояд  ба садсолаҳо  баробар бошад. Илми таърих собит месозад, ки ягон халқу миллат нест, ки  гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, дар чунин муддати кўтоҳ аз он бурун омада, сиёсати сулҳофаринӣ ва бунёдкоронаро пеша карда бошад.   Барои исботи ин фикр ба мо дур рафтан зарур нест. Ҷанги хонумонсўзи Афғонистони ҳамсоя, вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар Ироқ, ҳодисаҳои сиёсие, ки моҳҳои охир дар як қатор давлатҳои Арабу Африқо ва Украина ба вуқуъ пайвастанд, исботи фикри боло мебошанд.
Дар ҳошияи андешарониҳо оид ба мафҳуми “пешвои миллат”  боз як далелро аз таърихи навини Тоҷикистон  қайд намудан  ҷоиз аст, ки худ аз пешвогии Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон далолат медиҳад. Мардуми  Суғдзамин бо ифтихор гуфта метавонанд, ки оғози сулҳу ваҳдати Тоҷикистон, махз дар ҳамин ҷой, аниқтараш аз қасри овозадори  Арбоб оғоз ёфтааст. Баъди интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ яке аз иштирокчиёни кўҳансоли Иҷлосияи ХУI – ум ба назди ў омада чунин гуфт: «Писарам! Умеди тамоми Тоҷикистон ба Шумост! Шуморо мо дар давраи мушкилу сарнавиштсоз роҳбари мамлакат интихоб намудем. Дили  ҳамаи мо гувоҳ бар он аст, ки пои қадами шумо файзбор меояд». Ва дар ҷавоб роҳбари ҷавон  гуфт: «Падар, як роҳ моро ба мурод мерасонад. Ин сулҳу салоҳ аст». Ва дар муроҷиати аввалинаш ба мардум гуфт: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва ў ин сулҳро ба халқи худ эҳдо намуд.
Ҳамин тариқ, сиёсати истиқлолхоҳона ва ноил гаштан  ба ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он пешвои тоҷикон, Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон меистод, ҷомаи амал пӯшида, рӯз аз рӯз густариш меёбад.   Миллати тоҷик бо чунин сарвари хирадманди худ метавонад аз имтиҳону мушкилот ва ихтилофотҳои замони пурталотуми сиёсӣ сарбаландона берун ояд. Як ҳақиқат мусаллам аст: то он даме, ки тоҷик чунин пешво дораду кайфияти ваҳдатхоҳӣ дорад ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишваре, ҳеҷ миллате  қудрати онро зери асорати худ қарор доданро надорад. Ин гуна миллат  ҳеҷ гоҳ, бе ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад. Мехостем ин  ақида на дар сатҳи шуури муқаррарӣ, балки дар сатҳи илмию назариявӣ ба таври амиқ аз ҷониби ҳар фард дарк ва талқин гардад: ниёзмандиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва баъзан ҳаёти маънавӣ зиёданд, вале  истиқлолу ваҳдат ҷаҳонбинии хеле фарох ва арзиши волост, бидуни он ҳалли он ниёзмандиҳову ормонҳо имконнопазир мебошанд. Ин амал хело зарур аст, зеро дар ҳақиқат ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ худшиносии миллӣ бе дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд. Маҳз бо ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша диққати куллӣ ҷомеа, хоса зиёиёнро ба проблемаи боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ҷалб менамояд. Ба ақидаи Сарвари давлатамон бояд раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шавад, зеро истиқлолият ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки агар ҳар яки мо онро дарк кунем. Ноил шудан ба ба сатҳи баланди худшиносии миллӣ, заҳмати фавқуллодаи зиёди зиёиёни миллатро  тақозо мекунад. 

Дар охир мехостем боз чанд нуктаро мухтасар баён намоям. Якум, хуб ба ёд дорем ҳангоми баргузории ҳамоиши ҷаҳонӣ, бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам Абу Ҳанифа як вакил аз минбар иброз дошт, ки посгузории гузашта, таъриху динро бояд аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯхт. Дуюм, гуфтан лозим аст, дар шароити фаровонии зиндагӣ ва эътидоли ҷомеа ба ҳайси роҳбар фаъолият намудан он қадар машаққат надорад. Вале дар шароити номувозантии ҷомеа, маҳдуд будани имконияти бархурд аз сарватҳо, роҳнамои миллат шудан бисёр сангин аст. Боиси ифтихор аст, ки Сардори давлати мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳонҳо бо сарбаланди гузаштааст. Зубдагони сиёсии ҷомеаи ҷаҳони дар шахсияти ӯ роҳнамои миллати тоҷикро эътироф намудаанд. Пас барои чӣ мо ӯро чунин пешвои миллати тоҷик ва куллӣ тоҷикистониён эътироф накунем. 

Аминов И.А  -  доктори илмҳои иқтисод,
профессор, ректори ДИС ДДТТ
Солиҷонов Р. - доктори   илмҳои  фалсафа

Сана: 2015-04-23

Азназаргузарониҳо: 4



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-