ПЕШВО БУДАН КОРИ САҲЛ НЕСТ

ПЕШВО БУДАН КОРИ САҲЛ НЕСТ

Чанде муқаддам аз тариқи расонаҳои хабарии мамлакатамон пешниҳоди ҷолибе пахш гардид, ки дар ҷомеаи имрӯза ҷорӣ намудан ва ба расмият даровардани матлаби пешвои миллатро тақозо менамояд. Аллакай вобаста ба ин масъала сару садоҳои зиёд аз тариқи матбуоти чи ҳукуматӣ ва чи мустақил, билхосса, торномаҳои Интернет ба миён омаданд.
Агар як қавми ҷомеа ин пешниҳодро мусбат арзёбӣ намуда, онро бо исботу далелҳои солим ҷонибдорӣ карда бошад, иддае низ садо баланд намуданд, ки чунин матлаб гӯиё ба ҷомеаи демократӣ тавъам ва ё хос нест.
Албатта, хонандаи закӣ аллакай пай бурд, ки ин пешниҳод, як навъ, қадршиносиест марбут ба хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Президенти феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон.
Акнун, модоме ки ҳадаф маълум аст, мехоҳем, ба хонандаҳои нуктасанҷ исбот карда бошем, ки оё оянда як унвони расмии «пешвои миллат» ҳақиқати воқеӣ ва ҳуқуқӣ дорад, ё он, як навъ, усули тозаи қадрнамоии хидматҳои сарвари мамлакат дар радифи таъбирҳои «Ҷаноби Олӣ» ва «муҳтарам» ба шумор меравад.
Пас, оғоз мекунем аз он ки худи мафҳуми калимаи «пешво» чӣ маънӣ касб менамояд. Ин воҷа дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин маънидод шудааст:
«ПЕШВО – раҳнамо, сардор, муршид».
Ва дар зер байти маъруфе аз ҳазрати Низомӣ овардаанд:
Дар ин пеша чун пешвои навӣ,
Куҳанпешагонро макун пайравӣ.
Пас, мафҳуми ҳарсеи ин маъниро шарҳ медиҳем: а) раҳнамо – он кӣ роҳ нишон медиҳад, ҳидояткунанда, ҳодӣ, роҳбар; б) сардор – саркарда, сарвар; в) муршид – иршодкунанда, пир, шайх.
Маълум мешавад, ки ҳамаи ин маъниҳо хосият ва сифати инсонҳои заминӣ ҳастанд.
Акнун бармегардем ба сари баҳсҳои марбути мавзӯъ. Аслан пешниҳоди мазкур аз ҷониби академик Носир Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносиботи байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (2.04.2015) сурат гирифта, баъд дар торнигори интернетии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пахш шудааст.
Онҳо дар нигоришоташон пешниҳод кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон расман пешвои миллат эълом карда шавад. Эшон нақшу рисолати сарвари феълии Тоҷикистонро дар тӯли таърих маънидод намуда, ҳамрадифи Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммад барин пешвоёни муваффақи миллӣ донистаанд ва чунин таъкид намудаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳ аст. ЭмомалӣРаҳмон замонебасариқудрат омад, ки Тоҷикистонбаҷанги таҳмилии дохилӣгирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣтаҳдид мекард, мардумбапарокандагиву гуруснагиву нодорӣва ҷангу ҷидол рӯбарӯбуд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеадарасоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣмебошад”.
Минбаъд 9 апрели соли равон дар худи ҳамин ҳафтанома як гурӯҳ олимон ба ҳайсияти докторҳои илми фалсафа Бобоҷон Самиев ва Рамазон Назриев, номзадҳои илми фалсафа Ҳ. Зикров ва Р. Давлатов бо дастгирӣ аз ин матлаб низ пешниҳод намудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан аст.
Аммо, муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо чопи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ном матлаб ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардаанд.
Паҷӯҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо таъкид намудаанд, ки чунин як пешниҳод метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа садди ҷиддие ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқиро зери суол гузорад. “Зеро дар ҳеҷ як кишвари демократӣ, – таъкид намудаанд онҳо, – чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”. Чунин як ақидаро аз зумраи ҳуқуқшиносон Ойниҳол Бобоназарова, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷони Ҳаким низ ҷонибдорӣ карда, ба миён омадан ва дастгирӣ намудани пешниҳоди мазкурро хилофи ҷомеаи демократӣ номидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Носир Салимӣ ва Холмаҳмади Самеъ дар пешниҳоди хеш аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳ дар мамлакат ёдрас гардида, барномаҳои иқтисодии ӯ ва берун баровардани Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ бо барномаҳои "Пешомади 2020" дар Малайзия, "Роҳи нав"-и Рузвелт, "Ҷаҳиши бузург"-и Дэн Сяопин, "Барномаи саноатикунонии Сингапур"-и Ли Куан Ю шабеҳ донистаанд.
Вобаста ба ҳамин мо як нуктаро мисол оварданием. Ленинро барои он пешвои пролетарҳои ҷаҳон гуфтаанд, ки вай, воқеан, дар рӯи ҷаҳон давлати наве бо унвони шӯравӣ созмон дод. Дар замони шӯравӣ бошад, Тоҷикистон расман ҷумҳурӣ номида мешуду дар асл давлат надошт. Пас, дар айёми Истиқлолият маҳз бо кӯшишу ғайрат ва ибтикороти Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷикон арзи ҳастӣ намуд. Азбаски Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст, аксар манотиқи он аз ҳамдигар дур ва дастнорас ҳам буданд. Ва маҳз бо иқдомҳои Сарвари давлат аз даруни кӯҳҳо роҳ кушода, нақбҳо бунёд карда шуданд ва ҳамин тариқ ҷануб бо шимол, шарқ бо ғарб имкони равуои осон ва дастрас пайдо намуданд.
Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон аз байни сарони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ то имрӯз аввалин нафарест, ки рӯ ба асолати миллӣ оварда, дар радифи ташкили тадбирҳои зиёд ному насаби хешро миллӣ гардонд, ки барои чунин ибтикори беамсол ин шахсиятро метавон пешвои миллат хонд. Ва ин иқдом низ ба чӣ гуна муқовиматҳои дохиливу беруна дучор нагардид, вале маҳз шуҷоату ҷасорат ва истодагарии сарвар буд, ки ахиран миёни ақалияти руасову вузаро ва дигар зиёиён гироиш ба ному насаби миллӣ ба расмият даромад.
Мо, мардумон, табиати ба худ хос дорем: ба хидматҳои шахс ҳангоми зиндагиаш кам эътибор медиҳем, вале баъди ба абадият пайвастан чунон эъзоз мекунем, ки ҳатто ҳадду ҳудуд ҳам надорад.
Пас, биёед, ба хидматҳои шоиставу арзанда сари вақт баҳо доданро омӯзем, зеро, чуноне ки мегӯянд, пешво будан кори саҳл нест ба он на ҳар кас муваффақ шуда метавонад..

 

Абдулмаҷиди БОБОҶОНИЁН,
устоди ДИС ДДТТ

Сана: 2015-04-23

Азназаргузарониҳо: 5



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-