«Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт…»

Муносибатҳои дўстонаю тиҷоратии байни халқҳои тоҷик ва рус таърихи хеле қадима дорад, ки ин то замони ҳуҷуми Россияи подшоҳӣ ба Осиёи Миёна асрҳо давом кардааст.
Бо ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россияи подшоҳӣ ин муносибатҳо боз ҳам наздиктару мустаҳкамтар гардиданд.
Пас аз ғалабаи инқилоби  Октябр ва барпо шудани ҳукумати Шўравӣ дар ҳудуди собиқ Генерал губернатории Туркистон ва инчунин барпо гардидани Ҳукумати Шўравӣ дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрўза муносибатҳои байниҳамдигарии халқҳои тоҷику рус боз ҳам мустаҳкамтар гардида, бо ёрии халқи рус дар ҳаёти иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ даврае буд, ки дўстию бародарии халқҳои тоҷику русро аз имтиҳони ҷиддӣ гузаронид. Онҳо чун бародарони ҳамхун бар зидди фашизм истодагарӣ намуда, ғалабаи комил ба даст оварданд. Мардуми заҳматкаши тоҷик дар ақибгоҳ баҳри таъмини ғалаба ҳиссаи худро гузошт.
Имрўзҳо ҳам Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Федератсияи Россия ҳамчун давлатҳои мустақил дар асоси шартномаҳои байниҳамдигарӣ муносибатҳои бародаронаро ба роҳ мондаанд.
Мутаасифона воқеае, ки санаи 14 маи соли 2016 дар қабристони Хованск ба амал омад, боиси ташвишу изтироби мардуми тоҷик гардид. Дар сайтҳои интернетӣ оиди ин ҳодиса ахбори гуногун ва баҳодиҳии гуногун вуҷуд дорад. Аммо як чиз мусаллам аст, он муҳоҷироне, ки  дар ин қабристон ба кор машғул буданд, ба сари касе даст набардоштаанд, балки дигарон – он авбошҳое, ки аз назорати органҳои қудратии Россия берун мондаанд, ба онҳо ҳуҷум кардаанд.
Се нафар қурбоншудагони тоҷик ҳам аз он шахсоне мебошанд, ки худро мудофиа намудаанд. Имрўзҳо дар байни мардум овозаҳое паҳн шудааст, ки гўё аз тарафи баъзе вакилони Думаи давлатӣ ҷорӣ намудани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод шуда бошад.
Мо як гурўҳ собиқадорони меҳнат хоҳиши онро доштем, ки барои бехатарии муҳоҷирони тоҷик чораҳо андешида шаванд, пеши роҳи он ҳаргуна гурўҳҳои авбошие, ки дар Россия баъзан озодона фаъолият мебаранд, гирифта шаванд.
Он муаммоҳое, ки имрўз ҳоло ҳам муҳоҷирони тоҷик ба он рў ба рў мешаванд, аз байн бардошта шаванд ва он дар сатҳи ҳукуматӣ ҳалли худро ёбад. Бигзор дўстию бародарии халқи тоҷик ва рус халалнопазир боқӣ монад.

  Собиқадорони меҳнат:    Хонкелдиев М.
                                                Авазматов Н.
                                                устодони ДИС ДДТТ.

Сана: 2016-05-30

Азназаргузарониҳо: 4



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-