БА ДИҚҚАТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ!

БА ДИҚҚАТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ!

 ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
 ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ)
ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.
Ҳадафи асосии Донишкада амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои Миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад. Бо ин мақсад дар Донишкада тайёр намудани мутахассисон дар асоси ҳаматарафа омўзонидани 1) донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ; 2) сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ; 3) технологияҳои инноватсионии муосир; 4) на кам аз 3–4 забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ДИС ДДТТ 210 нафар омўзгорон, аз ҷумла 10 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 80 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 6 нафар магистрҳои илм фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо дар магистратура устодон аз донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷии дур даъват шудаанд.
Қабули магистрантон барои таҳсил дар ДИС ДДТТ аз рӯи ихтисосҳои зерин амалӣ мешавад:

Рамзи ихтисос

Номи ихтисос

1

1-25.01.04

Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна

2

1-25.01.03

Иқтисоди ҷаҳонӣ

3

1-25.01.08

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

4

1-25.01.07

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо

5

1-96.01.01

Хадамоти гумрук

6

1-26.02.02

Менеҷмент

7

1-40.01.02.02

Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

8

1-24.01.03

Ҳуқуқи иқтисодӣ

 

 

 

 

 

 

Мӯҳлати таҳсил дар магистратура 2 сол мебошад.

 БА ДОКТОРАНТУРАИ ДИС ДДТТ АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ХАТАКУНАНДАГОНИ МАГИСТРАТУРА, КИ ТАВСИЯНОМАИ КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИОНИИ ДАВЛАТИРО ДОРАНД, ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАНД

Қабули докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) барои таҳсил дар ДИС ДДТТ аз рӯи ихтисосҳои зерин амалӣ мешавад:

Рамзи ихтисос

Номи ихтисос

1

6D050600

Иқтисодиёт

2

6D050700

Менеҷмент

3

6D050900

Молия

4

6D051300

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

 

 

 

Таҳсил дар магистратура ва докторанутари ДИС ДДТТ ба Шумоён
имконият ва кафолатҳои зеринро медиҳад:

  1. Таҳсил бо низоми фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ – низоми кредитии таълим.
  2. Истифодабарӣ аз пояи моддӣ-техникии ба талаботи муосир ҷавобгӯ (компютерҳои фардӣ, доскаҳои электронӣ, шабакаи ИНТЕРНЕТ, проекторҳо ва ғайра). 
  3. Назорати ҳамавақтаи раванди таҳсили худ ва шинос намудани волидайн бо он дар реҷаи вақти воқеӣ тавассути  шабакаи автоматикунонидаи идораи маъмурӣ ва назорати сифати таълими донишкада.
  4. Дар сатҳи баланд омӯзиши 3–4 забонҳои хориҷӣ.
  5. Таҳсил дар курсҳо оид ба бизнес-нақшаҳо, муҳосиботи 1С, технологияҳои компютерӣ, ҳукумати электронӣ, андозбандӣ, нархгузорӣ, касбҳои буррандагию дўзандагӣ, тайёркунии дорувориҳо ва ғайра, ки дар Маркази соҳибкорӣ ва Паркҳои технологии донишкада – «Дўхтани либосҳои замонавӣ» ва «Гиёҳҳои дорувории вилояти Суғд» ташкил карда мешаванд.
  6. Дар давраҳои муайян (ним сол, як сол) идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ. ДИС ДДТТ узви барномаҳои ERASMUS MUNDUS ва TARGET II мебошад ва бо зиёда аз 120 донишгоҳҳои Аврупо, Осиё, ИМА ва кишварҳои ИДМ созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.
  7. Сазовор гаштан бо идрорпулиҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, раисони шаҳру ноҳияҳо, директори донишкада, грантҳои берунӣ ва дохилии кишвар ва ғайра.
  8. Мунтазам машғул шудан бо варзиш: волейбол, мини–футбол, баскетбол, теннис, фитнес ва дигар намудҳо. Дар толори фитнес 14 тренажёр, 4 тенниси рўи миз ва дигар таҷҳизоти варзишӣ мавҷуданд.
  9. Таҳсил дар синфхонаҳои бо технологияҳои инноватсионии муосир пурра таҷҳизонидашуда ва дар фасли зимистон бо таври мутамарказ бо ангишт гармшаванда.

 Барои машварат ба суроғаи донишкада: ш. Хуҷанд, кўчаи Ленин, 169; Шӯъбаи илм, магистратура, аспирантура ва докторантура; тел: 4-23-14, 4-08-63, факс (992 3422) 4-33-15, сомона: www.iet.tj
E-mail: iet-tguk@mail.ru муроҷиат намоед.Марҳамат ба ДИС ДДТТ!

Сана: 2016-05-06

Азназаргузарониҳо: 1



Коментариоҳо:

Назари худро бинависед!

Суммаи ин ададҳоро нависед:

Анонсҳо
ДИС ДДТТ қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
2017-02-24
Санаи 25.02.2016 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» баргузор мегардад
2017-02-22
Тартиби баррасии шикоятҳо барои Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҳуҷҷат оиди Баҳодиҳии лоиҳа...
2017-02-07
Макроэкономические перспективы развития - Сборник
2016-11-24
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ) ҚАБУЛИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНРО АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2016-05-06
Сомонаҳои маъмул
Эълонҳо



-