Имрӯз яке аз масъалаҳои асосии сиёсӣ ин хатари муосири терроризм ва ифротгароӣ буда, ҷомеаи башариро нигарон намудааст, ки ин ҳолат таҳдид ба амнияти ҷомеа аст.
Бояд ёдовар шуд, ки терроризм бо рангу ҷилваҳои нав пас аз сарнагун сохтани реҷаи авторитарии яке аз давлатҳои арабӣ — Ливия равшан аён шуд. Қурбониҳои инқилоби ливиягӣ, ки дар натиҷаи мудохилаи қувваҳои беруна амалӣ гардида буд ва бадтар ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд, оқибат ба ин давлат зарари иқтисодии калон расонид.
Бояд қайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи кишварҳо чун Сурия, Ироқ ва Ливия, бештари аъзоёни созмон ба номи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи «Давлати исломӣ» ба таври ошкору пинҳонӣ дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ низ маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, мутаассифона, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст. Солҳои охир «Давлати исломӣ» пайваста дар Афғонистон ва хатти сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он на танҳо шаҳрвандони дохилӣ, инчунин хориҷӣ низ мебошанд.
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар шаҳри Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд. Ҳамчунин, 19 январи соли равон, дар маркази шаҳри Кобул, тарабхонаи чинӣ, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд.
Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст.
Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябри соли 2025 аз хоки Афғонистон ба ду ноҳияи марзии Тоҷикистон ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд, ки дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд.
Бояд зикр кард, ки мақомоти «Толибон» баъди бозгашти дубора ба қудрат борҳо гуфтаанд, ки иҷозаи ҳамла аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро намедиҳанд. Аммо, давоми чор соли охир чанд маротиба аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла шуд.
Ҳулоса, нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад. Зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Бинобар ин, кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Мақсади масъалаи матраҳгардида дар он аст, ки мо — шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, масъулиятшинос бошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
М. АХМЕДОВ
устоди ДИС ДДТТ
