Нақши дин дар суботи ҷомеа

Азбаски вазъи имрӯзаи ҷомеа дар асоси омилҳои бисёрсамтаи инкишоф муайян мегардад, муайян намудани омилҳои умдаи ташкили ҳаёти осоиштаю ороми ҷомеа барои мардуми Тоҷикистон хеле зарур аст. Албатта чунин омилҳо зиёданд, вале дар сохтори ҳаёти маънавии ҷомеа омилҳое ҳастанд, ки нақши муайянкунанда доранд. Дар таркиби ҳаёти маънавии тоҷикон нақши дин мақеи хоса дорад. Афсӯс, ки афкори иҷтимоии мардуми мо бештар ба ин арзиш мутаваҷҷеҳ доранд. ба нишондоди таъмини роҳи ҳамвори расидани инсон ба неъматҳои дунёи дигар аст, вале бештари онҳо ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти заминӣ низ дахл дорад. Арзи вуҷуд намудани равияҳои номатлуб ба мисли бунёдгарои (фундаменализм) ва экстремизми динӣ аз ҷумлаи онҳост, ки назарияи рушди эҳтимолии рушди ҷомеаро ба миён овард. Зеро дар амалияи ҷомеасозии муосир камтар ба назар мерасад, ки мувофиқаи моделҳои пешниҳоднамудаи онҳо оид ба чигунагии дурнамои тарзи ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ бо ҳамдигар бидуни мушкилот ба даст омада бошад.
Зарурияти матраҳи ин масъала дар ҷомеаи мо низ эҳсос мешавад, зеро аксар маврид гуруҳҳои мазҳабӣ кӯшиши таҳмили моделҳои аз назари онҳо шоистаи суботи иҷтимоиро ба шуури муқаррарии наслҳои алоҳидаи кишварамон ба харҷ медиҳанд. Бинобар ҳамин ҳам баррасии масъалаи заминаи ҳамкориҳои давлату дин дар ҷомеи мо бояд марбут ба он бошад, ки то чӣ андоза фазои суботи иҷтимоии давлати дунявӣ метавонад муҳити муътадилро барои фаъолияти ниҳодҳои динӣ фароҳам орад ва доираи масъулияти ниҳодҳои динӣ аз таъмини ин субот аз чӣ иборат аст.
Вобаста бо ин масъала бояд таъкид кард, ки назарияҳо оид ба шакли ҳамкориҳои давлат ва дин эҷод гардида, он таҷассуми худро дар заминаи фаъолияти фарогирӣ маънавии башарият боқӣ гузоштааст. Дар пояи ин андешарониҳо ҳар ҷомеа имконияти дастрас намудани ҷавобро ба омили муайянкунандаи суботи ҳаёти ҷомеа, ҳудуди масъулияти инсон дар ин раванд ва то чӣ андоза ҳамкори давлат шудани динро дар ин раванд, ки ба такрор ҳар замон пеши руи ҳар як насл меоянд, тавонистааст то андозае пайдо намояд. Зарурияти ҳалли ин муаммо дар ҷомеаи имрузаи мо низ дарк мегардад, зеро аксар маврид гуруҳҳои мазҳабӣ кушиши таҳмили моделҳои аз назари онҳо шоистаи суботи иҷтимоиро ба зершуури наслҳои алоҳидаи кишварамон ба харҷ медиҳанд. Аз ин боис, қазовати ин масъала, яъне заминаи ҳамкориҳои давлату дин дар ҷомеи мо бояд вобаста ба он бошад, ки то чӣ андоза фазои суботи иҷтимоии давлати дунявӣ метавонад муҳити муътадилро барои фаъолияти ниҳодҳои динӣ фароҳам орад ва доираи масъулияти ниҳодҳои динӣ аз таъмини ин субот аз чӣ иборат аст.
Дар шароити кунунии мо низ яке аз масъалаҳои муҳими мадди назари ҷомеа қарордошта ин масъалаи чи тавр устувор нигоҳ доштани суботи сиёсӣ мебошад, ки он роҳи ҳалли якмаротибагии барои ҳамаи давру замон қобили пайравиро надорад. Бо мурури таѓйири шароитҳои объективию субъективии ҳаёти ҷамъиятӣ омилҳои таъйикунандаи суботи ҷомеа низ дигаргун мешаванд ва зарурияти ҷустуҷую дарки омилҳои нав меафзояд. Чунки талаботҳои одамон дигаргун мешаванд, аз ҷумла тасаввуротҳо дар бораи озодиҳои инсон ҳам вобаста ба рушди тафаккури инсон ва ҷаҳонфаҳмии ў низ таѓйир меёбанд. Ин ҳақиқати таърихӣ аст, ки борҳо дар таърих мушоҳида шудааст.
Вобаста ин паҳлуи масъала барои нишон додани афзалиятҳои амалияи имрузаи ҳамкории давлат ва дин дар масъалаи таъмини суботи иҷтимоӣ ҷалби нигоҳи таърихиро ба таҷрибаандўзиҳо дар ин масир муҳим меҳисобем. Агар ба ташаккули назарияҳо оид ба чигунагии ҳамгироии давлат ва дин аз ин мавқеъ назар андозем мебинем, ки дар ин маврид ҳам дар заминаи динҳо ва ҳам низомҳои сиёсӣ таърихан мавқеъгириҳои гуногун ба миён омадаанд. Мавқеъгириҳои таълимотҳои диниро дар робита бо чигунагии ҳамкорияшон бо низомҳои сиёсӣ мухтасар метавон дар намунаи зерин хулоса кард. Ин мавқеъгириҳо аз ҳамдигар тафовути назаррас доранд ва ин дар навбати худ таъсирашро ба муносибати тарафайни онҳо мегузорад. Дар масеҳият таъйинкунандаи вижагии ҳамкории дину давлат аз рӯи нақши маъмуле, ки маҳаки аз ҳамдигар ҷудо намудани сарҳадоти ҳокимияти дунявию руҳонӣ дониста мешавад, яъне Дар индуизм маҳаки ҷудосозии сарҳади ҳокимияти руҳонию дунявӣ аз вижагии сохтори иҷтимоӣ асос мегирад, ки дар он ваколати татбиқи ҳокимияти дунявӣ ба души намояндагони табақаи кшатраҳо ва ҳокимияти руҳонӣ ба души табақаи браҳманҳо вогузор гардидааст. Ислом ҳамеша аз руи принсипи ягонагии ин ду навъи ҳокимият пайравӣ мекард, ки ин аксар маврид омили эҷоди зиддият дар ҳамкории дин ва давлат мегардид.
Амалияи дар заминаи ҳамгироии низоми ҷамъиятӣ ва дин ҷустуҷу намудани суботи иҷтимоӣ ба ганҷинаи афкори иҷтимоии мо намунаҳои гуногуни онро ворид намудааст, ки омӯзишашон барои дарки паҳлуҳои гуногуни ин масъала дар замони муосир низ аз аҳамият холӣ нест. Омузиши тамсилаҳои марбут ба пойдории оромии ҷамъиятӣ дар афкори иҷтимоию динии мо нишон медиҳад, ки нусхабардорию пайравӣ аз тамсилаҳои пешниҳоднамудаи суботи иҷтимоии онҳо аз нигоҳи муосир мақсаднок нест. Ҳарчанд имрӯз чунин иғоя дар шуури муқаррарии баъзе аз одамон ва гурўҳҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мавҷуд аст. Хулосаи ин ғояҳзо аз он иборат аст, ки чӣ тавр ба инсоният аз намунаи олитарини тартибу суботи дар ҷамъият мавҷуд буда имконияти нусха бардоштан барои олами ҳаёти дунявияш фароҳам меояд.

Р. Солиҷонов - мудири кафедраи фанҳои
ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои
ДДТТ, доктори илмҳои фалсафа.

Сана: 2016-05-30

Азназаргузарониҳо: 7



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-