НОМИ НЕК АЗ НИЯТИ НЕК АСТ!

НОМИ НЕК АЗ НИЯТИ НЕК АСТ!

Вақте, ки мо ба номҳои инсонҳои гуногун назар меандозем, дар аксари ҳолат хислати шахсӣ ба номи гузошташуда ҳамоҳанг аст. Падару модарон ба ниятҳои нек фарзандони худро номгузорӣ мекунанд, то ки сазовори ҳамон ном гардад. Марди деҳқону коргари ҳалолкор бо ҳамроҳии зани ҳалиму меҳрубон ва хушрафтору накўкирдораш номи фарзанди хешро бо ниятҳои нек номгузорӣ намоянд, Худо хоҳад, нияти поки онҳо мустаҷоб мегардад. Падару модари Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ният номи фарзанди азизи худро Эмомалӣ гузоштаанд, то ки дар оянда шахси пешво гардида, ба мардум раҳнамоиву сарварӣ намоянд. Вожаи «Эмом» ин ҳамон калимаи «Имом» аст, ки мувофиқи забони тоҷикӣ гардидааст. Дар таърих ҳазрати Алӣ ҳамчун шахси пешво, роҳбари мусалмонон маъруф мебошанд. Яъне орзуву омоли волидайни Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он будааст, ки дар замони имрўза ҳамчун пешвои миллат гарданд ва ҳамаи тоҷикистониёнро дар зери парчами ваҳдат муттаҳид гардонад. Дар ҳақиқат ин амал ба вуқўъ пайваст, зеро замоне, ки тоҷикистониён дар ҳолати парокандагӣ қарор доштанду хатари аз байн рафтани миллат ба вуҷуд омада буд, ба сари давлати вайрона Эмомалӣ ҳамчун лидер омад ва ҳамаи тоҷикистониёнро ҳамчун пешво сарҷамъ гардонид ва сазовори номи пешвогиро лоиқ гардид. Мо аз он ифтихор мекунем, ки Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллатанд ва Тоҷикистони азизамонро аз ҳолати вайрона ба ҳолати ободу хуррамӣ оварда расониданд. Агар мо ба таърих назар андўзем, ҳолати мо аз ҳолати Сурияи имрўза ҳам бад буд. Маҳз тадбирҳои оқилонаву амалҳои пешвоёнаи Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки давлати вайрона боз барқарор карда шуд ва ҳамаи тоҷикистониён дар зери шиори ваҳдат сарҷамъ гардиданд. 
Имрўзҳо баъзе нафарон, ки аз онҳо ба ҷуз иғвову бадгўӣ ягон суде нест суханҳои бофтаву ноодилона мегўянд ва мехоҳанд, ки ваҳдати миллатро аз байн баранд ва бо ин роҳ бозичаи сиёсии кишварҳои ғарб кунанд. Аз ин рў, тоҷикистониён ба роҳбарии пешвои худ ҳама дар якҷоягӣ ба пеш қадам мезананд ва рўз то рўз ин кишвари азизро ободу хуррам мегардонанд. 

Фаррухҷон Камолов,
Устоди ДИС  ДДТТ   

Сана: 2015-04-23

Азназаргузарониҳо: 8



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-